
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Алҳамдулиллоҳи раббил оламин вассалоту вассалому ъало саййидино ва набиййино Абилқосимил Мустафо Муҳаммад ва ъало олиҳи атябинал атҳаринал мунтаҷабин сияямо Бақияталлоҳи фил аразин.
Алҳамдулиллоҳи раббил оламин вассалоту вассалому ъало саййидино ва набиййино Абилқосимил Мустафо Муҳаммад ва ъало олиҳи атябинал атҳаринал мунтаҷабин сияямо Бақияталлоҳи фил аразин.
Ба ҳамаи бародарони азизу хоҳарони азиз хӯш омад мегӯям, ки имрӯз ин ҳусейнияро бо нафаси гарму ҳузӯри хеш мубораку равшан гардониданд. Як ҷумла дар мавриди 12-уми баҳман мегӯям, ки рӯзи муҳиммест; як ҷумла ҳам дар бораи ин фитнаи як-ду ҳафтаи пеш мегӯям – тавзеҳе барои он ки ин чӣ падидае буд, чӣ воқеъае буд, ки рӯх дод – як ҷумлаи кӯтоҳе ҳам дар бораи Амрико мегӯям. Инҳо маводдест, ки ман ёддошт кардаам, то ба бародарони азизу хоҳарони азиз арз кунам.
Аммо дар мавриди 12-уми баҳман. 12-уми баҳман дар ҳақиқат як рӯзи истисноӣ аст. Дар давоми сол рӯзҳое ҳастанд, ки медонед воқеъае дар ин рӯз рӯх дода, рӯзи муҳиммест, рӯзи бузӯргест; ин рӯзҳо дар таърих ба унвони як ҳодиса, ба унвони як масъалаи муҳим сабт мешавад. Вале баъзе аз рӯзҳо ҳастанд, ки инсон онҳоро аз барҷастагӣ ва аз таърихият фаротар мушоҳида мекунад; инҳо рӯзҳои таърихсозанд. Воқеъае, ки дар он рӯх дода, дар воқеъ масири ҳаракати таърихро иваз карда ва тағйир додааст. Рӯзи 12-уми баҳман аз ин қабил ва рӯзҳо аст.
Имом Хумайнӣ (рҳ) дар дили таҳдидҳо ба Теҳрон омад; дар дили таҳдидҳо! Шумо ҷавонҳо он рӯзҳоро надидаед. Таҳдиди Амрико буд, таҳдиди режим(Шоҳ) буд, таҳдиди терористҳо буд; баъдҳо маълум шуд, ки инҳо чӣ барномаҳое доштанд барои омадани Имом(рҳ). Дар дили ин таҳдидҳо, Имом(рҳ) бо ҷасорату ғайрат ба Теҳрон омад; ба Теҳрон ворид шуд ва миллат якпорча мақдами Имомро бузург доштанд. Он истиқболе, ки дар рӯзи 12-уми баҳман аз Имом карда шуд, то он ҷое, ки мо иттилоот дорем, дар таърих ва дар замони хӯдамон, ки аҳолӣ зиёд шуда, имконот зиёд шуда, собиқа надорад; ин истиқболи аҷиб аз Имом(рҳ) буд!
Хӯб, як роҳбаре, як бузӯрге, як имоме ба ҷомеъа ворид шуд, ҷомеъа ҳам Ӯро дар оғӯш гирифт, ки як ҳодисаи муҳимме буд. Вале Имом Хӯмайнӣ(рҳ) нагӯзошт ин истиқболи зиёд ба сурати ташрифот бимонад. Ин гӯна воқеъаҳо, гоҳе танҳо ташрифот аст; меоянд ба як касе эҳтиром мекунанд, баъд ҳам мутафарриқ мешаванд, мераванд; Ӯ ҳам меравад, инҳо ҳам мераванд. Имом(рҳ) нагӯзошт, ки ин ҳодисаи бузӯрг ба сурати ташрифот баргӯзор шавад; аз ҳамон соати аввал, шурӯъ кард ба кор.
Аввалан, аввалин коре, ки Имом Хӯмайнӣ(рҳ) кард, суқути низом (подшоҳӣ)-ро дар ҳамон рӯзи вурӯд эълон кард. Имом(рҳ) дар биҳишти Заҳро, дар муқобили ҷамъияти миллионӣ суханронӣ кард ва исқоти низоми подшоҳиро – ки мегуфтанд чанд ҳазор сол собиқа дорад – ва табдили он ба як низоми нав ва ҷадидро бо хусӯсиятҳои муҳиму барҷаставу бузӯрг эълон кард. Хуб, ин низоми ҷадиде, ки Имом(рҳ) ваъдаи онро дар ворид шудан ба Теҳрон дар рӯзи 12-уми баҳман дод, хусӯсиятҳои гуногӯне дошт, ки акнун баъзе аз онҳоро шояд ишора кунам. Вале [тибқи] он чӣ Имом(рҳ) фармӯданд, ду хусӯсият асосӣ ва пояӣ, ду хусӯсияти муҳим дар ин низом вуҷӯд дорад:
Яке, он ки ҳукумати шахсӣ ва истибдодиро(дектатуриро) ба ҳукумати мардӯмӣ табдил мекунад; ки ин хеле муҳим аст. Мардӯм дар кишвар ҳеҷкора буданд; ҳатто вазирон ва давлатҳо ва ҳамчун инҳо ҳам ҳеҷкора буданд; ҳамакор, ҳама чиз дар як маҷмӯъа, дар як дарбор пӯхту паз мешуд ва иҷро мешуд. Ин [ҳукумат] табдил шуд ба ҳукумати мардӯмӣ; яъне мардӯм эълони назар кунанд, интихоб кунанд, ихтиёр кунанд.
Хусӯсияти дуввум, табдили фароянди(фаъолиятҳои) зидди динии ҳоким бар кишвар, ба фароянди исломӣ ва динӣ буд. Агар касе хотираҳои риҷоли давраи Паҳлавиро – ки баъдҳо ё дар ҳамон замон навиштанд – бихонад, мебинад, мефаҳмад, ки инҳо доштанд, Эронро ба сӯи як маҷмӯъаи комилан зидди дин(бебандуборӣ) ҳаракат медоданд; ҳаракате медоданд, ки дар он ҳеҷ нишонае аз Ислом ва аз дин ва аз Қуръон набошад; кишвар ба тадриҷ ба ин сӯ ҳаракат мекард.
Имом Хӯмайнӣ(рҳ) роҳ ва масирро 180 дараҷа иваз кард – албатта кишварро якбора намешавад сад дарсад мувофиқи дин кард – балки ҳаракат, ҳаракати динӣ шуд ва ба тадриҷ ба сӯи дин пеш рафт. Агар моҳо – мо масъулон – дурӯст ба он вазифаҳои динӣ амал мекардем, то ҳол он воқеъа рӯх дода буд; яъне дар ҳақиқат кишвар динӣ шуда буд. Дар ҳақиқат моҳо – баъзе аз давлатҳо, баъзе аз масъулон, баъзе аз касоне, ки метавонистанд коре бикунанд – кӯтоҳӣ кардем; корҳое мебоист мекардем, накардем; корҳое набояд мекардем, кардем; вале боз дар айн ҳол(бо ин кӯтоҳиҳо), ҳаракат, ҳамон ҳаракате буд, ки Имом(рҳ) поягузорӣ кард; яъне мо дар ин фароянди динию исломӣ пешрафт кардем.
[Албатта] як хусӯсияти дигаре, ки ин ҳокимияти навин дошт ва дар баёноти Имом(рҳ) зикр мешуд, ва дар байни ин хусӯсиятҳое, ки Имом(рҳ) зикр мекарданд хеле муҳим буд ва истикборро дастпоча мекард, иборат буд аз буридани дасти Амрико аз Эрон. Имом Хӯмайнӣ(рҳ) дар баёноти хӯдашон аз аввал, қатъи нуфӯзу дахолати Амрико дар Эронро эълон карданд, ки акнун ман баъдҳо дар поёни сухан, дар ин замина чанд ҷумлае мегӯям. Ин ҳам як хусӯсият, ки ин ҳамон хусӯсияте буд, ки Амрикоиҳоро дастпоча кард. Он чӣ онҳоро аз лаҳза ва соати аввал бештар аз ҳама дастпоча кард, нороҳат кард, ба талош водор кард, ба дӯшманӣ водор кард ин буд, ки [эълон шуд] нуфӯзу дахолат дар кишвари мо манъ аст; кишвар моли миллати Эрон аст, хӯдашон ва мунтахабинонашон бояд тасмим гиранд.
Дар мавриди мардӯмӣ будани инқилоб ва мардӯмӣ будани ҳукумат – ки гӯфтем ин хусӯсияти [низоми исломӣ] буд – коре, ки Имом Хӯмайнӣ(рҳ) кард, ин буд, ки мардӯмро, миллати Эронро бо тавоноиҳои хӯдаш, бо арзишҳои хӯдаш ошно кард. Имом Хӯмайнӣ(рҳ) баёни муассир ва таъсиргӯзоре дошт; сухани Имом(рҳ) дар дилҳо менишаст. Имом Хӯмайнӣ(рҳ) миллати Эронро ба таври комил огоҳ кард, ки чӣ тавоноиҳои бузӯрге доранд. Ин калимаи «Мо метавонем»(бовар кунем ки дар ҳақиқат мо инсонҳо ҳамаи корро метавонем ва монеъаҳоро ҳам бармедорем) хеле муҳим аст. Мо ки пеш аз инқилоб зиндагӣ кардем, ҳатто мо ки аҳли мубориза будем, дар ҳақиқат ҳама ақида доштем, ки Эрониҳо коре наметавонанд бикунанд! «Наметавонем» бар ҳамаи зеҳну афкори мардӯм ҳоким буд; Имом Хӯмайнӣ(рҳ) омад инро зеру рӯ кард, эълон кард «Метавонем». Миллатро бо арзишҳои хӯдаш ошно кард, Ӯро бо тавоноиҳои хӯдаш ошно кард. Миллати мо дар давраи Паҳлавиҳо(Шоҳаншоҳии Паҳлавиҳо) ва Қоҷориҳо(Шоҳаншоҳии Қоҷориҳо) ба як миллати таҳқиршуда(нотавон) табдил шуда буд. Миллати Эрон бо он собиқаҳо, бо он тамаддӯн, бо он илм, бо он донишмандон, бо он китобхонаҳои азиму бузӯрг, аз авоили Қоҷор то тамоми давраи Паҳлавӣ табдил шуд ба як миллати таҳқиршуда, ба як миллати ақибмонда; дар илм ақиб монда будем, дар технология ақиб монда будем, дар сиёсат ақиб монда будем; Эрон ҳеҷ таъсире дар сарнавишт ва сиёсатҳои минтақаӣ надошт, сиёсатҳои ҷаҳонӣ, ки ба ҷои хӯд!
Ман як вақт инҷо як ҳодисаеро нақл кардам (1), ки баъд аз ҷанги ҷаҳонӣ [аввал], аз кишварҳои дӯнё даъват карда буданд, ки биёянд дар конфронси Порис(Фаронса) роҷеъ ба масъалаҳои байналмилалӣ тасмимгирӣ кунанд; аз Эрон ҳам як ҳайати бузӯрге бархостанд рафтанд Порис, ки дар он конфронс ширкат кунанд; вале роҳашон надоданд! Ҳайати эронӣ рафт пушти дар мунтазир монд, рӯзҳои зиёде гӯзашт, иҷоза надоданд, ки ба ин ҷаласа дохил шаванд. (Бибинед)Эрони бо ин азаматро, Эрони мутамаддинро, Эроне, ки як рӯзе сарчашмаи илму фалсафа ва ҳама чиз дар дунё буда ва ҳама аз ӯ истифода мекарданд, онро ба инҷо расонида буданд; ин гӯна таҳқиршуда ва ин гӯна хӯрд шуда буд! Дар илм, дар фановарӣ(технология), дар сиёсат, дар рсаму услуби зиндагӣ, дар эътибори байналмилалӣ, дар тасмимҳои минтақавӣ, дар ҳамаи инҳо миллати Эрон дар давраи Паҳлавӣ ва давраи Қоҷор ақибмонда ва таҳқиршуда буд; на як ихтироъе, на як кори муҳимме, на як ҳаракати барҷастае дошт.
Имом Хӯмайнӣ(рҳ) миллатро нисбат ба ин ақибмондагӣ огоҳ ва ҳассос кард, то миллат дарку эҳсос кунад, ки «чаро бояд мо ақибмонда бошем? Чаро бояд мо хӯдамон истеҳсол накунем, хӯдамон насозем, хӯдамон пешкаш(савдо) накунем, хӯдамон дар дунё назару сухан надошта бошем? Чаро?». Имом Хӯмайнӣ(рҳ) бедору ҳассос кард миллатро; ҳисси тавоноиро дар миллати Эрон зинда ва эҳё кард; Имоми бузургвор(рҳ) эътимод ба нафсро(хӯдбовариро) дар миллат дамид; миллати Эрон дигар эътимод ба нафс дорад. Акнун шумо дигар масалан дар баробари фалон миллати авруппоӣ, ҳатто миллати Амрико эҳсоси нотавонӣ ва заъф намекунед, эҳсоси кӯчакӣ ва хӯрдтар будан намекунед. Мегӯед; метавонем, мекунем; ва кардаед!
Дар ин чиҳлу чанд сол(47сол), корҳои бузӯрге дар ин кишвар анҷом гирифт, ки пештар ҳатто фикрашро ҳам намешуд кард, аммо анҷом гирифт. Ҳамин акнун ҳам ҳамин гӯна аст. Албатта пинҳон мекунанд; мо ҳам таблиғотамон ва муаррифиамон заъиф аст. Акнун ҳазорон ширкат марбути ин ҷавонҳо ҳаст, ки машғули кор шудаанд ва хӯдашон доранду кор мекунанд; дастгоҳҳои муҳим, корҳои бузӯрг. Ин донишҷӯёнеро, ки баъзе аз дастгоҳҳо бардоштанд бурданд ва баъзе аз ин корҳои саноатиро дар гӯшаву канори кишвар – на фақат дар Теҳрон – нишон доданд, таъаҷҷуб карданд, боварашон намеомад! Чӣ касе бовар мекард, ки як рӯзе бирасад, ки Эрон як силоҳу аслиҳае бисозад, ки Амрико аз рӯи он рӯбардорӣ ва нусхабардорӣ кунад? (2) Ба ақли касе мерасид? Аммо ин шуд, ин воқеъа рӯх дод. Имом Хӯмайнӣ(рҳ) ин бовар ва рӯҳи эътимод ба нафсро(хӯдбовариро) дар мардӯм дамид, рӯҳияи умедро, рӯҳияи баландпарвозиро дар онҳо дамид.
Хӯди Имом Хӯмайнӣ(рҳ) ҳам таҷаллӣ ва мазҳари ин умед буд; мазҳари ин умед буд. Аслан ҳеҷ мушкиле дар баробару муқобилаш вуҷӯд надошт. [Мегӯфт:] Хӯррамшаҳр(шаҳрест дар марзи Эрону Ироқ) бояд озод шавад! Акнун мо(он замон) он ҷо будем, Хӯррамшаҳре, ки аз атроф дар муҳосираи лашкарҳо [буд]; «Хуррамшаҳр бояд озод шавад»; як калима! Яъне бовар ва итминон дошт ки ин кор шуданист. Инро гӯфт, ҷавонҳо [ҳам] талошу ҳиммат карданд, ва (шаҳр озод)шуд. Хӯди Ӯ намӯна ва мазҳари ин умед буд ва мардӯмро ҳам ба сӯи ин умед ҳаракат медод. Имрӯз ҳам агар ин васвасаҳои шайтонҳои хабис(дурӯғгу) – воқеан хабис – [набошад] ҳамин гӯна аст; баъзе(дурӯғгӯён) аз дохил, баъзе аз хориҷ, ки ҳамеша васваса мекунанд, ки ҷавон Эронӣ умед надорад, оянда надорад ва монанди инҳо; бале, ба кӯрии чашми шумо(дурӯғгӯён), ҳам умед дорад, ҳам оянда дорад, ҳам ояндаро месозад, ҳам пеш меравад.
22-уми баҳманро(пирӯзии инқилоби исломии Эронро) 12-уми баҳман(омадани Имом Хӯмайнӣ(рҳ)) ба вуҷӯд овард. 22-уми баҳман, ба он азаматро 12-уми баҳман ба вуҷӯд овард. Агар 12-уми баҳман набуд, агар омадани Имом Хӯмайнӣ(рҳ) набуд, агар он истиқболи бузӯрги мардӯмӣ набуд, 22-уми баҳман(пирӯзии инқилоби исломии Эрон) ба вуҷӯд намеомад. Рӯзи Ҷумҳурии Исломиро, ки 12-уми фарвардин аст, 12-уми баҳман ба вуҷӯд овард; пешрафтҳои ин кишварро 12-уми баҳман ба вуҷӯд овард. Рӯзи муҳиммест, таърихсоз аст. Рӯзи 12-уми баҳман, ки имрӯз бошад, дар ҳақиқат як рӯзи таърихсоз аст; инро фаромӯш накунем. Ба баракати лутфе, ки Худои Мутаол ба Имоми бузургвор(рҳ) дошт, ин анҷом гирифт ва биҳамдиллоҳ то имрӯз ҳам давом дорад. Албатта 12-уми баҳман ин баракатҳоро дошт, дӯшмании Амрикоро ҳам дошт. Дӯшмании Амрико аз ҳамон рӯзи 12-уми баҳман беш аз пеш ошкор шуд, нишон дода шуд ва гӯфта шуд. Ин ҳам буд, ки ҳоло [роҷеъ ба] ин ҳам баъдҳо як калимае арз мекунам. Ин, дар бораи 12-уми баҳман.
Аммо фитнаи ахир; ин фитнае, ки 18-уму 19-уми деймоҳ(8 ва 9-уми январ) воқеъ шуд. Аввалан таъбири банда ин аст, ки ин фитна, фитнаи Амрикоӣ-саҳюнӣ буд. Пештар ҳам ман дар як рӯзи дигаре дар ин ҷаласа гуфтам, (3) ин касоне, ки омада буданд иғтишош(харобкорӣ) мекарданд, ду даста буданд, ду гӯна одам буданд. Як гӯна одамҳои сардаста ва як гӯна ҳам пиёданизом «ҳамаҷур-рироъ». (4) Он сардастаҳо омӯзишдида буданд; пул гирифта буданд, омӯзишдида буданд, ба онҳо ёд дода буданд, чӣ гӯна ҳаракат кунед, чӣ гӯна ҳамла кунед, ба куҷо ҳамла кунед, чӣ гӯна ҷавонҳоро ҷамъ кунед, чӣ гӯна бо онҳо гап бизанед; ҳамаи инҳоро ба сардастаҳо ёду омӯзиш дода буданд. Хеле аз он сардастаҳо гирифтор шуданд, дастгир шуданд, эътироф карданд ба ин чизҳо.
Як даста ҳам ҷавонҳои ҳайҷонӣ(эҳсосӣ ва хом) буданд, ки сару садое буд, роҳ афтоданд омаданд; дар бораи онҳо хеле мушкеле надорем. Фитна, фитнаи Амрикоӣ буд; нақша, нақшаи Амрико буд. На фақат Амрико, балки саҳюнӣ(Исроилӣ); режими саҳюнӣ ҳам ҳамроҳ буд. «Амрико», ки мегӯям, фақат як даъво нест; аз роҳҳои иттилоотии амниятии махфии печидаву печдарпеч ҳам ба дасти мо нарасидааст. Албатта чаро, иттилоъ дорем аз хеле аз хусӯсиятҳо, аммо он чи равшан мекунад, ки ин ҳаракат як ҳаракати Амрикоӣ буд, фармоишоти хӯди он раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида (5) аст; аввалан ошкоро хитоб ба ин иғтишошгарон мегӯфт «мардӯми Эрон»! Акнун рӯзи 22-уми деймоҳ чандин миллион одам дар Теҳрон ва дар шаҳристонҳо ҷамъ шуданд, онҳо мардӯми Эрон набуданд? [аммо] ин чанд ҳазор нафар мардӯми Эрон буданд! Ба инҳо мегӯфт «мардӯми Эрон», баъд ҳам гуфт «биравед пеш, биравед пеш, ман дорам меоям!(ҳамроҳатон ҳастам)». Пас фитна, фитнаи Амрикоӣ буд.
Як даста ҳам ҷавонҳои ҳайҷонӣ(эҳсосӣ ва хом) буданд, ки сару садое буд, роҳ афтоданд омаданд; дар бораи онҳо хеле мушкеле надорем. Фитна, фитнаи Амрикоӣ буд; нақша, нақшаи Амрико буд. На фақат Амрико, балки саҳюнӣ(Исроилӣ); режими саҳюнӣ ҳам ҳамроҳ буд. «Амрико», ки мегӯям, фақат як даъво нест; аз роҳҳои иттилоотии амниятии махфии печидаву печдарпеч ҳам ба дасти мо нарасидааст. Албатта чаро, иттилоъ дорем аз хеле аз хусӯсиятҳо, аммо он чи равшан мекунад, ки ин ҳаракат як ҳаракати Амрикоӣ буд, фармоишоти хӯди он раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида (5) аст; аввалан ошкоро хитоб ба ин иғтишошгарон мегӯфт «мардӯми Эрон»! Акнун рӯзи 22-уми деймоҳ чандин миллион одам дар Теҳрон ва дар шаҳристонҳо ҷамъ шуданд, онҳо мардӯми Эрон набуданд? [аммо] ин чанд ҳазор нафар мардӯми Эрон буданд! Ба инҳо мегӯфт «мардӯми Эрон», баъд ҳам гуфт «биравед пеш, биравед пеш, ман дорам меоям!(ҳамроҳатон ҳастам)». Пас фитна, фитнаи Амрикоӣ буд.
Ин мавзӯъро таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки ин фитна, аввалин фитнаи пайдошуда дар Теҳрон набуд, охирон ҳам нест; баъд аз ин ҳам аз ин қазоё ва ҳодисаро хоҳем дошт. Аввалин фитна набуд, охирин фитна ҳам нахоҳад буд; баъд аз ин ҳам аз ин қазё мумкин аст иттифоқ биафтад. Ба ҳарҳол мо як кишваре ҳастем, ки як фикри нав ва ҷадиде дорем, як роҳи ҷадиде дорем, ки бо манфиъатҳои зургӯён ва қулдурони олам дар зиддиятем, дар задухӯрдем; ҳамеша бояд чунин чизеро мунтазир буд. Ҳол инҳо то кай давом пайдо мекунад? То он вақте, ки миллати Эрон ба ҷое бирасад, ки субот, истиқомат ва тасаллуташ бар умур, дӯшманро маъюс ва ноумед кунад; ки бояд албатта ба инҷо бирасем ва мерасем.
Пеш аз ин фитна ҳам ин хиёбонҳои Теҳрон шоҳиди ҷиноятҳо буданд, шоҳиди ҳодисаҳо буданд; дар 30-уми хурдоди соли 60, мунофиқин дар ҳамин хиёбонҳои Теҳрон бо теғи фаршбурӣ ба ҷони басиҷиҳо афтода буданд! Мо аз ин ҳаводис зиёд дидаем; ин аввалин набуд, охирин ҳам нест. Инсон дар ҳамаи ин ҳодисаҳо дасти бегонагонро мушоҳида мекунад; ба таври хос дар ин ҳодиса дасти Амрикоро, дасти режими саҳюнистиро мушоҳида мекунад.
Албатта дар ин фитнаи охир ва пеш аз ин дар бақияи ҳодисаҳо, масъулон – масъулони интизомӣ, басиҷ ва сипоҳ ва дигарон, ки масъулият доштанд – комилан ба масъулияти хӯдашон амал карданд, аммо он чизе, ки оташи фитнаро зери пояш хокистар кард, «мардӯм» буданд; ҳам ин дафъа ин гӯна буд, ҳам соли 88 ин гӯна буд, ҳам мавориди дигар ин гӯна буд. Вақте ки мардӯм вориди майдон мешаванд ва тасмим мегиранд, оташҳоро хомӯш мекунанд, шуълаҳоро хокистар мекунанд. Ин воқеъае буд, ки ин дафъа ҳам иттифоқ афтод; баъд аз ин ҳам ба тавфиқи илоҳӣ агар чунон ки ҳодисае барои кишвар пеш биёяд, Худои Мутаол ин мардӯмро бармеангезад ва мабъус хоҳад кард, барои муқобила бо ҳодисаҳо ва корро мардӯм тамом хоҳанд кард.
Хӯб чанд хусӯсият дар ин фитна буд, ки ман мехоҳам ин ду-се хусӯсиятро бигӯям:
Яке, он ки иғтишошгарон ва харобкорон хӯдашонро пушти эътирозоти ороми мардӯми бозорӣ пинҳон карданд; ин яке аз хусӯсиятҳо буд. Яъне дар воқеъ бозориҳоро сиппари хӯдашон қарор доданд; мисли баъзе аз афроди ҷинояткор дар баъзе шаҳрҳо, дар баъзе ҷойҳои дунё, ки вақте бо нерӯҳои муҳоҷим рӯ ба рӯ мешаванд, бачаҳо ва занҳо ва ҳамчун инҳоро сипар қарор медиҳанд, хӯдашон пушти онҳо қарор мегиранд. Фитнагарон пушти сари бозориҳо пинҳон шуданд. Бозориҳо эътироз доштанд; дар хиёбон ҳам омада буданд, баъзеашон дӯконҳояшонро ҳам баста буданд – ман он дафъа дар як ҷаласае мисли ҳамин ҷаласа гӯфтам, ки суханашон ҳам сухани мантиқӣ ва дурӯст буд (6) – инҳо омаданд пушти онҳо пинҳон шуданд, барои он ки шинохта нашаванд; вале бозориҳо боҳӯш буданд, нақша ва мавзӯъро фаҳмиданд; то диданд [ин ҷараён] иғтишошгар аст, то диданд ба ҷои ҳаракати ором дар хиёбон ба калонтарӣ (шуъбаи пулис) ҳамла мекунанд, фаҳмиданд, ки ин иғтишошгар аст, хӯдашонро аз онҳо ҷудо карданд, канор рафтанд ва инҳоро танҳо гӯзоштанд.
Як хусӯсияти дигар, ин ки ин фитна шабеҳи кудато(табаддулот) буд; яъне баъзеҳо ҳам дар дунё аз ин фитнае, ки воқеъ шуд, таъбир карданд ба кудато; гӯфтанд дар Эрон кудатое роҳ афтод, ки албатта саркӯб шуд, аммо кудато буд. Яъне чӣ кудато буд? Яъне ҳадафи тахриб, марказҳои ҳассосу муассир дар идораи кишвар буд. Ба полис ҳамла карданд, ба марказҳои сипоҳ ҳамла карданд, ба баъзе аз марказҳои давлатӣ ҳамла карданд, ба бонкҳо ҳамла карданд; ин аз ҷиҳати моддӣ; ба масҷидҳо ҳамла карданд, ба Қуръон ҳамла карданд; ин ҳам аз ҷиҳати маънавӣ. Он чи кишварро идора мекунад инҳо аст; ба инҳо ҳамла карданд. Ин шуд кудато(табаддулот).
Як нуқтаи дигар, ки дар мавриди ин фитна вуҷӯд дорад ва хӯб аст ба он таваҷҷӯҳ ва диққат дошта бошед, ин аст, ки нақша ва тарҳрезии ин фитна дар хориҷ воқеъ шуда буд, аз дохил набуд. Бале, як гурӯҳи дохилӣ ин фитна ва иғтишошро роҳ андохтанд, вале нақшаро дар хориҷ кашида буданд. Аз хориҷ дастӯр дода мешуд, яъне инҳо бо хориҷ тамос доштанд, албатта ҳамин сардастаҳо; сардастаҳо тамос доштанд бо хориҷ, онҳо мегӯфтанд акнун ин корро кунед, акнун ба фалон ҷо ҳамла кунед, акнун ба фалон хиёбон биравед; ин чизҳоро аз хориҷ ба онҳо мегӯфтанд ва бо истифода аз имконоти моҳвора ва амсоли инҳо, иттилооте ба даст меоварданд ва инҳоро роҳнамоӣ мекарданд.
Банда аз як тариқе мутталеъ ва огоҳ шудам, ки як унсури Амрикоии муассир дар ҳукумат, ба ин тарафи Эрониаш гӯфта буд, ки дар ин қазияи охире, ки дар Эрон воқеъ шуд, созмони CIA-и Амрико ва созмони Mosad-и режими саҳюн, ҳамаи имконоти хӯдашонро ба саҳна оварданд! Инро як Амрикоӣ эътироф кард, гӯфт ду дастгоҳи ҷосусии фаъол ва муътабар, яъне CIA ва Mosad, ҳамаи имконоташонро ба майдон оварданд ва дар айни ҳол шикаст хӯрданд. Нақша берун кашида шуда буд, аз берун идора мешуд ва дастӯр дода мешуд.
Яке аз хусӯсиятҳои дигари ин фитна ин буд, ки ин сардастаҳои омӯзишдида вазифадор буданд, ки куштасозӣ кунанд, кушта ба вуҷӯд оранд. Ҳеҷ дӯшмании хоссе ҳам бо баъзе аз афрод надоштанд, аммо бояд кушта ба вуҷӯд меомад. Барои ҳамин инҳо ба марказҳои низомӣ ва интизомӣ ҳамлаи мусаллаҳона мекарданд, бо силоҳи шахсии пешрафта ҳамла мекарданд, барои он ки аз он тараф ҳам аксул амал ва вокуниш нишон дода шавад ва иддае кушта шаванд. Ба ин ҳам иктифо ва басӣ намекарданд; ҳатто ҳамон пиёданизомиро ҳам, ки хӯдашон бо таблиғот ба майдон оварда буданд, аз пушти сар мезаданд! Ба банда иттилоъ доданд, ки баъзе аз ин маҷрӯҳони ҳодиса аз пушти сар мавриди ҳамла қарор гирифтаанд; яъне ҳатто ба афроди хӯдашон ҳам раҳм намекарданд; чаро? Барои он ки адади куштаҳо биравад боло. Мутаассифона муваффақ ҳам шуданд. Албатта дӯшман бештар аз ин кушта [мехост]; он қадар, ки мехоста нашуда; [аммо] иддаъо мекунад. Хӯб аз мисли инҳо, дурӯғ гӯфтани интаврӣ баъид ва дӯр нест; [теъдоди куштаҳоро] даҳ баробар ва бештар аз даҳ баробар муаррифӣ мекунанд.
Ҳадафи дӯшман барҳам задани амнияти кишвар буд; [ин ки] дар дараҷаи аввал амнияти кишварро барҳам зананд. Вақте амният набошад, ҳеҷ чизе нест. Вақте амният набошад, истеҳсол ҳам нест, нон ҳам нест, дарсу баҳс ҳам нест, мактаб ҳам нест, таҳқиқот ҳам нест, илм ҳам нест, пешрафт ҳам нест; ҳамаи инҳо дар сояи амният ба вуҷӯд меояд. Ин касоне, ки амнияти кишварро ҳифз карданд, ҳаққи ҳаёт ба гардани моҳо, ба гардани ҳамаи мардӯм доранд. Агар бачаи мо метавонад дар хиёбон ба мактаб биравад, ба хотири амният аст; [агар] амният набошад, бачаи шумо мактаб ҳам наметавонад биравад; хӯдатон ҳам дари дӯкон наметавонед биравед, ба маҳалли кор ҳам наметавонед биравед; он ҷавоне, ки машғули таҳқиқот ва машғули пажӯҳиш аст, наметавонад пажӯҳиш кунад. Мехостанд мардӯмро дар муқобили низом қарор диҳанд, хӯшбахтона мардӯм дар даҳани инҳо заданд ва рӯзи 22-уми дей, миллионӣ берун омаданд, нишон доданд хӯдашонро, гӯфтанд мардӯми Эрон яъне ин; ва зидди фитнагар шиъор доданд. Масъулон бояд қадри ин мардӯмро бидонанд; дар ҳақиқат масъулони кишвар бояд қадри ин мардӯмро бидонанд.
Албатта ман инро ҳам арз кунам, ки ин фитнаро – акнун шояд ё воқеъа буда ё муҳосибашуда буда; ман инро наметавонам иддаъо кунам– дар вақте анҷом доданд, ки масъулони кишвар, масъулони давлатӣ, раисиҷумҳур (7) ва дигарон, дар ҳоли тарҳрезии як бастаи иқтисодӣ барои кишвар ҳастанд. Нақшаи иқтисодии кишварро доранд тарҳрезӣ мекунанд, амал мекунанд, иҷро мекунанд, ки вазъро беҳтар кунанд, пеш бибаранд; дар ин вақт ин фитнаро ба вуҷӯд оварданд. Акнун ин ки оё тасодуфӣ буда ё ҳисобшуда буда, инро ман наметавонам иддаъо кунам.
Яке дигар аз хусӯсиятҳои ин фитна, хӯшунат ва бераҳмӣ буд; мисли Доъиш. Доъишро чӣ касе ба вуҷӯд овард? Ҳамон раисиҷумҳури феълии Амрико дар давраи интихоботи аввали хӯд ошкоро гӯфт, ки ин Доъишро мо ба вуҷӯд овардем. Амрикоиҳо ба вуҷӯд оварданд, вазири хориҷаи Амрико ба вуҷӯд овард. Хӯди он вазири хориҷа ҳам, ки як зан буд, (8) гӯфт ва дар хотираҳояш навишт, ки Доъишро мо эҷод кардем, барои тасарруфи Ироқ ва Сурия.
Ин Доъишро ҳам инҳо ба вуҷӯд оварданд; ин ҳам як Доъиши дигар аст ва корҳояш мисли корҳои ӯст. Он рӯз гӯфтам, ки Доъиш, афродро нобуд мекард, сар ба нест мекард бо туҳмати бединӣ ва инҳо(иғтишошгарон) афродро сар ба нест мекунанд ба хотири диндор будан; фарқашон фақат ин аст, ва илло ҳамон қӯшун аст. Инҳо ҳам мисли Доъиш одамҳоро оташ заданд! Бинед чӣ қадар қасовати қалб мехоҳад, чӣ қадар бераҳмӣ мехоҳад, ки инсони зиндаро оташ занад! Оташ заданд, хароб карданд, сарҳоро буриданд! Инҳо(иғтишошгарон) ҳам ҳамон корҳоеро, ки Доъиш мекард анҷом доданд. Хӯшунат ва бераҳмӣ яке аз хусӯсиятҳои инҳо буд. (9)
Хӯб акнун ки ин шиъорро шумо додед ва номи Амрикоро овардед, мо ҳам вориди баҳси Амрико шавем.
Охирин сухани ман роҷеъ ба Амрико аст. Масъалаи Амрико ва Эрон чист? Дар ин рӯёрӯӣ ва тақобуле, ки вуҷӯд дорад ва чиҳлу чанд сол аст Эрон ва Амрико дӯшманӣ доранд, масъала чист? Ба назари ман масъала дар ду калима хӯлоса мешавад; он ду калима ҳам ин аст, ки Амрико мехоҳад Эронро бибалъад, миллати рашиди Эрон ва Ҷумҳурии Исломӣ монеъи он аст. Гӯфт рафтам хостгорӣ, ҳама чиз тамом шуда, мавзуъ дар ду калима боқӣ монда: ман мегӯям мо духтари шуморо мехоҳем, онҳо мегӯянд ғалат мекунед! Акнун миллати Эрон ба тарафи муқобил гӯфта ғалат мекунӣ; яъне ҷурми миллати Эрон [ин аст]; даъво сари ин қазия аст.
Эрони шумо, кишвари шумо, ҷозибаҳои зиёде дорад: нафти Эрон ҷозиба дорад, гази Эрон ҷозиба дорад, маъданҳои ғании Эрон ҷозиба дорад, мавқеъияти роҳбариятию ҷуғрофиёии Эрон ҷозиба дорад; хеле хусӯсиятҳои дигар ҳаст. Эрон як ҳамчунин кишварест, ки як қудрати зиёдатлаби таҷовӯзкор, ба таври табиъӣ ба чунин кишваре чашми тамаъ медӯзад; Эрон як чунин кишварест. Хӯб мехоҳанд ин кишварро тасарруф кунанд, ҳамчунон ки пештар тасарруф доштанд. Ҳудӯди си сол Амрикоиҳо дар Эрон буданд, манобеъ дасташон буд, нафт дасташон буд, сиёсат дасташон буд, амният дасташон буд, иртибот бо дунё дасти онҳо буд, ҳама чиз дасти онҳо буд; си сол ҳар коре, ки дилашон мехост карданд; [акнун] дасташон қатъ шуда, мехоҳанд бозгарданд, ҳамон вазъи замони Паҳлавиро дубора дошта бошанд, миллати Эрон ҳам мустаҳкам истода, сина сипар карда ва монеъ аст. Дӯшманӣ [ба хотири] ин аст, даъво сари ин аст. Бақияи суханҳо [мисли] ҳуқӯқи башар ва монанди инҳо суханҳои беҳӯдае аст, ки онҳо мезананд; масъала, масъалаи ин аст. Ӯ тамаъ дорад, Эрон ҳам мустаҳкам истодааст ва мустаҳкам ҳам хоҳад истод ва ба умеди Худо тарафро аз озоррасонӣ ва азият кардан маъюс хоҳад кард.
Инро ҳам, ки мебинед гоҳе сухан аз ҷанг мекунанд, ки мо бо фалон гӯна ҳавопаймо меоем чунин мекунему чунон мекунем, ҷадиду нав нест; дар гӯзашта ҳам Амрикоиҳо борҳо дар суханҳои хӯдашон таҳдид мекарданд, ки «ҳамаи гӯзинаҳо ва вариантҳо рӯи миз аст». «Ҳамаи вариантҳо» яъне аз ҷумла варианти ҷанг; инро ҳамеша мегӯфтанд дигар: «ҳамаи гӯзинаҳо рӯи миз аст». Акнун ин оқо(Трамп) ҳам ҳамин гӯна мураттабан иддаъо мекунад, ки бале, мо нов овардем ва корҳое монанди ин кардем! Ба назари ман миллати Эронро аз ин чизҳо набояд тарсонд; миллати Эрон таҳти таъсири ин суханҳо қарор намегирад ва аз бархӯрди ҳақ намеҳаросад. Мо шурӯъкунанда нестем, мо намехоҳем ба касе зӯлм кунем, намехоҳем ба кишваре ҳамла кунем, аммо ба он касе, ки тамаъ дошта бошад, бихоҳад ҳамла кунад ва азият кунад, миллати Эрон мушти мустаҳкаме хоҳад зад. Албатта инро ҳам Амрикоиҳо бидонанд, ки агар ин дафъа ҷанге роҳ бияндозанд, ин ҷанг, ҷанги минтақаӣ хоҳад буд.
Вал-салому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотӯҳ.
- Суханронӣ дар дидори гурӯҳе аз басиҷиёни саросари кишвар (моҳи Озар 1403 хуршедӣ).
- Ишора ба сохти ҳавопаймои бепилоти "Лукас" тавассути Иёлоти Муттаҳида, ки бар асоси ҳавопаймои бепилоти "Шоҳид-136" -и Эрон сохта шудааст.
- Суханронӣ дар дидори гурӯҳҳои гуногуни мардӯмӣ (моҳи дейи 1404 хуршедӣ).
- Инсонҳои паст ва саргардон. (Баргирифта аз "Наҳҷулбалоға", Ҳикмат 147)
- Доналд Трамп.
- Суханронӣ дар дидори хонаводаи шаҳид Сулаймонӣ ва шаҳидҳои ҷанги дувоздаҳрӯза дар рӯзи таваллуди Амир-ул-муъминин (Имом Алӣ(а)) (моҳи дейи 1404 хуршедӣ).
- Ҷаноби Доктор Масъуди Пизишкиён.
- Ҳиллари Клинтон.
- Шиъори «Марг бар Амрико».