Ислом бо таъкид бар таъмини рӯзии бандагон аз сӯи Худои Таоло, саъй ва талошро тавсея кард ва Қуръон дар сураи Наҷм ояти 39 мефармояд:
وَأَن لَّيْسَ لِلْإِنسَانِ إِلَّا مَا سَعَىٰ
“Инсон ҷуз маҳсули кушиши хешро молики чизе нест.”
Дар бисёре аз ҳадисҳо аз кор ва талош барои рӯзии ҳалол ба ибодати бартар таъбир шуда аст;[1] ҳазрати Алӣ(к) онро аз саҳархези дар роҳи Худо камтар надониста[2] ва имом Ризо(а) низ аҷрашро беш аз ҷиҳод дар роҳи Худо дониста[3] ва дар ҳадиси қудси нуҳ даҳуми ибодат муаррифи шуда аст.[4]
Ҳадисҳои низ кам ҳимматиро монеъи пешрафт ва танбалиро мояи ҳақорат ва сарбори дигарон буданро ношоист мешуморанд, чунонки дар ҳадиси дигаре аз талоши тавонфарсо ва кори ҳамешагии шабонарӯзӣ, ки боиси нодида гирифтани ҳаққи аъзои бадан шавад боз медорад ва онро ҳаром медонад.[5] (Ҳарчанд моли ба даст омада аз он ҳаром нест.)
Расули Худо(с) мефармояд:
“Агар мард бар души худ ҳезум кашад ва ниёзашро бо он таъмин кунад ва беш аз ниёзи худро садақа диҳад беҳтар ааз ин аст, ки аз дигаре дархост кунад, зеро дасти диҳанда беҳтар аз дасти гиранда аст.”[6]
Расули Худо(с) мефармоянд:
“Касе бар асари хастаги (шалпари) аз кор ва талош ба хоб равад омурзида шавад”[7] ва мефармояд: “Касе, ки барои касби рӯзии худ ва хонаводааш мусофират кунад рӯзи қиёмат дар сояи арши Худост.”[8]
Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд:
“Агар ҷуёи растгори ҳастед ҷиддият ва талошро пешаи худ созед.”[9]
[1] Кофӣ, ҷ 5, саҳ 78.
[2] Даоимул ислом, ҷ 2, саҳ 15.
[3] Кофӣ, ҷ 5, саҳ 88.
[4] Иршодулқулуб, саҳ 206.
[5] Кофӣ, ҷ 5, саш 127.
[6] Танбиҳулхавотир ва нузҳатуннавозир, ҷ 2, саҳ 229.
[7] Амолӣ, саҳ 289.
[8] Даоимул ислом, ҷ 2, саҳ 15.
[9] Ғурарул ҳикам, саҳ 266.