Ҳазрати Аболҳасан(а) фармуд:
Хонае ки дар он номи Муҳаммад ё Аҳмад ё Алӣ ё Ҳасан ё Ҳусейн ё Ҷаъфар ё Толиб ё Абдуллоҳ ё Фотима бошад, фақр дохили он намешавад.[1]
Ва дар ривоят аст, ки марде назди ҳазрати Содиқ(а) омад, ҳазрат дид ки ӯ ғамгин аст, фармуд: Чаро нороҳатӣ? Арз кард: Духтаре бароям мутаваллид шуда аст! Ҳазрат фармуд: Сангини ӯ бар замин аст, рӯзии ӯ бар уҳдаи Худост, на аз умри ту истифода мекунад ва на аз рӯзии ту, бо шинидани ин суханон ғуссаи он мард бартараф шуд, ҳазрат фармуд: Ӯро чи номидаӣ? Арз кард: Фотима, ҳазрати Содиқ(а) фармуд: Оҳ оҳ оҳ, сипас дасташро бар пешонии худ ниҳо ва миқдоре аз ҳуқуқи фарзанд баён кард ва фармуд: Ҳоло ки номашро Фотима гузоштаи ба ӯ носазо нагу, ӯро лаънат накун ва назан.[2]
[1] Васоил, ҷ 15, саҳ 128.
[2] Васоил, ҷ 15, саҳ 128.