Нокарда вафо меҳру вафоро ту набинӣ,
Нокарда ҷафо ҷабру ҷафоро ту набинӣ.
Эй, марди Худо, заҳматат авлост, валекин,
То Рӯзи Ҷазо ҳусни Худоро  ту набинӣ!
 
Як нуқта агар дар дилат аз кибру ҳасад аст,
Аз тоъати садсола сафоро ту набинӣ.
Шукрона ту кай мекунӣ аз ризқи худодод,
То пушти дарат дасти гадоро ту набинӣ?!
 
Аз Қории Қуръон шунавӣ лаззати оёт,
Асрор ҳамин аст садоро ту набинӣ.
Дар сояи девор мазан таъни қаландар,
Кӯре шавӣ ,ки пешу қафоро ту набинӣ!
 
Бо кӯҳнарафиқон будан аз рамзи биҳишт аст,
Бархез, чунин кайфу сафоро ту набинӣ!
Як нукта туро гӯям аз он Пири Ҳисорӣ
Сад бор баҳор ояду моро ту набинӣ!
 
Саидалӣ  Саид
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст