Расули Худо(с) дар баёни аҳамияти назофати беҳдошти тан ва робитаи он бо буъди маънавии инсон фармуд: “Назофат аз имон аст.” Яъне муъмин пок ва назиф аст касе, ки назофатро риоят накунад имони комиле надорад.[1]

Имом Козим(а) дар боби риояти беҳдошт ва назофати бадан фармуд, ҳашт чиз суннат аст:

1.Мисвоки дандон.

2. Шустани даҳон.

3.Истиншоқи бини.

4.Шона задани сар.

5.Хатна кардан.

6. Аз байн бурдани муи олати таносули ва зери бағал.

7. Нохун гирифтан.

8. Шустушуи бадан.[2]

Назофат зоҳири инсон бо покии рӯҳи ӯ пайванди амиқе дорад ҳамон гуна, ки оростагии зоҳири инсон ҳиқоят аз зебоии ботини ӯ мекунад.

Паёмбари Ислом(с) худ паёмовари поки ва назофат буд. Дар ҳангоми мулоқот бо ӯ аввалин вижагие ба чашму дили ҳар бинандаро навозиш медод, оростагӣ, поки ва зебоӣ зоҳири он Ҳазрат(с) буд.

Қарз кардан ба худии худ амри макруҳ ва нописандида аст, вале он Ҳазрат(с) ба хотири аҳамияте, ки барои назофат ва беҳдошти тан ва хонавода қоил буд ва фармуд: “Ҳар кас ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дорад, муи олати таносулии худро чил рӯз ба таъхир намеандозад, агар имкони онро наёфт қарз кунад ва беш аз ин дар ин кор таъхир накунад.”[3]

Агарчи ҳадафи аслии беъсати анбиёи илоҳӣ ҳидояти маънави ва руҳонии башар аст вале аз онҷое, ки маънавияти инсон бо зиндагии табии ӯ дар ҳам омехта аст, ҳаргиз ишон аз риоят ва фармон додан ба зебоӣ, беҳдошт ва поки ғафлат наварзидаанд ва ба тамоми маворид ҳатто гирифтани муе, ки дар бини берун меояд, фармон додаанд.

Расули Худо(с) шахсан ба покизаги алоқаи фаровоне дошт ва дар назофати бадан ва либос беназир буд. Илова бар одоби вузу, бисёр рӯзҳо бадани худро шустушу медод ва ин ҳар дуро ибодат медонист. Назофати тан ва покии андомаш бо қудс ва таҳорати руҳаш ҳамоҳанг буд ва ба ёрон ва пайравони худ таъкид мекард, ки сару сурат, ҷома ва хонаҳояшонро тамиз нигаҳ доранд ва водорашон месохт худро бавижа дар рӯзҳои ҷумъа шустушу дода ва муаттар созанд, ки бӯи бад аз онҳо ба машоми дигарон нарасад ва онгоҳ дар намози ҷумъа ҳузур ёбанд.

Расули Худо(с) мефармуд: “Ҳар чи қадар метавонед покиза бошед, зеро Яздони пок исломро бар покизаги бунён ниҳод ва ҷуз инсонҳои покиза касе ба биҳишт намеравад[4].”

Яке аз дастуроти муҳими беҳдошти ислом, беҳдошти даҳон ва дандон аст. Тамоми пешвоёни бузурги дини дар ин бора таъкиди фаровон кардаанд. Ба хусус дар сираи амалии Паёмбари Ислом(с) ин амр таъкиди хоссе шуда аст. Худи он ҳазрат(с) ҳар рӯз чанд бор махсусан шабҳо пеш аз хоб ва пас аз бедори ва ҳангоми вузу гирифтан дандонҳояшро бо диққат мисвок мекард ва ҳатто ҳангоме, ки дар бисатари бемори ва дар охирин дақиқаҳои умри дунявии худ буданд мисвок хостанд ва дандонҳои худро мисвок карданд.

Ба ёрони хеш низ мефармуд: “Ҳаргиз бо дандонҳои зард ва нашуста дар маҷлис ҳозир нашавед ва аз мисвок кардан ва покиза нигаҳ доштани дандонҳои худ кутоҳи накунед.”
Ҳамчунин он Ҳазрат(с) пеш аз хурдани хурок ва баъд аз он дасту даҳонашро мешуст ва аз хурдани сабзиҳои бадбу парҳед мекард.

Дар бораи мисвок фармуданд: “Ҳеҷ гоҳ Ҷабраил наздам наёмад, ҷуз онки маро ба мисвок суфориш намуд. Агар мардум аз фоидаҳои мисвок огоҳ буданд, онро ҳамеша ҳамроҳи хеш доштанд ва ба бистар мебурданд.”

Паёмбар(с) ба Алӣ(к) фармуданд:

“Эй Алӣ! Бо ҳар вузуе, ки барои намоз мегири мисвок бизан.”

“Даҳонҳои шумо роҳе аз роҳҳои (гуфтугуи) Парвардигор аст пас маҳубубтарин даҳон назди Парвардигор хушбутарини он аст то метавонед даҳонҳои худро хушбу намоед.”

“Ду ракъат намози бо мисвок бартар аз ҳафтод ракъат намози бемисвок аст.”

Барои беҳдошт ва саломати бадан аҳамияти фаровоне қоил буд. Аз пурхури парҳез мекард ва ба мусалмонон дастур медод пеш аз онки аз хурок сер шаванд онро тарк гуянд.

Оиша мегуяд:

“Расули Худо(с) дар тули умраш ҳаргиз бо сери хурок нахурд ва мефармуд: Меъда хонаи бемори аст ва таҳаммули гурусангаи беҳтарин доруи маризиҳо аст.”

Аз мондан ба муддати тулони дар маърази тобиши офтоб парҳез медод ва мефармуд: “Офтоб чор вижагии манфи дорад:

1.Рангро дигаргун мекунад.

2.Бӯи хуши баданро ба бӯи бад табдил мекунад.

3.Либосро мефарсояд.

4.”Бемори меоварад.”

Татҳир бо дасти ростро намеписандид ва аз хурок хурдан бо дасти чап наҳй мекард.

Иҷоза намедод касе нохунҳои худро бо дандон кутоҳ кунад.

Аз лаби тарак хурда ва маҳалли дастаи куза об наменушид чун маҳалли чирк ва микроб буд ва дигаронро низ аз ин кор бар ҳазар медошт.
Паёмбар(с) мефармуд:

“Офаридагор аз касе, ки ҳамнишинаш аз бӯи бади ӯ биниашро мегирад танаффур дорад.”

Бисёр ғусл менамуд. Илова бар ғуслҳои мустаҳаби, тамоми даҳ шаби охири Рамазонро ғусл мекард.[5]
Дар ростои такидҳои беҳдошти нисбат ба беҳдошти муҳити зиндаги низ таваҷуҳи хоссе дошт.

Ҷоруб задан ва покиза намудани ҳаёти хонаро мустаҳаб медонист. Дуст надошт лаълиҳо ба сурати ношуста раҳо шаванд ва мефармуд: “Шабҳо пеш аз хоб рӯи бипушонанд.”

Иҷоза намедо афрод канори чоҳи оби ошомиданӣ, зери дарахти мевадор, миёни қабрҳо, дар роҳҳо ва ҳаёти хонаҳо қазои ҳоҷат кунанд.

Вақте атса мекард даст ё пироҳанашро пеши даҳонаш мегирифт ва оҳиста атса мекард.

Паёмбар(с) мефармуд:

“Зубола (мусор) ро қабл аз фаро расидани шаб аз хона хориҷ намоед зеро ҷойгоҳи Шайтон (микроб) аст.”

Чун хамёза мекашид дасташро баробари даҳонаш мениҳод.

Паёмбар(с) мефармуд:

“Ҷоруб, ки мезанед хоки онро пушти дари ҳаёт нарезед ва остонаи дарро ҷоруб кунед.”

Худованд тавфиқи ба гуфтаҳои Расули Худо(с)ро ба мо бидиҳад ва моро дар дунёву охират сарбаланд бигардонад.

Омин



[1] Биҳор, ҷ 59, саҳ 209.

[2] Биҳор, ҷ 73, саҳ 67.

[3] Биҳор, ҷ 73, саҳ 89.

[4] Нигини ҳасти, саҳ 24.

[5] Нигини ҳастӣ, саҳ 24.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст