Бешак яке аз пешшартҳои ҷомеаи солим, ки дар партави он ҳамагон ба таври шоиста аз ҳуқуқи фардӣ ва иҷтимоии худ баҳраманд мешаванд, барподории расму фарҳанги эҳтиром ба ҳуқуқи дигарон ва аз байн бурдани решаҳои зулму ситам аст.
Барои расидан ба ин амри муҳим лозим аст, ки ҷомеа ба гунае бошад, ки мардум аз ҷону дил эҳсос кунанд, ки фақат аз роҳи эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқи дигарон аст, ки метавон ба ҳуқуқи фардӣ ва иҷтимоии худ расид, бо ин шарт, ки дигар касе зулму ситамро василае барои расидани ба хостаҳои худ ба ҳисоб наёрад.
Яке аз роҳҳои расидан ба ин амри муҳим баёни пайомадҳои зарарноки зулму ситам мебошад, ки ин пайомадҳо на фақат заминаи нобудии худи ситамгарро фароҳам мекунад балки осори хароб кунандаи он домани ҷомеаро ҳам ба худ мегирад.
Дар ин робита Расули Худо (с) мефармоянд:
المُلکُ یَبقی مَعَ الکُفر وَ لا یَبقی مَعَ الظُّلمِ
"Салтанат бо куфр боқӣ мемонад аммо бо зулм давоме нахоҳад дошт". (Амолӣ, с.310).
Бетардид вақте ҷомеа ба ин дарку фаҳм бирасанд, ки ситам кардан дар ҳақиқат оташе аст, ки худи шахсро ба нобудӣ мекашонад, дигар касе ба тарафи зулму ситам нахоҳад рафт.
Ҳарзари Алӣ (к) дар ҳикмаи 238-уми Наҳҷулбалоға мефармоянд:
يَوْمُ الْمَظْلُومِ عَلَى الظَّالِمِ أَشَدُّ مِنْ يَوْمِ الظَّالِمِ عَلَى الْمَظْلُوم
"Рӯзе ки ситамдида аз ситамгар интиқом кашад, сахттар аз рӯзе аст, ки ситамгар бар ӯ ситам раво дошта аст". (Шарҳи Наҳҷулбалоға, Ибни Абилҳадид, ҷ.19, с.74).
Ба яқин агар мардуми як ҷомеа боварӣ ва яқин дошта бошанд, ки ҳеҷ зулме бепосух намемонад ва посухе, ки ба золиму ситамгар дода шавад дардноктар аз зулме аст, ба ситамдида шудааст, дигар касе ҳатто фикри ситам ба дигаронро дар сар намепарваронад.
Дар ин замина Фирдавсии ширинсухан чи зебо сурудааст:
Ҳарки бадӣ карду ба бад ёр шуд
Ҳам ба бадӣ хиш гирифтор шуд
Умед аст, ки ҷомеаи исломӣ дар талош барои беҳтар кардани робитаҳои иҷтимоӣ ва эҳтиром ба кароматҳои инсонӣ буда ва шинохти дурусти "Зулму ситам ва анвоъи он" саъй дар решакан кардани ин хислати нописанд дошта бошад.