Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

إِنَّكَ لَعَلی‏ خُلُقٍ عَظیم

“(Эй Паёмбар!) ҳамон ту бар ахлоқи бузурге устуворӣ.”

Имом Алӣ(а) мефармояд:

“Ахлоқи хуб он аст, ки агар ба хостаҳо ва ончи аз Худованд мехости ба он расиди рози бош ва агар нарасиди асабони набошӣ. Ахлоқи хуб он аст ки дар бархурд бо мардум кина ва интиқом надошта боши ва бемаҳриҳои ононро ба ҳисоб наёвари бо онон рафту омад дошта бошӣ гарчи онон мисли шумо набошад ва агар зулме ба ту шуд мардумро бибахшӣ.”

Имом Ҳасан(а) мефармоянд:

“Ахлоқи хуб, сароғози ҳар кори нек аст.”

Имом Содиқ(а) мефармоянд:

“Ҳамонгуна, ки нури хуршед олудагиҳо (микробҳо) ро мекушад, ахлоқи хуб низ хатоҳои инсонро аз байн мебарад.”

Ахлоқи хуб он аст, ки инсон ҳамеша ва барои ҳама онро ба кор барад. Ба ҳамаи мардум салом кунад ва ба ҳама эҳтиром бигузорад.

Пас агар касе фақат ба муаллими худ салом мекунад ва эҳтиром мегузорад ба ин кор ба танҳои ахлоқ гуфта намешавад.

Паёмбари Акрам(с) ҳатто ба кудакон салом мекард. Ононро бо номи хуб садо мекард. Бо мардуми одди машварат ва ба онон дуо ва бо онон ҳамкори мекард. Дар сафаре, ҳамроҳон мехостанд хурок таҳия кунанд ва ҳар кас кореро ба уҳда гирифт. Паёмбар(с) фармуд:

“Пас ман ҳам барои пухти хурок ҳезум ва оташ таҳия мекунам.” Ҳамроҳони Паёмбар(с) гуфтанд: “Мо корҳои шуморо анҷом медиҳем.” Паёмбар(с) қабул накард ва фармуд:

“Агар мехоҳед ман аз ин хурок бихурам, ман ҳам бояд саҳме дар ин кор дошта бошам.”

Паёмбари азизи мо бо афроди фақир ҳам хурок мешуд, бо онон хурок мехурд ва бо онон даст медод. Рӯи замин менишаст, ҳатто агар як адад хурморо ба ӯ медоданд, мепазируфт ва ҳамеша табассум бар лаб дошт.



Сураи Қалам, ояти 4.

 

ترجمه و بارگزاری

Normal 0 false false false EN-US X-NONE AR-SA
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст