Марди нобино пас аз иҷоза гирифтан, вориди манзили имом Алӣ(а) шуд. Паёмбар(с) мушоҳида фармуд, ки ҳазрати Заҳро(с) бархост, фармуд: “Духтарам! Ин мард нобиност.”

Ҳазрати Заҳро (с) фармуданд:

اِن لَم یَکُن یَرانِی فَانّی أَراهُ وَ هُوَ یَشُمَّ الرِّیحَ[1]

“Падар, агар ӯ маро намебинад, ман ӯро мебинам! Агарчи ӯ намебинад; аммо бӯи зан ба машомаш мерасад!

Расули Худо(с) пас аз шунидани суханонидухтараш фармуд: “Шаҳодат медиҳам, ки ту пораи тани ман ҳастӣ.”

Ҳазрати Заҳро (с) фармуд:

اِنَّی قَد استَقَبَحتُ ما یُصنَعُ بِالنِّساءِ، انَّهُ یُطرَحُ عَلی المَرأةِ الثَّوبُ فَیَصِفُها لِمَن رَای، فَلا تَحمِلینی عَلی سَریرِ ظاهِرِ، أُستُرینی سَتَرَکِ اللهُ مِنَ النّار[2]ِ

“Ман бисёр бад медонам, ки (ҷаноза) занонро пас аз марг бар рӯи тобути сар боз гузошта ва бар рӯи он порчае меафкананд, ки ҳаҷми баданро барои бинандагон намоиш медиҳад. Маро бар рӯи тобут ончуноне нагузор ва бадани маро бипушон, ки Худо туро аз оташи ҷаҳаннам бод дорад.”

خَیرُ لِلنِّساءِ اَن لا یَرَینَ الرِّجالَ وَ لا یَراهُنَّ الرِّجالُ[3]

“Ончи барои занон неку аст, инки, (бидуни зарурат) мардони номаҳрамро набинад ва номаҳрамон низ ӯро нангаранд.”



[1] Биҳор, ҷ43, саҳ 91.

[2] Кашфул ғумма, ҷ 2, саҳ 67.

[3] Кашфул ғумма, ҷ 2, саҳ 23.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст