Бархе аз гуноҳон ҷузъи гуноҳони решаи маҳсуб мешаванд ба гунае агар ин гуноҳон дар вуҷуди касе бошад коре бас душвор дар пеш дорад.
Яке аз ин гуноҳон ки реши бисёре аз гуноҳон мебошад ҳасодат аст ва афроде ки гирифтори он ҳастанд на худ осоиш дорад ва на осоиши дигаронро метавонанд бубинанд.
Имом Содиқ(а) мефармоянд:
“Чун ҳазрати Нуҳ(а) аз кишти пиёда шуд, Шайтон назди ӯ омад ва гуфт: Дар рӯи замин касе ба андозаи ту бар ман миннат ва эҳсон надорад, ту ин афроди фосиқ ва хилофкорро нафрин карди ва маро аз онҳо осудахотир карди оё ба ту ду хислат ёд надиҳам?
Яке ин аст ки аз ҳасодат дури кун зеро ҳасодат буд ки бо ман он кард ки кард (ва маро аз даргоҳи Худо берун кард) ва аз ҳирс бипарҳез зеро ҳирс буд ки бо Одам он кард ки кард (ва ӯро аз биҳишт берун кард.)”
Биҳор, ҷ 11, саҳ 317.