Ҳазрати Алӣ(к) мефармоянд:
Нишонаи имон он аст, ки: ростгӯиро дар онҷо, ки ба зарари ту аст бар дурӯғгӯи, ки ба суди ту аст бартар бидонӣ , бештар аз ончи амал мекунӣ нагуӣ ва дар нақли сухани дигарон тақвои Илоҳиро дар назар дошта бошӣ. Аз дӯстӣ бо дурӯғгӯ дури кун, ки ӯ ҳамчун мавҷе дар гармои рӯз аст, ки дурро дар назари ту наздик ва наздикро дар назари ту дур нишон медиҳад. Ҳар чиро шунидӣ барои мардум ҳикоят макун, ки ҳамин барои олуда шудан ба дурӯғгӯи кофӣ аст.
Огоҳ бошед, ки бадтарин гуфтор дурӯғ аст.
Аз дурӯғгӯи барканор бошед, ки аз имон фосила дорад, ростгӯ дар соҳили наҷоту бузургворӣ аст ва дурӯғгӯ дар лаби партгоҳи ҳалокату пастӣ аст.
Дурӯғ мояи зиллату хорӣ аст.
Саранҷоми дурӯғ сарзаниш аст.
Барои дурӯғгӯ мардонагӣ ва ҷавонмардӣ нест.
Худованд бо фаромуши додан ба дурӯғгӯён ба зарари онҳо кумак кардааст.
Бо дурӯғгӯ дӯсти барқарор макун чун зиндагӣ бо ӯ туро суде надорад ва хабари туро барои дигари нақл мекунад ва хабари дигариро барои ту мегӯяд ҳатто агар рост ҳам бигӯяд касе ӯро бовар намекунад.
Оқибати дурӯғгӯи бадтарин оқибат аст.
Нахустин ҷазои дурӯғгӯ он аст, ки сухани рости ӯ ба худаш бармегардад(касе онро қабул намекунад), бузургтарин хатоҳо назди Парвардигор забони дурӯғгӯ аст.
Ду амал аз дурӯғ ҷудо намешавад: бисёр ваъда додан ва ба шиддат бахшиш хостан.
Ҳеҷ, бандае таъми имонро намечашад то дурӯғро чӣ шӯхӣ бошад ва чӣ ҳақиқӣ, тарк гӯяд.
Дурӯғгӯи на дар кор ҷиддӣ ва на дар кори шухӣ раво нест ва ҳеҷ, кадом аз шумо набояд ба фарзандаш ваъда диҳад ва баъд вафо накунад.
Ҳамоно дурӯғгӯ инсонро ба гуноҳи бад роҳнамоӣ мекунад ва гуноҳ ҳам инсонро ба Дӯзах роҳнамоӣ мекунад.
Дурӯғ дар дунё нангу ор аст ва дар охират азоби Ҷаҳаннам аст.
Дурӯғ ба заминат мезанад ҳар чанд, ки аз он дар амон бошӣ.
Сарзаниши ту бар дурӯғгӯӣ ҳамин бас, ки худ бидонӣ дурӯғгӯ ҳастӣ.
Дурӯғгӯ амонатдор нест ва фоҷиру бадкор нигаҳдорандаи асрор нест.
Ҳеҷ, хайре дар дониши дурӯғгӯён нест.
Дурӯғгӯӣ ва мардонагӣ бо ҳам ҷамъ намешаванд.
Барои дурӯғгӯ ҳаё ва шарм нест.
Ҳар касе ки ба дурӯғгӯӣ шинохта шавад эътимод ба ӯ кам шавад.
Ҳар касе ки ба дурӯғгӯӣ шинохта шавад садоқату ростгӯияш ҳам қабул нашавад.