Гуноҳ ба сабаби он ки дар ростои хостаҳои нафсонӣ ва васвасаҳои шайтонӣ аст,лаззатбахш аст. Аз ин рӯ бисёре аз мардум ба сӯи гуноҳ кашида мешаванд ва тарки гуноҳ барои хелеҳо сахту душвор аст. Бо ин ҳама агар инсон бидонад,ки бо тарки гуноҳ ба чи лаззати бузурге даст меёбад, шояд камтар гаройиш ба гуноҳ ёбад. Ҳазрати Алӣ(а)мефармояд: тарки гуноҳ сахт аст вале тарки биҳишт сахттар аст;[1] зеро он Ҳазрат арзиши биҳишт ва лаззатҳои пойдор ва ҷовидонаашро медонаду мешиносад; чаро ки биҳишт нӯши бе неш аст,ки дар лаззатҳои дунявӣ ҳаргиз наметавон онро ёфт: зеро ҳар нӯши дунёӣ ва ширинии он бо нешу талхӣ ҳамроҳ аст.

Албатта барои инсон тарки лаззати нақд бар лаззати насия сахт аст; чаро ки бовари мардум бар ин аст, ғурраи нақд беҳ аз ҳавлои насия аст; бинобарин агар ба ҷойи ғурраи туруш,ширинии андакро бичашанд,ҳаргиз ҳозир намешаванд, то ин ҳавлои ширин андакро ба ҳавлои ширини бепоён бидиҳанд. Аз инҷост,ки имом Содиқ(а) мефармояд: хушо ба ҳоли касе, ки ба хотири мавъуде,ки онро надида аст,даст аз тамоюлоту хостаҳои ҳозира бардорад.[2]

Лаззати боқӣ ба ҷойи лаззати фонӣ:

Аммо агар инсон бидонад,ки ин шакибойӣ ва сабр дар баробари хостаҳои нафсонӣ чи паёмадҳо ва баракоте дорад, шояд ингуна амал накунад, зеро чи басо сабр кардани як соате,ки шодмонии дарозе ба дунбол дорад ва чи басо, ки лаззати як соате, ки андуҳи дарозеро дар пай хоҳад дошт.[3]

Пас агар инсон бихоҳад ҳисобгарона низ бияндешад бояд сабри кӯтоҳ дар дунёро барои дастёбӣ ба лаззати бепоёни охират бартарӣ диҳад, то хушбахтӣ ва саодати абадиро дарк кунад. Дар ҳақиқат хушбахттарини мардум касест,ки барои лаззати боқӣ аз лаззати фонӣ даст бардорад.[4] Вале афсӯс, ки камтар хирадмандеро метавон ёфт,ки ингуна муҳосиба кунад ва чунин ба ҳисобрасии дақиқ даст ёбад; зеро бисёре аз мардум, ба зоҳир дилбаста мешаванд ва ҳисобрасиро бар асоси лаззатҳои зудгузар қарор медиҳанд ва ба ҷойи лаззати пояндаи ибодат ба лаззати кӯтоҳи гуноҳ рӯй меоваранд. Ин дар ҳолест,ки ҳеч ибодате бартар ва зеботар аз тарки шаҳавот ва хостаҳои нафсонӣ нест.[5]

Паёмбари Гиромӣ(с) мефармояд: Ҳафт касро Худованд дар рӯзе,ки сояи ҷуз сояи ӯ нест,худ бар сарашон соя меафканад. Яке аз он ҳафт кас, марде аст,ки зани зебо ва дорои шуҳрат, ӯро ба сӯйи худ хонад ва мард бигӯяд, аз Парвардигори ҷаҳониён метарсам.[6] Яъне касе, ки бар лаззати кӯтоҳ чашм бипушад ва лаззати биҳишти ҷовидонро бихоҳад. Чунин шахсе ҳисобраси оқилу хирадманд аст. Албатта бархе мегӯянд, ки аз ин лаззати кӯтоҳ баҳра мебарем ва сипас тавба мекунем ва пок мешавам вале ингуна инсонҳо, бояд бидонанд, ки тарки гуноҳ осонтар аз дархости тавба аст, чи басо соате аз гуноҳ, ки андуҳи дароз ба ҳамроҳ дорад.[7] Ба ҳар ҳол, тарки гуноҳ осонтар аз дархости тавба аст.[8] Аз тарафе тибқи баёни Қуръон тавба аз они касонест, ки ноогоҳона гуноҳеро анҷом медиҳанд ва пас аз он огоҳ шуда рӯ ба даргоҳи Худованд оваранд ва тавба кунанд,ки қатъан тавбаи ингуна афрод пазируфта шудааст. Бо ин ҳамма аз куҷо маълум,ки он афроде, ки мехоҳанд пас аз гуноҳ дар оянда тавба кунанд, тавфиқ бар тавба пайдо кунанд. Бар асоси ривоёт, агар инсон дар миёни ду роҳи анҷоми кори нек ва анҷоми гуноҳ гирифтор ояд, дӯри гузидан аз зиштиҳо ва бадиҳо беҳтар ва сазовортар аз анҷоми кори нек аст.[9]

Албатта инсонҳои солим ва дорои фитрати пок ва хиради салим, гаройиш ба некиҳо дошта ва бар асоси ҳамин гаройиши зотӣ аз зиштӣ ва бадиҳои гуноҳ гурезон ҳастанд; зеро гуноҳ ҷуз зиштӣ чизе нест ва инсони дӯстдори зебоиҳо ба он гаройиш надорад. Аз ин рӯ ҳазрати Алӣ(а) дар ҷойи дигар мефармояд: Ҳар кас некиҳоро дӯст дошта бошад, аз ҳаромҳо дӯрӣ меварзад, зеро ҳаром ҷуз зиштӣ нест,ки инсони толиби некӣ,ҳаргиз ба он сӯ намеравад.[10]

Ба ҳар ҳол инсони оқил инсонест, ки лаззатро дар тарки гуноҳ меҷӯяд,чуноне ки зебоиҳоро дар тарки он мебинад ва кори ҳаромро на танҳо ба ҷиҳати бад будани он, балки ба сабаби зиштии он низ тарк мекунад; зеро барои ин афрод гарчи ақли онҳо ҳукм мекунад, ки ин кор бад аст, дил ва эҳсоси онҳо низ ҳукм мекунад, ки ин кор зишт ва бад аст. Бинобарин ҳам аз назари ақл ва ҳам аз назари эҳсосот,гаройише ба гуноҳ надоранд, зеро онро ҳам бад ва ҳам зишт меёбанд. Ингуна аст, ки аз тарки гуноҳ дар ҳамин дунё низ лаззат мебаранд,зеро дӯрӣ аз бадиҳо ва зиштиҳо барои онҳо лаззатофарин аст.

Манобеъ:

[1] -Ғурар-ул-ҳикам,саҳ.350

[2] -васоил,ҷ.11,саҳ.244.

[3] -мустадрак-ул-васоил,ҷ.2,саҳ.299

[4] - Ғурар-ул-ҳикам,саҳ.198

[5] - Ғурар-ул-ҳикам, саҳ.351.

[6] -муҳаҷҷт-ул-байзоъ,ҷ.5,саҳ.185

[7] - васоил,ҷ.11,саҳ.451.

[8] -Наҳҷ-ул-Балоға, Субҳи Солеҳ,саҳ.501.

[9] - Ғурар-ул-ҳикам,саҳ.75

[10] -Баҳор-ул-анвор,ҷ.77,саҳ419.

Тоҷикон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст