Ҳеҷ донӣ, ки ба фарзанди Паёмбар чӣ гузашт?
Нури ду дидаи Фотимаву Ҳайдар чӣ гузашт?
Яке дар заҳр шуда сабз, яке сурх ба хун,
Ки зи ошуби ҷаҳон бо ду бародар чӣ гузашт?
Сари шаҳзода ба зулм аз тани ӯ гашт ҷудо.
Ғарқаи хун шуда олуда ба ахгар чӣ гузашт?
Чашми шаҳлош ба хунрези гулӯ пӯшида,
Аз ғами чарх ба он покизагавҳар чӣ гузашт?
Рӯи рухсорааш аз хуни шаҳодат гулгун,
Ба расулзода ба дунёи ситамгар чӣ гузашт?
Хати сабзаш ғам аз он водии бесабз чӣ дид?
Ҳоли ду гесуи мушкини муъанбар чӣ гузашт?
Ташналаб, холишикам рафт ба сад ҳасрати дил,
Ҳалқи покаш ба ҷафо дар дами ханҷар чӣ гузашт?
Дар ғами мотами ӯ ҷумлаи азвоҷи ҳарам,
Монда сарсони биёбон шуда, бар сар чӣ гузашт?
Эй Ҷунун шӯй зи дунё кафи умеди вафо
Ки аз ин ғамкада бо зуррияи сарвар чӣ гузашт?
Девони Мавлавӣ Ҷунунӣ