Ҳарҷо фурутани мо сабаби хори ва зиллати мо ва сӯи истифодаи дигарон шавад ва ҳар коре, ки ин паёмади манфиро дошта бошад назири тамаллуқгӯи ва тамаъварзи мамнуъ аст; зеро обрӯ, шахсият ва иззати муъмин, ҳаққи илоҳӣ аст, на дар дасти худи инсон ки ҳамин таври ҳар тавре ки хост харҷаш кунад.
Тавозуъ, яке аз мавзуоти илми ахлоқи исломи аст, ки бештар хислатҳои писандида аз ин сармояи бузург сарчашма мегиранд. Дар ин бора дар китоби Меъроҷ ус саода чунин гуфта шуда аст:
“Тавозуъ, иборат аст аз шикаста нафсӣ, ки нагузорад одами худро болотар аз дигаре бубинад ва лозимаи он, рафтору гуфторе аст, ки далолат бар эҳтироми дигарон мекунад.
Ин фазилати ахлоқи монанди дигар сифатҳои ахлоқӣ, дорои ифроту тафрит ва ҳадди миёна аст. Ҳадди ифрот, такаббур ва ҳадди тафрит, пазириши зиллат ва пасти ва ҳадди миёнаи он тавозуъ аст. Ончи ситоиш шуда аст ва фазилат маҳсуб мешавад, ҳамон кучаки кардан бидуни пазириши зиллат ва пасти аст.
Ҳар ҷо фурутани мо сабаби хори ва зиллати мо ва сӯи истифодаи дигарон шавад ва ҳар коре ки ин паёмади манфиро дошта бошад назири тамаллуқгуи ва тамаъварзи мамнуъ аст; зеро обрӯ, шахсият ва иззати муъмин, ҳаққи илоҳӣ аст, на дар дасти худи инсон ки ҳамин таври ҳар тавре ки хост харҷаш кунад.
Дар тавозуъ, мақсад ризои Худо ва худсози ва мубориза бо ҳавои нафс аст ва ҳадду марзе дорад. Ҳар ҷо меъёр ки ризои ҳаққ таоло аст, арзиши тавозуъ низ дигаргун мегардад ва тавозуъ мамнуъ мешавад, мисли:
Тавозуъ дар баробари мутакаббирон, ки ба ду ҷиҳат раво нест: Яке инки сабаби таҳқир ва зиллати худи инсон аст ва касе ҳаққ надорад шахсият ва каромати худро дар пои бут, пул, мақом ва мутакаббирон қурбони кунад ва пасти, хори ва зиллат бипазирад. Дигар онки фурутани мо мавҷиби афзоиши руҳияи такаббур ва гумроҳи мутакаббир мешавад.
Изҳори аҷз пеши ситамгар зи аблаҳи аст
Ашки кабобу мавҷиби туғёни оташ аст.
Инҷо бояд такаббур кард то ӯ огоҳ ва ислоҳ шавад. Аз ин рӯ, Паёмбари Худо(с) мефармояд: Ҳаргоҳ мутавозеони уммати маро дидед, дар баробарашон фурутани намоед ва ҳаргоҳ бо мутакаббирон рӯ ба рӯ шудед, дар баробарашон такаббур кунед ки ин рафтори шумо боиси хори ва кучаки онон хоҳад шуд.[1]
Се чиз аст, ки Худованд ба сабаби онҳо ҷуз бар хайр ва хуби намеафзояд: Тавозуъ ки Худованд ба сабаби он ҷуз баланд мартабаги намеафзояд, шикаста нафси ки Худованд ба сабаби он ҷуз иззат намеафзояд ва мунооти табъ ки Худованд ба сабаби он ҷуз бениёзи намеафзояд.
Имом Содиқ(а) мефармояд:
إنَّ اللهَ فَوَّضَ إلیَ الْمُۆمِنِ أمْرَهُ كُلَّهُ وَ لَمْ یُفَوِّضْ إِلَیْهِ أَنْ یَكُونَ ذَلِیلاً[2]
Ҳамчуин тамаллуқ ва чоплуси, ҷилвае аз зиллати нафс ва мазмум аст. Набояд тавозуъ, ранги тамаллуқ бигирад.
Нишонаҳои одами мутавозеъ:
Виқор ва оромиш дар роҳ рафтан, нишоае аз тавозуъ
Фурутани сифати бо арзиш аст, ки аз ботини пок ва беолоиш сарчашма мегирад ва нишонаҳои он дар рафтори инсон ҷилва мекунад ва бо таваҷҷуҳ ба рафтори афрод, метавон руҳияи такаббур ё тавозуашоро ташхи дод. Қуръони Карим дар ин бора мефармояд:
وَ عِبادُ الرَّحْمنِ الَّذینَ یَمْشُونَ عَلَی اْلأَرْضِ هَوْنًا وَ إِذا خاطَبَهُمُ الْجاهِلُونَ قالُوا سَلامًا[3]
“Бандагони Худованди Раҳмон касоне ҳастанд, ки ором ва бе такаббур бар замин роҳ мераванд ва ҳангоме ки ҷоҳилон онҳоро мухотаб созанд, ба онҳо салом мегуянд ва бо беэътинои ва бузургвори мегузаранд.”
Тавозуъ ва салом
Яке аз нишонаҳои фарди фурутан, оғоз ба салом кардан аст. Дар нахустин лаҳзаи дидорамон бо якдигар бо гуфтани саломе ҳамроҳ бо табассуме матин ва пур меҳр, фосилаҳоро аз миён бар медорем. Дар ҳоли гуфтани салом, бо хоҳишиҳои даруни ва ҳавоҳои анфсонии хеш мубориза мекунем ва бар хилофи ҳисси худхоҳи, худро ба зевари хушуъ меороем.
Тарки муҷоидал, аз рӯи тавозуъ
Яке аз нишонаҳои фурутани, тарки баҳсу ҷадал аст. Агар ҳадаф аз муҷодила, душмани ва изҳори фахру камол бошад, дар мутуни дини аз он наҳй шуда аст. Ин гуна даргириҳо, асори нохушоянде дар бар доранд. Яке аз онҳо, дар маърази хатар қарор гирифтани обрӯи инсон аст.
Тавозуъ, иборат аст аз шикаста нафсие, ки нагузорад одами худро болотар аз дигар бубинад ва лозимаи он, рафтору гуфтор аст ки далолат бар эҳтироми дигарон мекунад.
Арзиши тавозуъ дар ривоёт
Расули Худо(с) фармуд:
ثَلاثَةٌ لایَزیدُ اللّه بِهِنَّ إِلاّ خَیرا: اَلتَّواضُعُ لایَزیدُ اللّه بِهِ إِلاَّ ارتِفاعا وَذُلُّ النَّفسِ لایَزیدُ اللّه بِهِ إِلاّ عِزّا وَالتَّعَفُّفُ لایَزیدُ اللّه بِهِ إِلاّغِنَىً[4]
“Се чиз аст, ки Худованд ба сабаби онҳо ҷуз бар хайру хуби намеафзояд: Тавозуъ ки Худованд ба сабаби он ҷуз баланд мартабаги намеафзояд, шикаста нафси ки Худованд ба сабаби он ҷуз иззат намеафзояд ва мунооти табъ ки Худованд ба сабаи он ҷуз бениёзи намеафзояд.”
Ҳазрати Алӣ(к) фармуд: أَشرَفُ الخَلائِقِ التَّواضُعُ وَالحِلمُ وَلینُ الجانِبِ[5]
“Шарифтарини ахлоқ, тавозуъ, бурдбори ва нармхӯи аст.”
Имом Содиқ(а) фармуд:
إِنَّ فِى السَّماءِ مَلَكَینِ مُوَكَّلَینِ بِالعِبادِ، فَمَن تَواضَعَ لِلّهِ رَفَعاهُ وَمَن تَكَبَّرَ وَضَعاهُ[6]
“Дар осмон ду фаришта бар бандагон гумошта шудаанд пас ҳар кас барои Худо тавозуъ кунад, ӯро боло баранд ва ҳар кас такаббур варзад ӯро пас гардонанд.”
1] Муҳаҷҷатул байзо, ҷ 6, саҳ 222; Ҷомеуссодот, ҷ 1, саҳ 363.
[2] Биҳор, ҷ 67, саҳ 72.
[3] Сураи Фурқон, ояти 63.
[4] Биҳор, ҷ 75, саҳ 124.
[5] Ғурарул ҳикам, ҷ2, саҳ 442.
[6] Кофӣ, ҷ 2, саҳ 122.