Ба номи Худо

Ончунон к-аз рафтани гул хор мемонад ба ҷо,

Аз ҷавонӣ ҳасрати бисёр мемонад ба ҷо.

Оҳи афсусу сиришки гарму доғи ҳасрат аст,

Ончи аз умри сабукрафтор мемонад ба ҷо.

Комҷӯӣ ғайри нокомӣ надорад ҳосиле,

Дар кафи гулчин зи гулшан, хор мемонад ба ҷо.

Ҷисми хокӣ монеи умри сабукрафтор нест.

Пеши ин селоб, кай девор мемонад ба ҷо?

Ҳеҷ кор аз саъйи мо чун куҳкан сурат набаст,

Вақти он кас хуш к-аз ӯ осор мемонад ба ҷо.

Занги афсусе ба дасти хоҷа ҳангоми раҳил,

Аз шумори дирҳаму динор мемонад ба ҷо.

Нест аз кирдори мо беҳосилонро баҳрае,

Чун қалам аз мо ҳамин гуфтор мемонад ба ҷо.

Айши ширинро бувад дар чошнӣ сад чашми шӯр,

Барги Соиб бештар аз бор мемонад ба ҷо.

Соиби Табрезӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст