Паёмбар(с) фармуданд:
Чархондани об дар даҳон, мояи омурзиши шумо ва боиси гурези Шайтон аст.
Ҳар кас дар ҳар рӯз ду бор мисвок (дандонҳояшро бишуяд) суннати паёмбаронро идома дода аст, дар баробари ҳар намозе, ки бихонад, Худованд барояш савоби сад ракаъат менависад, аз фақр ба ғино (бениёзи) дармеояд, даҳонаш хушбу мешавад, ҳофизааш хуб кор мекунад, беморие аз ӯ дур мегардад ва фариштагон ба воситаи нуре, ки дар ӯ мебинанд бо ӯ даст медиҳанд.
Мисвок задан (дандонҳоро шустан) давоздаҳ вижаги дорад:
Мояи покии даҳон аст; сабаби хушнуди Парвардигор аст; дандонҳоро сафед мекунад; сафедие ки дар дандон ба вуҷуд меояд ки санги дандон ҳам мегуянд аз байн мебарад; балғамро кам мекунад; хурокро барои ҳазм кардан омода мекунад; ҳасанот (корҳои хуб)ро ду чандон мекунад; ба воситаи он суннат анҷом мегирад; фариштагон бадин васила ҳузур меёбанд; лассаҳоро қави мекунад; бар гузаргоҳи Қуръон мегузарад ва назди Худованд ҳар ду ракъат намози бо мисвок дуст доштанитара аз ҳафтод ракъати бемисвок аст.
Дандонҳое, ки соф ва зебо ҳастанд дар асари ҷавидани хурок олуда мешаванд ва кам кам бӯи даҳон тағир меёбад ва боиси заъиф шудани решаи дандонҳо мегардад.
Хилол (мобайни дандонҳоро тоза кардан) кардани дандонҳо мавҷиби беҳдошти даҳон ва сабаби ҷалби рӯзи аст.
Агар барои мардум душвор набуд дар ҳар намоз мисвок заданро воҷиб мекардам.
Ҷабраил ҳамвора маро ба мисвок задан таъкид мекард то ҷое, ки гумон кардам онро воҷиб хоҳад сохт.
Ба мисвок задан амр шудам он гуна, ки тарсидам бар ман фарз гардад.
Мисвок задан, иқтизои фитрати инсон аст.
Дандонҳои Худро хилол кунед (мобайни онҳоро тоза кунед) зеро хилол кардан ҷузъи назофат аст ва назофат нишонаи имон аст ва шахси боимон дохили биҳишт мешавад.
Яке аз ҳуқуқе, ки меҳмон ба гардани соҳибхона дорад ин аст, ки соҳибхона барои ӯ чуби хилоли дандонро дар вақти хурок хурдан назди ӯ биёварад.
Таваҷҷуҳи ислом ба ҷузиёти беҳошт то ин ҳадд буда, ки ба мо иҷоза надода аст бо ҳар чизе хилол кунем. Дар як ривоят омада аст ки : Хилол кардан бо ҳар чизе боиси фақр мешавад.