Сайидбурҳон Акбар

Хобидаро бедор карданд осон, аммо онки худро ба хоб зада бедор кардан сахт аст.

قال الله عز و جل:

فَإِنَّكَ لَا تُسْمِعُ الْمَوْتَى وَلَا تُسْمِعُ الصُّمَّ الدُّعَاءَ إِذَا وَلَّوْا مُدْبِرِینَ«52»وَمَا أَنْتَ بِهَادِ الْعُمْی عَنْ ضَلَالَتِهِمْ إِنْ تُسْمِعُ إِلَّا مَنْ یؤْمِنُ بِآیاتِنَا فَهُمْ مُسْلِمُونَ«53». سوره روم

« ту наметавони садои худро ба гуши мурдагон бирасонӣ ва на суханатро ба гуши карон ҳангоме ки рӯй баргардонанд ва дур шаванд«52» ва (низ) наметавони нобиноёнро аз гумроҳияшон ҳидоят кунӣ; ту танҳо суханатро ба гуши касоне мерасони, ки имон ба оёти мо меоваранд ва дар баробари Ҳақ таслиманд«53».

Суннати Илоҳӣ бар он аст, ки инсонҳоро бо асбобу оёти равшан ба сӯи ҳақ ва саодат роҳнамоӣ мекунад ва он вақт ҳар нафсро ихтиёри ихтиёр медиҳад.

Он зоти пок фармудааст:

َلا إِكْرَاهَ فِی الدِّینِ قَدْ تَبَینَ الرُّشْدُ مِنَ الْغَی فَمَنْ یكْفُرْ بِالطَّاغُوتِ وَیؤْمِنْ بِاللَّهِ فَقَدِ اسْتَمْسَكَ بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقَى لَا انْفِصَامَ لَهَا وَاللَّهُ سَمِیعٌ عَلِیمٌ

سوره بقره/256

дар қабули дин, иҷборе нест.(зеро) роҳ дуруст аз роҳи гумроҳӣ, равшан шудааст. Бинобарин касе ки «ба тоғут(бут ва Шайтон ва ҳар мавҷуди туғёнгар) кофир шавад ва ба Худо имон оварад, ба дастгираи устуворе чанг задааст, ки ҷудоӣ аз он нест ва Худованд шунаво ва доно аст».

Бар ҳамин асос аст, ки анбиёи Илоҳӣ дар роҳи анҷоми вазифаи илоҳие, ки доранд, ҳеҷ касро маҷбур ба пазириши дин накардаанд ва балки Худои Мутаол дар ояти Қуръон Расули раҳматро аз ин огоҳӣ медиҳад, ки агар касе кур аст (ҳақро намебинад – намехоҳад ҳақро бибинад( ва ё марде аст, ки наметавонӣ сухани худро ба гушаш бирасонӣ, чун ӯ худ ба ту пушт кардааст ва гушу чашмашро бар ҳақ баста аст.

Дар таърих афроде будаанд, ки гуши худро мебастанд то ҳақро нашунаванд ва фиреби ҳақро нахуранд!

Бале ҳамон зоте, ки холиқи ҳастӣ аст ва ҳидояти ҳамаи бандагонашро хостааст ва бо ҳазорон паёмбару васӣ ва авлиёи муқаррабаш ин хостаашро амалӣ намуда, бани одамро озод гузоштааст ва ақлро барои фаҳму дарки ҳақ ва ҳақиқат дар зоти инсон гузошта аст. Яке аз он барои ҳадафу хостаҳои нафсонӣ ва яке барои рушду пешрафти моддӣ ва маънавӣ ва барои саодат дар дунё ва охират истифода мекунад.

Худое, ки ҳазорон набиро маъмури ҳидоят ва тарбияти башар намуд, тағйиру таҳавул ва касби саодат ё шақоват ва батбахтиро дар ихтиёри ҳар шахс ва ҷомеа қарор дод ва фармуд:

... إِنَّ اللَّهَ لَا یغَیرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى یغَیرُوا مَا بِأَنْفُسِهِمْ...سوره رعد/11

«Худованд сарнавишти ҳеҷ, қавме(миллате)ро тағйир намедиҳад магар онки онон ончиро дар худашон аст тағйир диҳанд».

Ҳар нафар ва ҳар хонавода ва ҳар қабила ва ҳар ҷомеа ва ҳар миллат ва ҳар сарзамину диёре тағйиру таҳаввул ва ҳаракату рушд нахоҳад кард, магар инки худ бихоҳад. Хостани ин гурӯҳ то гушу чашмашонро бо ихтиёр боз накунад ва сухани ҳақро аз ҳақгӯён нашунавад ба самар нахоҳад нишаст.

Умеди он дорем, ки ҳамеша гушу чашм ва дилу виҷдон ва ақлу хирадамонро омодаи пазириши ҳақ карда бошем ва ихтиёри худро хосту ризои ҳазрати ҳақ ихтиёр намеоем.

Поянда ва сарфароз бошед


@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст