Ҳазрати Мусо(а) ба Худо арз кард: Худоё мехоҳам ба ту наздик шавам, Худо гуфт: Наздикии ман барои касе аст шаби қадр бедор бошад,
Мусо(а) гуфт: Худоё! Раҳмататро мехоҳам, Худо фармуд: Раҳматам аз они касе аст ки дар шаби қадр ба мискинон раҳмат кунад.
Мусо(а) гуфт: Худоё! Иҷозаи гузаштан аз пули сиротро мехоҳам, Худо гуфт: Он аз они касе аси ки дар шаби қадр садақа бидиҳад.
Мусо(а) гуфт: Худоё! Аз дарахтони меваҳои биҳишти мехоҳам, Худо гуфт: Онҳо барои касе аст, ки дар шаби қадр маро ба поки ва муназзаҳ будан ёд кунад.
Мусо(а) гуфт: Худоё! Раҳои аз оташи ҷаҳаннамро мехоҳам. Худо гуфт: Он барои касе аст, ки аз гуноҳонаш дар шаби қадр истиғфор ва тавба кунад.
Мусо(а) гуфт: Худоё! Хушнудии туро мехоҳам. Худо гуфт: Хушнудии ман аз они касе аст, ки дар шаби қадр ду ракъат намоз бихонад.[1]
[1] Мустадрак, ҷ 7, саҳ 456.