Масъалаи дарки ахлоқ дар инсон як эҳсоси табиъӣ ҳаст, ки офаридгори доно дар ниҳоди ӯ амонат гузоштааст. Ва ҳамин эҳсос аст, ки инсонро водор мекунад бархе аз сифатҳоро дӯст дошта бошад ва нисбат ба баъзеи дигар эҳсоси нафрат кунад. ин шуъур ва идрок, агарчӣ ба афроди мухталифи башар гуногун аст, вале идроки тамоми мардум қатъи назар аз хусусиёт ҳамеша ва дар ҳар замон бархе аз кирдорҳоро нек ва баъзеи дигарро зишт ва қабеҳ мешуморад.

Масалан, ростӣ, дурустӣ, адолат, амонат ва вафо ба аҳд, ҳамаи инҳо сифотеанд, ки инсоният дар ҳама давру замон онҳоро дар баробари сифоте қарор дода, ки сазовори ситоишанд. Барои инсон ҳанӯз замоне пеш наёмада, ки дар он дурӯғ, зулм, хиёнат ва ҳилагариро нек тасаввур намояд ва ҳамчунин мавзӯъи мардонагӣ, меҳрубонӣ, ҷавонмардӣ, бахшиш, афв ва ҳамаи ин сифоте мебошад,ки ҷаҳони инсоният дар тамоми давру замонҳо фақат бо дидаи азамат ва қадр ба онҳо нигоҳ кардааст. Баръакс, худхоҳӣ, сангдилӣ, бухл, ва тангчашмиро ҳаргиз инсоният аз ҷумлаи сифоти арзишманд ва бузург надонистааст. инсоният ҳамеша шикебоӣ, бурдборӣ, ҳимматбаландӣ ва шуҷоатро гиромӣ дошта, онҳоро бо дидаи азамат менигарад. Башар ҳамеша хештандорӣ, зери бори зиллат нарафтан, ҳусни хулқ ва ҳусни муоширатрот аз фазоили ахлоқӣ ва аз сифоти писандида талаққӣ намудааст. Аммо шаҳватпарастӣ, сифлагӣ, беадабӣ, ва бадахлоқӣ дар миёни сифатҳое,ки инсоният онҳоро аз ахлоқи нек мешуморад, макон ва мавқеъ надорад. Ҳамин тавр инсоният дар миёни фазоил аз анҷоми вазифа ва вафо ба аҳд, қудрат дар амал, дурандеширо бузург мешуморад ва ҳаргиз нисбат ба афроде,ки вазифаашонро анҷом надода, ба аҳду паймони хеш вафо накунанд, ба назари таҳсин нанигаристааст. Ҳама инҳо, ки зикр шуд сифатҳои фардӣ ва шахсӣ ҳастанд. Башар дар миёни ҷамъиятҳо ҳеҷ ҷамъиятеро сазовори эҳтиром надониста, ҷуз ҷамъиятеро, ки аз назари комил ва ҳусни тадбир саҳми кофӣ дошта ва парчами ҳамкорӣ, мададгорӣ, дӯстӣ, хайрхоҳӣ, баробарӣ ва адолати иҷтимоъӣ дар осмони он ба ҷилва даромада бошад. инсоният ба ҷамъияте, ки дар он парокандагӣ, парешонӣ ва ошӯбу фитна, монанди анкабут дар он лона сохта ва аз ҳар сӯ душманӣ, нафрат, ҳасад, ситамгарӣ ва имтиёзоти ғалати афроди башарӣ онро иҳота кардааст, бо дидаи тааҷҷӯб нигаристааст. Ҳеҷ гоҳ амалҳои дуздӣ, зино, одамкушӣ, тороҷгарӣ, риёкорӣ, порахӯрӣ, фаҳҳошӣ, мардумозорӣ, ғайбат, суханчинӣ, ҳасад, тӯҳмат ва фасодангезӣ дар рӯи замин бо дидаи тақдис нигариста нашудаанд. Лекин сифоти некӣ ба волидайн, хешон, эҳтироми ҳамсоягон, ёрии дӯстон дар мавридҳое, ки ҳақ доранд, рафъи эҳтиёҷи ятимон ва бечорагон, айёдати беморон ва ғайра сифатҳое ҳастанд ,ки одамӣ ба онҳо бо назари нек нигоҳ мекунад ва ҳамчунон, ки арзиш ва мақомеро,ки инсоният ба афроди покдоман, хушгуфтор, нармтабиат, хушахлоқ ва амонатдор қойил аст, ҳаргиз онро нисбат ба афроди ҳилагар, тамаъкор, риёкор, ҳарис, якрав ва гарданкаш қойил нест. Неку бадӣ сохтаву бофта нестанд, ки бар касе пинҳон бошад, то агар касе хост онҳоро бишиносад, ба баҳсу баррасӣ мӯҳтоҷ шавад, балки инсон аз ҳамон рӯзи нахуст неку бадро шинохтааст. Аз рӯи тавоноии фитрие,ки Худованд ба ӯ ато карда ва ҷузъи сиришташ қарор додааст, ба неку бадӣ ошноӣ дорад. Аз ин ҷиҳат аст, ки Қуръон хайрро ба номи маъруф ва шарро ба номи мункар ёд мекунад. Мақсуд аз ин гуна номгузорӣ ин аст, ки «маъруф» чизест, ки инсон онро фитран шинохта, ба он майл дорад ва ҳамзамон ба он унс низ гирифтааст. Аммо «мункар» чизест, ки инсон онро нашинохта, аз он нафрат дорад ва ба ҳамин далел аст, ки барои таъйид дар Қуръони карим омадааст: « Бадкорӣ ва парҳезгор буданро бар ӯ илҳом бахшида», яъне бар нафси инсоният илҳом намуда, (сураи Шамс, ояи 8)

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст