Рӯзи Мубоҳила бар тамоми мусулмонони ҷаҳон, ки иқтидорашон дар ин рӯзи шариф дар таърих сабт шуда аст, муборак бод!
Мубоҳилаи Паёмбари акрам(с) бо масеҳиёни Наҷрон, воқеъае нест, ки аз чашми торихнависон пинҳон монда ва касе ба нақли ин воқеъаи торихи ва беназири “Мубоҳила” ишора накарда бошад.
Ҳодисаи Мубоҳилаи Паёмбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам) бо масеҳиёни Наҷрон, ки ҳодисаи беназир дар торихи башарият аст, дар рӯзи 24 моҳи зилҳиҷа соли 2 ҳиҷрии қамарӣ итифоқ афтод ва Расули Худо(с) иқтидору ҳаққонияти дини овардаи хешро бар рухи масеҳиёну яҳудиён кашид. Паёмбари Ислом(с) ҳамзамон бо мукотиба бо сарону зимомдорони ҷаҳон, номае низ ба усқуфи аъзами Наҷрон(Наҷрон шаҳрест наздики марзи Яман) навишт ва масеҳиёни Наҷронро ба оини Ислом дават кард. Паёмбар (с) дар ин нома бо ситоиш аз Худои Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқ ва Яъқуб аз ӯ (ва масеҳиёни дигар) хост, ки аз парастиши бандагон даст кашида ва ба парастиши Худованд рӯй оваранд ва аз вилояти бандагон баромада, ба вилояти Худо гардан ниҳанд ва ё ҷизя бипардозанд ва дар ғайри ин сурат дар интизори ҷанг бошанд.[1]
Масеҳиёни Наҷрон, ки намехостанд исломро бипазиранд, намояндагони худро ба Мадина фиристоданд ва Паёмбар(с) Ононро ба амри Худо ба мубоҳила дават кард. Мубоҳила яъне, дархости лаъну нафрини Илоҳӣ барои исботи ҳаққоният аст ва байни ду тарафе рӯх медиҳад, ки ҳар кадом иддаои ҳақ будани худро доранд.
Усқуфи Наҷрон пас аз дарёфти номаи Паёмбари Ислом(с), ҷаласаеро бо ширкати бузургони Наҷрон ва шахситяҳои динӣ ҷиҳтаи баррасии мавзӯъ ташкил дод. Чун донишмандони масеҳӣ огоҳӣ дар мавриди нишонаҳои Паёмбари Ислом(с) ва беъсати зӯдҳангоми Ӯ доштанд, шӯро назар дод, ки ҳайъате равонаи Мадина шавад, то аз наздик бо Муҳаммад(с) гӯфтугӯ дошта ва далелҳои Паёмбарии Ӯро баррасӣ кунанд.
Пас аз вуруди гурӯҳи намояндагони масеҳиёни Наҷрон ба Мадина, ки дар раъси он се нафар аз шахсиятҳои бузурги динӣ ва аз он ҷумла худи усқуф қарор дошт, Паёмбари Ислом(с) бо онон дидору гуфтугӯ намуд, ононро ба пазириши оини Ислом даъват кард ва оятҳое аз Қуръони маҷидро тиловат намуд. Масеҳиён гуфтанд: Мо қабл аз ту мусулмон будем. Ҳазрати Паёмбар(с) фармӯд: Дурӯғ гӯфтед, се чиз монеи исломи шумост, (ба се иллат наметавон шуморо мусулмон номид): салибро ибодат мекунед, гӯшти хук мехӯред ва Худоро дорои фарзанд мепиндоред ва Исо(а) ро фарзанди Худо медонед.
Онгоҳ баҳс бар сари бандагӣ ё улуҳияти ҳазрати Исо(а) оғоз шуд. Онон бо такя ба мӯъҷизаҳои ҳазрати Исо(а) монанди: зинда кардани мурдагон, хабар додан аз ғайб, шифои беморон ва ба хусус таваллуди ӯ бидуни доштани падар, ӯро Худо муаррифӣ мекарданд, дар ҳоле, ки Паёмбари Ислом(с) бар банда ва Паёмбар будани ҳазрати Исо(а) таъкид дошт. Сухан дар ин бора ба дарозо кашид ва онон башар будани ҳазрати Исоро напазирӯфтанд. Дар ин ҳангом аз тарафи Худованд ваҳй нозил шуд, ки:
إِنَّ مَثَلَ عِيسَى عِندَ اللّهِ كَمَثَلِ آدَمَ خَلَقَهُ مِن تُرَابٍ ثِمَّ قَالَ لَهُ كُن فَيَكُونُ
Масали Исо(а) дар назди Худо (ҷалла ҷалолуҳ) ҳамчун Одам(а) аст, ки Ӯро аз хок офарид ва сипас ба Ӯ фармуд: «Мавҷуд бош!», Ӯ ҳам фавран мавҷуд шуд. (Бинобар ин, тавллуди Исои Масеҳи бепадар, ҳаргиз далел бар Худо будани Ӯ нест). [2]
الْحَقُّ مِن رَّبِّكَ فَلاَ تَكُن مِّن الْمُمْتَرِينَ
Инҳо ҳақиқатест аз ҷониби Парвардигори Ту, пас аз шаккунандагон мабош! [3]
فَمَنْ حَآجَّكَ فِيهِ مِن بَعْدِ مَا جَاءكَ مِنَ الْعِلْمِ فَقُلْ تَعَالَوْاْ نَدْعُ أَبْنَاءنَا وَأَبْنَاءكُمْ وَنِسَاءنَا وَنِسَاءكُمْ وَأَنفُسَنَا وأَنفُسَكُمْ ثُمَّ نَبْتَهِلْ فَنَجْعَل لَّعْنَةَ اللّهِ عَلَى الْكَاذِبِينَ
Ҳар гоҳ баъд аз илму донише, ки (аз ваҳй дар бораи Масеҳ) ба Ту расида аст, (боз напазирӯфтанд) касоне бо ту ба ҷидолу ситез бархезанд, ба онҳо бигӯ: «Биёед мо фарзандони худро даъват кунем, шумо ҳам фарзандони худро, мо занони худро даъват намоем, шумо ҳам занони худро, мо аз нафсҳои худро даъват мекунем, шумо ҳам аз нафсҳои худро, он гоҳ мубоҳила кунем ва лаъну нафрини Худоро бар дуруғгӯён қарор диҳем. [4]
Пас аз нузули ин ояҳо, Паёмбари Акрам(с) фармуд: «Худо ба ман дастур додааст, ки агар пайрави Ислом нашавед, бо шумо «мубоҳила» кунам».
Онон гуфтанд: Дар ин бора фикр мекунем. Он гоҳ ба ҷойгоҳи худ бозгашта, дар ҷамъи худ ба машварат пардохтанд. Усқуф ва бузурги гурӯҳ ба онон ҳушдор дод, ки Муҳаммад(с) фиристодаи Худост ва дар сурати мубоҳила бо Ӯ дучори азоби Худо ва ҳалок мешавед, аммо Онон зери бор нарафтанд ва бар мубоҳила пой фишурданд. Қарори мубоҳила барои фардои он рӯз буд, дар ин ҳангом Усқуф ба ҳамроҳони худ гӯфт: Бибинед фардо Муҳаммад(с) чӣ гуна ба мубоҳила ҳозир мешавад? Агар бо фарзандон ва аъзои хонаводааш биёяд, аз мубоҳила бо Ӯ худдорӣ кунед, (зеро нишонаи ин аст, ки ба гӯфтаҳои худ имон дорад ва ҳозир аст дар ин роҳ на танҳо ҷони худ, балки ҷони гиромитарин ашхоси хонадонашро низ ба хатар андозад). Ва агар бо ёрону пайравонаш ҳозир шавад, бо ӯ мубоҳила кунед ва бидонед иддаоҳои ӯ беасос аст (ва бо овардани ин ашхос, шукӯҳи зоҳирии худро ба мо нишон медиҳад».[5]
Фардои он рӯз Паёмбар(с) бо азизону наздикони худ барои Мубоҳила бо намояндагони Наҷрон ба маҳалли қарор рафтанд. Масеҳиён вақте диданд, ки ҳазрати Муҳаммад(с) фарзандаш Имом Ҳӯсайн(а) ро дар оғӯш дорад ва дасти Имом Ҳасан(а) ро дар даст гирифта ва домоду бародараш ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб(а) ва духтараш ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) ҳамроҳи Паёмбаранд ва ба онҳо суфориш мекунад, ки ҳаргоҳ ман дуо кардам, шумо омин бигӯед.[6] Усқуф бо мушоҳидаи ҳамроҳони Паёмбар(с), пурсид: Инҳо киёнанд? Гуфтанд: Ин писари амаки вай ва ин духтараш ва ин ду писарони ӯ ҳастанд.[7] Усқуф ба ҳамроҳони худ гуфт: Ман чеҳраҳоеро мушоҳида мекунам, ки агар аз Худо дархост кунад, ки кӯҳро аз ҷой барканад, ҳатман аз ҷо канда хоҳад шуд. Бо инҳо мубоҳила накунед, вагарна ҳалок мешавед ва дар рӯи замин як нафар масеҳӣ боқӣ намемонад. Бо ҳушдори Усқуф, ҳайъат аз мубоҳила мунсариф шуд.[8]
Онҳо ба ин натиҷа расиданд, ки Паёмбари Ислом(с) нисбат ба идаои худ имони комил дорад ва медонад, ки чӣ кор кунад зеро агар Паёмбар(с) ба гуфтаҳои хеш ва дине, ки барои башарият оварда аст имон надошта бошанд, азизону наздикони худро дар маърази хатари осмонӣ ва илоҳӣ қарор намедоданд. Бинобарин аз иқдом ба мубоҳила намудан бо Паёмбари Ислом(с) худдорӣ карданд ва ҳозир ба мусолиҳа шуданд. Бо Паёмбари Ислом(с) муоҳидае бастанд ва мутааҳҳид ба пардохти ҷизя шуданд, ки тафсили он дар китоб ва масдарҳои ҳадисӣ[9], тафсирӣ ва таърихӣ омадааст. [10]
Имрӯза дар ҳамон макон масҷидеро бино намуда ва ба гиромидошти он рӯзи муқаддасу муборак исми он масҷидро Мубоҳила номгузорӣ намудаанд.
Чунон ки бузургони тафсиру ҳадис гуфтаанд, ки ин ҳодиса нерӯмандтарин далел бар фазилати ҳамроҳони ӯ аз Аҳли Байти Паёмбари Ислом(с) ва бурҳони ошкоре бар ҳаққонияти Паёмбари Ислом (с) аст. [11]
[1]Ибн Касир. Ал-бидоя ван-ниҳоя.ҷ 5, с52–53.Таърихи Яъқубӣ, ҷ 2, саҳ70-71.
[2] Сураи Оли Имрон, ояи 59
[3] Сураи Оли Имрон, ояи 60
[4] Сураи Оли Имрон, ояи 61
[5] Биҳоруланвор, ҷ 21, саҳ 319-355
[6] Ҳалабӣ, Сираи Ҳалабия, ҷ 3, саҳ 236. Зайнӣ Даҳлон, Сираи Набавия, ҷ 2, саҳ 144.
[7] Ибни Возеҳ, Таърихи Яъқубӣ, ҷ 2, саҳ 72
[8] Замахшарӣ, Тафсири Кашшоф, ҷ 1, саҳ 193. Фахри Розӣ, Мафотеҳулғайб (Тафсири Кабир), ҷ 8, саҳ 82. Олусӣ, Тафсири Руҳул Маонӣ, ҷ 3, с. 167
[9] Саҳеҳи Муслим, ҷ 7, саҳ 120. Саҳеҳи Тирмизӣ, ҷ 5, саҳ 596.
[10] Тафсири Кашшоф, ҷ 1, саҳ 191. Тафсири Кабир, ҷ 8, саҳ 182.
[11] Тафсири Байзовӣ, , ҷ 1, саҳ 163. Тафсири Кашшоф, ҷ 1, саҳ 193