Худованд дар ояти 186 сураи муборакаи Бақара Худованд ҳафт мартаба ба зоти поки худ ишора карда ва ҳафт бор ба бандагон! Ва аз ин роҳ ниҳоят пайвастаги ва қурб ва муҳаббати худро нисбат ба онон муҷассам сохта аст!

Абдуллоҳ ибни Санон мегуяд аз имом Содиқ(а) шунидам, ки фармуд: Зиёд дуо кунед зеро дуо калиди бахшиши Худованд ва василаи расидан ба ҳар ҳоҷат аст, неъматҳо ва раҳматҳое назди Парвардигор аст ки ҷуз бо дуо наметавон ба он расид! Ва бидон ҳар дарро ки бикуби оқибат гушуда хоҳад шуд.

Бале ӯ ба мо наздик аст, чигуна мумкин аст аз мо дур бошад дар ҳоле ки миёни мо ва қалби мо ҷои ӯст. Худованд дар ин замина мефармояд:

وَ اعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ یَحُولُ بَیْنَ الْمَرْءِ وَ قَلْبِهِ)

وَ إِذا سَأَلَكَ عِبادِی عَنِّی فَإِنِّی قَرِیبٌ أُجِیبُ دَعْوَةَ الدَّاعِ إِذا دَعانِ فَلْیَسْتَجِیبُوا لِی وَ لْیُۆْمِنُوا بِی لَعَلَّهُمْ یَرْشُدُونَ

Ва ҳар гоҳ бандагонам аз ту дар бораи ман бипурсанд (бигу) ҳамоно ман наздикам дуои ниёишгарро он гоҳ ки маро мехонад посух мегуям. Пас бояд даъвати маро бипазиранд ва ба ман имон оваранд, бошад ки ба рушд расанд.

Силоҳе ба номи дуо ва ниёиш

Аз онҷо ки яке аз васоили иртиботи бандагон бо Худо масъалаи дуо ва ниёиш аст, ба дунболи зикри бахши муҳим аз аҳкоми ислом дар оёти гузашта ояти мавриди баҳс аз он сухан мегуяд ва бо қарор гирифтани он дар миёни оёти марбут ба рӯза мафҳуми тозае ба он мебахшад, чаро ки руҳи ҳар ибодате қурб ба Худо ва розу ниёз бо ӯст.

Бархе афрод аз Расули Худо(с) мепурсиданд: Худоро чигуна бихонем? Оё Худо ба мо наздик аст ки ӯро оҳиста бихонем ва ё инки дур аст ки бо фарёд бихоем?! Ин оят дар ҷавоби онон нозил шуд.

Дуокунанда, он чунон мавриди муҳаббати Парвардигор қарор дорад ки дар ин оят, ҳафт мартаба Худованд таъбири худамро барои лутф ба ӯ ба кор бурда аст: Агар бандагони худам дар бораи худам пурсиданд, ба онон бигу: Ман худам ба онон наздик ҳастам ва ҳаргоҳ худамро бихонанд, худам дуоҳои ононро мустаҷоб мекунам, пас ба худам имон биёваранд ва даъвати худамро иҷобат кунанд. Ин иртиботи муҳаббатомез дар сурате аст ки инсон бихоҳад бо Худованд муноҷот кунад.

Дуо кардан, ҳамроҳу ҳамранг шудан бо кулли ҳасти аст. Тибқи оёти Қуръон, тамоми ҳасти дар тасбеҳу қунут ҳастанд. كُلٌّ لَهُ قانِتُونَ

Касе ки хуроки ҳаром бихурад, ё амри ба маъруф ва наҳй аз мункар накунад ва ё аз сари ғафлат ва беэътинои дуо кунад, дуояш мустаҷоб намегардад.

Ва тамоми мавҷудот ба даргоҳи ӯ изҳори ниёз доранд یَسْئَلُهُ مَنْ فِی السَّماواتِ وَ الْأَرْضِ»  пас мо низ аз ӯ дархост кунем то васлаи ноҳамгуни ҳасти набошем.


Қуръон дар бораи дуо суфоришоте дорад, аз он ҷумла:

1.Дуо ва дархост бояд холисона бошад. «فَادْعُوا اللَّهَ مُخْلِصِینَ لَهُ الدِّینَ»

2.Бо тарс ва умед ҳамроҳ бошад. «وَ ادْعُوهُ خَوْفاً وَ طَمَعاً»

3.Бо ишқу рағбату тарс ҳамроҳ бошад. «یَدْعُونَنا رَغَباً وَ رَهَباً»

4.Бо тазарруъ ва дар пинҳони сурат бигирад. ادْعُوا رَبَّكُمْ تَضَرُّعاً وَ خُفْیَةً

5.Бо нидоу хондани махфи ҳамроҳ бошад. إِذْ نادى‏ رَبَّهُ نِداءً خَفِیًّا

 

Савол: Чаро гоҳе дуои мо мустаҷоб намешавад?

Ҷавоб:

Ба иҷобат нарасидани дуои мо ба хотири ширк ва ҷаҳли мост.

Дар тафсири Алмизон мехонем, ки Худованд дар ин оят мефармояд: «أُجِیبُ دَعْوَةَ الدَّاعِ إِذا دَعانِ худам иҷобат мекунам дуокунандаеро ки фақат маро бихонад ва бо ихлоси тамом, аз ман талаби хайр кунад.

Пас агар дуо мустаҷоб нашуд, ё ба ҷиҳати он аст ки мо аз Худованд хайре нахостаем ва дар воқеъ барои мо шарр буда ва ё агар воқеан хайр буда , холисаона ва содиқона аз Худованд дархост накардае ва ҳамроҳ бо истимдод аз ғайр буда аст ва ё инки истиҷобати дархости мо, ба маслиҳати мо набошад ки ба фармудаи ривоёт, дар ин сурат ба ҷои он балое аз мо дур мешавад ва ё барои ояндаи мо ё насли мо захира мешавад ва ё дар охират ҷуброн мегардад.

Дар ҳадисе мехонем: Дуои бекор мустаҷоб намешавад.

Шояд қарор гирифтани оятидуо дар миёни оёти рӯза ба хотири таносуби бештаре аст ки моҳи Худо бо дуо дорад.


Савол: Бо инки корҳои Худованд қонунманд ва бар асоси авомил ва суннатҳои собит аст, пас дуо чи нақше дорад?

Ҷавоб:

Инсони дуокунанда бо инсони ғофил аз Худо мутафовит ҳастанд ва суннати Худованд лутф ба аввали аст, не дуввуми. Бале, дуо ва гуфтугу бо Худованд, зарфияти инсонро барои дарёфти лутфҳои илоҳӣ бештар мекунад. Ҳамонгуна ки тавассул ва зиёратҳои авлиёи Худо, шароитро дигаргун мекунад. Чунонки агар кудаке ҳамроҳи падар ба меҳмони равад, дарёфти муҳаббаташ беш аз он хоҳад буд ки танҳо биравад.

Бинобар ин дуо, зиёрати Паёмбари Акрам(с) ва авлиёи Худо, сабаби тағири шароит аст, не барҳам задани суннатҳои қатъи илоҳӣ.

Паёмҳои оят:

1.Дуо дар ҳар ҷо ва дар ҳар вақт ки бошад, муфид аст. чун Худованд мефармояд: Ман наздик ҳастам. «فَإِنِّی قَرِیبٌ

2.Худованд ба мо наздик аст, вале мо читавр? «فَإِنِّی قَرِیبٌ

3.Истиҷобаи Худованд доими аст, на фасли. أُجِیبُ» нишонаи давом аст.

4.Бо онки Худо ҳама чизро медонад, аммо дуо кардан вазифаи мост. فَلْیَسْتَجِیبُوا لِی»

5.Дуо онгоҳ ба иҷобат мерасад ки ҳамроҳ бо имон бошад. وَ لْیُۆْمِنُوا بِی

6.Дуо, василаи рушд ва ҳидоят аст. لَعَلَّهُمْ یَرْشُدُونَ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст