پنج کاری مفید برای رفع بلا
Гоҳе вақтҳо дар зиндагии одами ҳодисаҳое рӯх медиҳад, ки бархе номи фазоилро бар он мегузоранд; мисли зарфе мешиканад, мошине вайрон мешавад, либосе пора мегардад, ин афрод муътақиданд ки ин ҳодисаҳои майда монеи аз ба вуҷуд омадани пешомадҳои ногувор мегардад.Оё воқеан ин ҳодисаҳо монеъи аз ба вуҷуд омадани рухдодҳои талх ҳастанд?
Чигуна балоҳоро аз худамон дур кунем?
Аммо инки ин ҳодисаҳои майда чигуна монеи аз ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои талху ногувор мешавад далелҳои дорад:
1.Дуо
Ҳамеша пешгири беҳтар аз дармон аст; пас беҳтара ст пеш аз воқеъ шудани балоҳо ва мусибаҳо бо дуо онҳоро аз худ дур кунем.
Имом Алӣ(а) фармуд:
ادفعوا اءمواج البلاء عنكم بالدعاء قبل الورود البلاء[1]
“Мавҷҳои балоро пеш аз вуруд он бо дуо дафъ кунед.”
ان الدعاء و البلاء لیترافقان الى یوم القیامه ان الدعاء لیرد البلاء و قد ابرم ابراما[2]
“Ба рости, ки дуо ва бало то рӯзи қиёмат бо якдигар рафиқанд ва муҳаққиқан дуо балоҳои мубрам ва муҳкамро бар мегардонад.”
Имом Зайналобидин(а) мефармояд:
الدعاء یدفع البلاء النازل و مالم ینزل[3]
“Дуо балои нозилшуда ва нозилнашударо дафъ мекунад.”
2.Садақа додан
Садақа аз назари ислом дорои доманаи густардае аст, ки шомили ҳаргуна анҷоми кори хайр ва мусоидат ба дигарон ва бардоштани гоме бар ҷиҳати хидмат ба мардум аст; гоҳе иршод ё гуфтани калимаи хайре аз кумаки моли арзишмандтар ва мондагортар аст. Мумкин аст барои шаҳр ё хонаводаи мо бало ва мусибате рақам хурда бошад вале мо бо садақа метавонем онро тағир диҳем. Садақа мавҷиби дафъи бало ва тулони шудани умр мегардад, чунонки Паёмбар(с) фармуданд:
الصَّدَقَةُ تَدْفَعُ الْبَلَاءَ وَ هِیَ أَنْجَحُ دَوَاءً وَ تَدْفَعُ الْقَضَاءَ وَ قَدْ أُبْرِمَ إِبْرَاماً وَ لَا یَذْهَبُ بِالْأَدْوَاءِ إِلَّا الدُّعَاءُ وَ الصَّدَقَة[4]
“Садақа балоро бартараф мекунад ва муассиртарин доруст. Ҳамчнуин, қазои ҳатмиро бармегардонад ва дард ва бемориҳоро чизе ҷуз дуо ва садақа аз байн намебарад.”
Имом Боқир(а) фармуд:
اَلبِرُّ وَ الصَّدَقَةُ یَنفیانِ الفَقرَ وَ یَزیدانِ فِى العُمرِ وَ یَدفَعانِ عَن صاحِبِهِما سَبعینَ میتَةَ سوءٍ[5]
“Кори хайр ва садақа, фақрро мебаранд, бар умр меафзоянд ва ҳафтод марги бадро аз савоби худ дур мекунанд.”
Расули Худо(с) фармуд:
“Ҳарки се мартаба бигуяд: Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, ҳеҷ неру ва қудрате ҷуз бо Худои воло ва баландмартаба нест, Худованди Мутаол ӯро аз наваду нуҳ бало кифоят кунад, ки осонтарин он хафаги аст.[6]”
3.Силаи раҳим
Аз ҷумла амале, ки мавҷиби ободни ва тули умр ва дафъи марги нобаҳангом (ногаҳони) ва зиёди ризқ мешавад, силаи раҳим аст.
Имом Алӣ(а) фармуд:
كَفِّروا ذُنوبَكُم وَ تَحَبَّبوا اِلى رَبِّكُم بِالصَّدَقَةِ وَ صِلَةِ الرَّحِمِ[7]
“Бо садақа ва силаи раҳим, гуноҳони худро пок кунед ва худро маҳбуби Парвардигоратон гардонед.”
Дар ҳадиси дигаре фармуд:
صله الرحم تعمر الدیار و تزید فى الاءعمار و تهون الحساب و تقى میته السوء[8]
“Силаи раҳим хонаҳоро обод ва умроҳоро зиёд ва ҳисоби қиёмтаро осон мекунад ва марги бад ва нобаҳангомро дур месозад.”
4.Неки ба волидайн (падару модар)
Имом Боқир(а) фармуд:
صدقه السر تطفى غضب الرب، و بر الوالدین و صله الرحم یزیدان فى الاءجل[9]
“Садақаи пинҳони оташи қаҳри Худоро хомуш мекунад ва неки ба волидайн ва силаи раҳим бар умр меафзояд.”
Дар ҳадиси дигаре фармуд:
“Бахшиши пинҳони ва неки ба падар ва модар, тангдастиро бартараф месозад ва умрро дароз ва ҳафтод қисм мурдани бадро дур мекунад.”[10]
5.Истиғфор (тавба кардан аз гуноҳон)
Дар Қуръони Карим омада аст:
و ما کان اللَّه مُعَذّبَهُم و هُم یستغفرونَ[11]
“Худованд азоб намекунад онҳоро дар ҳоле, ки онҳо истиғфор мекардаанд.”
Натиҷаи истиғфор кардан ин мешавад, ки Худованд бандагонашро азоб накунад.
[1] Тазкиратул ҳақоиқ, саҳ 20.
[2] Усули Кофи, ҷ 6, саҳ 25.
[3] Ҳамон.
[4] Биҳор, ҷ 93, саҳ 137.
[5] Ман ло яҳзур, ҷ 2, саҳ 66.
[6] Кофи, ҷ 2, саҳ 176.
[7] Таснифи ғурарулҳикам ва дурарулҳикам, саҳ 395.
[8] Сафинатулбиҳор, ҷ 1, саҳ 514.
[9] Биҳор, ҷ 16, саҳ 25.
[10] Ҳамон.
[11] Сураи Анфол, ояти 33.