Инсон дар ҳамаи маворид муҳтоҷи Худои Таоло аст ва барои бароварда шудани ҳоҷат набояд такя ба васоили оддӣ ва зоҳирӣ бошад. Ҳарчи ҳаст аз Худост, ҳарчанд Худои Таоло неъматҳои худро бо восита ба бандагони худ мерасонад .Дар ҳадиси қудси омада аст: Худои Таоло ба Мусо(а) фармуд: ҳарчиро, ки эҳтиёҷ дори аз ман бихоҳ ҳатто алафи гӯсфанд ва намаки таъоматро аммо беҳтар аст вақти бандаи муҳтоҷ дар муқобили Худои Таолои бениёз меистад ва аз ӯ дархост мекунад, неъматҳои бузург ва арзишманд мехоҳад зеро барои Худои Таоло, додани неъмат ҳеч заҳмате надорад ва майда ё калон будани он назди Худои Таоло мусовист. Дар инҷо ба чанд намуна ишора мекунем
1- Дуо барои падару модар
Падару модар воситаи ба вуҷуд омадани инсонанд ва ҳамчунин бештарин заҳамтҳои ҳар шахсе бар уҳдаи волидаини ӯст, лизо дар Ислом эҳтиром ва неки ба онҳо бисёр мавриди таъкид қарор гирифта аст. Чуноне, ки дар оёти мухталифи Қурон, баъд аз амр ба ибодати Худо ва шарик қарор надодан барои ӯ, амр шуда аст, ки ба падару модари худ эҳсон кунад, яке аз роҳҳои ҷуброн кардани заҳмот, дуои хаир дар ҳаақи онон аст. Чуноне, ки ҳазрати Иброҳим-а- ва Нӯҳ (а) барои волидаини худ талаби мағфират мекунанд.
2- Талаби хайр барои дигарон
Ҳазрати Муҳаммад (с) мефармоянд: вақте дуо мекунед барои умуми мардум дуо кунед, ки сабаби қабулии дуост. Зеро Худои Таоло на фақираст ва на бахил, пас агар касе барои дигарон хаир бихоҳад, Худои Таоло ба хотири хаир хоҳии ӯ барои дигарон, ҳоҷати ӯро низ бароварда мекунад.
3- Доштани фарзанди солеҳ
Яке аз саодатҳои ҳар падару модаре доштани фарзанди солеҳ аст, ки сабаби сарбуландии онон дар дунё ва охират мешавад, бадин сабаб уламои Ислом аз Худои Таоло дархости фарзанди солеҳ ва мӯъмин ме карданд. Ҳазрати Закариё(а) аз Худои Таоло талаби фарзанди пок ва тайиб мекунад. Ҳазрати иброҳим (а) баъд аз ҳамд ва ситоиши Худо, (барои доштани фарзанд, аз Худои Таоло мехоҳад фарзандонашро аз намоз гузорон қарор диҳад.
4- Нобудии ҳокимони золим .
Вақте ҳар гуна зулме барчида мешавад, адл саросари заминро фаро мегирад, ва дар натиҷа ақлҳо комил мешавад ва ҳеҷ кас ба думболи гуноҳ намеравад, ва Худои Таоло хайру баракатро бар бандагонаш ба сабаби аъмоли хаир ва гуноҳ накардан нозил мекунад ва фақр реша кан мегардад ва инсон ба саодати дунё ва охират ноил мегардад
5- Беҳтарин банда будан
Камоли ҳар инсон дар бандаги Худои Таоло аст. Чуноне, ки дар Қурони Карим омада аст: “мо ҷин ва инсро фақат барои ибодат ва бандаги худ офаридем.” Аз онҷо ки расидан ба камоли бандаги лозимаи тарки ҳавоҳо ва хоҳишҳои нафсонист, лизо дар роҳи расидан ба он бояд аз Худои Таоло дар хости кумак ва ёри кард. Чунон ки имом саҷҷод (а) мефармоянд: “Худоё маро ба комилтарин дараҷаи имон бирасон” Ва ҳазрати Алӣ (к) дар дуои кумайл мефармоянд: ”Худоё маро аз беҳтарин бандагони ҳуд қарор деҳ”.
Аз Худо чӣ бихоҳем? 1
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 2390