اخلاق پیامبر اسلام ص
Паёмбари Гиромии Ислом(с) дар тамоми умри пурбаракати хеш аз кудаки то ҳангоме, ки ба малакути аъло пар кашид, намуна ва мазҳари болотарини ахлоқ, рафтор ва гуфтор буда аст. Суннат ва рафтори он ҳазрат барои ҳамаи инсонҳо ва хусусан мусалмонон улгуи писандида аст ва бар ҳамаи мусалмонон аст, ки буъдҳои вуҷудии он ҳазратро бишиносем ва ба онҳо амал намоем. Дар Қуръон оятҳои зиёде дар бораи ахлоқи фардӣ, иҷтимоӣ, хонаводагӣ ва ҳамчунин одоби зиндагии Расули Акрам(с) вуҷуд дорад, ки дар инҷо ба баррасии ояте мепардозем, ки ба шаш вижагии Паёмбар(с) ишора карда аст:
فَبِمَا رَحْمَةٍ مِّنَ اللّهِ لِنتَ لَهُمْ وَ لَوْ کُنتَ فَظّاً غَلِیظَ الْقَلْبِ لاَنفَضُّواْ مِنْ حَوْلِکَ فَاعْفُ عَنْهُمْ وَ اسْتَغْفِرْ لَهُمْ وَ شَاوِرْهُمْ فِی الأَمْرِ فَإِذَا عَزَمْتَ فَتَوَکَّلْ عَلَی اللّهِ إِنَّ اللّهَ یُحِبُّ الْمُتَوَکِّلِینَ[1]
“Ба сабаби раҳмати Худост, ки ту бо онҳо инчунин хушахлоқ ва меҳрубон ҳастӣ. Агар бадахлоқ ва сахтдил мебуди аз гирди ту пароканда мешуданд. Пас онҳо бибахш ва барояшон омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онҳо машварат кун ва чун қасди коре куни бар Худо таваккал кун, ки Худо таваккалкунандагонро дуст дорад.”
Дар ин оят ба шаш вижагии Паёмбари Ислом(с) ишора шуда аст:
1.Меҳрубонӣ ва нармиш бо мардум.
2.Парҳез аз хушунат.
3.Афв ва бахшиши хатокорон.
4.Талаби мағфират барои хатокорон.
5.Машварат ва ҳамфикри бо муъминон.
6.Қотеият дар анҷоми тасмимот ва таваккал бар Худо.
Ҳазрати Алӣ(а) Паёмбар(с)ро чунин васф мекунад:
“Ӯ ҳамеша хандон буд ва ахлоқи нарме дошт ва бадахлоқ набуд, фуҳшу носазо аз ӯ сар намезад, аз касе айб намегирифт, касеро бе маврид таъриф намекард ва нисбат ба чизе, ки мавриди алоқааш набуд бо иғмоз бархурд мекард. ”
Дар сунануннаби омада аст:
“Паёмбари Ислом(с) ҳаргиз аз касе интиқом нагирифт балки касонеро, ки ба вай бади карда буданд мавриди бахшиш қарор медод, ӯ паёмбари дилсӯзе барои мусалмонон буд.”
[1] Сураи Оли Имрон, ояти 159