چاپ


Ҳар чизе дар ин олам як силсила одоби махсуси ба худ дорад. Дуо низ аз ин амри кулли мустасно нест, аммо одоби дуо бархе зоҳирианд ва бархе ботини.
Дар одоби ботини, ғолибан ин савол барои бештаре аз мардум матраҳ аст ки дар айни инки Худованд, макон ва маҳалле надорад чаро ҳангоми дуо кардан чашм ба осмон медузем? Ва даст ба сӯи осмон баланд мекунем? Магар Худованд дар осмонҳо аст ки мо даст ба осмон баланд мекунем?
Дар ҷавоб ба ин савол бояд донист:
Ин савол дар савдри ислом низ матраҳ буда аст, Ҳишом ибни Ҳакам мегуяд:
«قال السائل: فما الفرق بین أن ترفعوا أیدیكم إلى السماء وبین أن تخفضوها نحو الارض: قال أبو عبد الله علیه السلام: ذلك فی علمه وإحاطته وقدرته سواء، ولكنه عز و جل أمر أولیاءه وعباده برفع أیدیهم إلى السماء نحو العرش لانه جعله معدن الرزق فثبتنا ما ثبته القرآن والاخبار عن الرسول صلى الله علیه وآله حین قال: ارفعوا أیدیكم إلى الله عزوجل».
Шахсе ки мункири Худо буд хидмати имом Содиқ(а) омад ва аз ояти «الرّحمنُ عَلَى الْعَرشِ اسْتَوى‏» савол кард.
Имом Содиқ(а) зимни тавзеҳ фармуд: Худованди Мутаол, ниёз ба ҳеҷ маконе ва ҳеҷ махлуқе надорад, балки тамоми махлуқот муҳтоҷи ӯ ҳастанд.
Саволкунанда арз кард: Пас тафовуте надорад ки (ба ҳангоми дуо) даст ба сӯи осмон баланд кунед ё ба сӯи замин поин биёваред?!
Имом(а) фармуд: Ин мавзӯъ, дар илм ва иҳота ва қудрати Худо яксон аст (ва ҳеҷ тавофут намекунад) вале Худованди Мутаол дустон ва бандагонашро дастур дода ки дастҳои худро ба сӯи осмон, ба тарафи арш бардоранд, чаро ки маъдани ризқ онҷост, мо ончиро Қуръон ва ахбори Расули Худо(с) исбот кард аст, баён мекунем, онҷо ки фармуд: “Дастҳои худро ба сӯи Худованди Мутаол бардоред.”
Дар ҳадиси диграе аз ҳазрати Алӣ(к) дар китоби Хисол омада аст:
: «اذا فَرِغَ احَدُكُمْ مِنَ الصَّلوةِ فَلْیَرْفَعْ یَدَیْهِ الَى السَّماءِ، وَ لِیَنْصَبَّ فى الدُّعاء»:  
“Ҳангоме ки яке аз шумо намозро поён медиҳад даст ба сӯи осмон бардорад ва машғули дуо шавад.”
Марде арз кард: Эй Амиралмуъминини! Магар Худованд ҳама ҷо нест?
Фармуд: Бале ҳама ҷо ҳаст.
Арз кард: Пас чаро бандагон даст ба осмон бармедоранд?
Фармуд: Оё (дар Қуръон) нахондаи: وَفى السَّماءِ رِزْقُكُمْ وَ ما تُوْعَدُوْن َ дар осмон ризқи шумо аст ва ончи ба шумо ваъда дода мешавад.» пас аз куҷо инсон рӯзиро биталабад ҷуз аз маҳаллаш, маҳалли ризқу ваъдаи илоҳӣ осмон аст.
Тибқи ин ривоят чун бештарин ризқҳои инсонҳо аз осмон аст (борон, зиндакунандаи заминҳои мурда аз осмон меборад, нури офтоб ки манбаи ҳаёту зиндаги аст аз сӯи осмон метобад, ҳаво севвумин омили муҳими ҳаёт дар осмон аст) осмон ба унвони маъдане аз баракатҳо ва ризқҳои илоҳӣ муаррифи шуда аст ва ба ҳангоми дуо ба он таваҷҷуҳ мешавад ва аз холиқу молики он ҳама ризқу рӯзи тақозои ҳалли мушкил мешавад.
Аз баъзе ривоятҳо, фалсафаи дигаре барои ин кор истифода мешавад ва он изҳори хузуъ ва хушуъ ва тазаллул дар пешгоҳи Худо аст чаро ки инсон ба ҳангоми изҳори хузуъ, ё таслим, дар муқобили шахсе ё чизе, дастҳои худро баланд мекунад.

زیر مجموعه: Маориф
بازدید: 2397