Ба авҷи кибриё к-аз паҳлуи аҷз аст роҳ онҷо,
Сари мӯе гар инҷо хам шави бишкан кулоҳ онҷо.
Адабгоҳи муҳаббат нози шухи барнамедорад,
Чу шабнам сар ба меҳри ашк меболад нигоҳ онҷо.
Ба ёди муҳлани нозаш саҳархезаст аҷзоям,
Табассум то куҷоҳо чида бошад дастгоҳ онҷо.
Муқими дашти улфат бошу хоби ноз сомон кун,
Ба ҳам меоварад чашми ту мужгони гиёҳ онҷо.
Хиёли ҷилвазори нести ҳам оламе дорад,
Зи нақши по саре бояд кашидан гоҳ гоҳ онҷо.
Хушо базми вафо хиҷлати изҳори навмедӣ,
Шарар дар санг дорад парфишониҳои оҳ онҷо.
Ба саъйи ғайри мушкил бувад з-ошуб давӣ растан,
Саре дар ҷейби худ дуздидаму бурдам паноҳ онҷо.
Дил аз кам зарфии тоқат набаст эҳроми озоди,
Ба санг ояд магар ин ҷому гардад узрхоҳ онҷо.
Ба Канъони ҳавас гарде надорад Юсуфе матлаб,
Магар дар худ фуру рафтан кунад иҷоди чоҳ онҷо.
Зи бас файзи саҳар меҷушад аз гирди саводи дил,
Ҳама гар шаб шави рузат намегардад сиёҳ онҷо.
Зи тарзи мушриби ушшоқ сайри бенавои кун,
Шикасти ранги кас обе надорад зери коҳ онҷо.
Замингирам ба афсуни дил мебуддао Бедил,
Дар он води ки манзил низ меафтад ба роҳ онҷо.