Мо инсонҳо баъзе аз вақтҳо аҳдҳоеро бо дигарон мебандем вале баъд аз муддати кутоҳе фаромуш мекунем, ки аҳде бастаем ва бояд ба он амал намоем. Яке аз аҳдҳое ки мо инсонҳо бастаем аҳд бо Худост. Худованд дар ин бора дар Қуръон мефармояд:
أَ لَمْ أَعْهَدْ إِلَیْكُمْ یَا بَنى ءَادَمَ أَن لَّا تَعْبُدُواْ الشَّیْطَانَ إِنَّهُ لَكمُْ عَدُوٌّ مُّبِینٌ وَ أَنِ اعْبُدُونىِ هَاذَا صِرَاطٌ مُّسْتَقِیمٌ
“”Эй фарзандони Одам! Оё бо шумо аҳд набастам, ки Шайтонро бандаги накунед ки ӯ барои шумо душмани ошкоре аст? Ва гуфтам ки маро бандаги кунед ки ин роҳи мустақим аст.
Руи суҳбати ин оят бо муҷримин аст, ки бо тавбех онҳоро ба ёди аҳде меандозад, ки ба он бетаваҷҷуҳи карданд ва дар доми душмани маъруф ва шинохта шуда ба номи Шайтон афтода ва аз роҳи мустақим хориҷ шуданд.
Иллати инки Худваонд муҷримонро ба унвони бани одам хитоб карда ин аст, ки душмани Шайтон бо ин идда ки боиси инҳироф ва ҳалокати инҳо шуд руи ғарази хоссе нисбат ба онҳо набуда; балки ба ин далел буда ки онҳо фарзандони Одам буданд. Ва ин душмани дар рузи аввал онҷо ошкор шуд, ки маъмур ба саҷда бар Одам шуд ва зери бор нарафт ва такаббур варзид. Натиҷааш ҳам ин шуд, ки аз даргоҳи Худо ронда шуд ва аз он рӯз бо фарзандони Одам(а) низ душман гардид ва ҳамаро таҳдид кард.
Матни аҳдномаро ҳам дар оят бозгу карда аст: Шайтонро ибодат ва парастишиу итоат накунанд ва танҳо Худованди Мутаолро парастиш ва ибодат кунанд. Манзур аз ибодат кардан ва парастидани Шайтон, итоат ва пайрави аз васвасаҳои ӯст.
Аммо инки мо кай ва куҷо ин аҳдро бо Худо бастаем муфассирон назарҳои гуногуне доранд, ки ба назар мерасад ин аҳд ҳамон аҳде аст, ки дар олами фитрат байни инсон ва Худои ӯ мунъақид шуд ва агар рӯи онро бо ғубори ғафлат ва гуноҳ напушонда бошад ҳар лаҳза, ки ба он таваҷҷуҳ кунад ба ёди он аҳд меафтад.
Хулоса инки манша инҳироф ва табоҳии мо бетаваҷҷуҳи ба он аҳде аст ки бо Худо бастаем ва натиҷа ин бетаваҷҷуҳи ҳам чизе нест ҷуз уфтодан дар доми Шайтоне, ки бар табоҳ кардани мо қасам ёд карда аст.
قالَ فَبِعِزَّتِكَ لَأُغْوِیَنَّهُمْ أَجْمَعینَ
Аҳде ки бо Худо бастаем
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 2611