رازو نیاز با خدا
Худоё!
Ҳарки маст аз шароби ту нест, зинда ба чист?
Худоё!
Мо бандаи туем ва бандаро ҷуз итоат нашояд. Ба мо алифбои бандаги биёмӯз.
Худоё!
Бенигоҳи лутфи ту, ҳеҷ кор ба сомон намерасад.
Нигоҳатро аз мо дареғ накун.
Худоё!
Сарпечиро аз дасти нафсамон бирубой ва ёди худатро чунон дар диламон ҷой бидеҳ, ки ту аз чашмамон бубини ва аз гушамон бишунави ва аз забонамон бигӯи.
Худоё!
Нигоҳамонро аз ғайри худат бигардон ва моро нигарони худат бигардон.
Худоё!
Аз мо одоби ишқе биёмӯз ва кулиёти ишқбози ва роҳу расми карашма шиносӣ.
Худоё!
Чашми дидани ҷилваи ҷамолатро ба курдилони зебоӣ нашнос иноят кун.
Худоё!
Дар қиёмат бо чи рӯе ба чашмони ту нигоҳ кунем, ки дар муқобили умре неъмат, ҷуз гуноҳ ва маъсият наёвардаем. Шармсории он рӯз аз ҳар азобе дардноктар аст.
Дастамон бигир.
Худоё!
Дину диёнатро барои аҳли тадайюн маъно кун.
Худоё!
Ханҷари ҷаҳолат, кундтар аз шамшери адоват нест.
Паноҳ бар ту аз ҷаҳолати диндорон ва адовати дунёмадорон.
Худоё!
Олимон ва ҳунармандон ва хатибонро амалкунандагон ба гуфтаҳояшон қарор деҳ.
Худоё!
Шуҳрати шаҳватро аз дили ҳунармандон бибар ва ба ҷои он ихлос ва маърифат бинишон.
Худоё!
Ба чашм, гиря биёмӯз ва ба дил, шикастан ва ба ҳама ҷавореҳ ва аъзо, бандагӣ.
Худоё!