Тавҳин ба Пайғамбари Ислом (с) дар кишвари Фаронса
Ин рӯзҳо дар гушаву канори дунё мебинем ва мешунавем, ки ба Пайғамбари меҳрубониҳо, Пайғамбари нуру раҳмат (с) тавҳин ва носазо гуфта мешавад, он ҳам аз тараф ва аз забони чӣ касоне? Аз забони палидтарин инсонҳо, агар бишавад онҳоро инсон гуфт. Аз забони пасттарин ҳайвонот, агар нисбт додани ҳайвон бар онҳо ҷафо бар ҳайвонот набошад!.
Касоне, ки ба Пайғамбари Ислом (с) тавҳин мекунанд ва шахсоне ҳам ки аз онҳо ба исми озодии башар ҳимоят мекунанд, танҳо ба хотири он аст, ки ба ҳадафҳои шайтонӣ ва ҳайвонии худ бирасанд ва миллатҳоро ба ҳадде аз ҳайвоният бирасонанд, то битавонанд бар онҳо ҳукумат кунанд. Ҳадафҳои палиди онҳо ҷуз ба ҳадди ҳавоният расондани инсонҳо иҷро намешавад. Бар ин асос аст, ки дини Исломро, ки инсонияти инсонро дар ҳар мақоме барои ӯ ҳифз мекунад, барои худ хатар ва монеи бузурге медонанд, ки пеши роҳи палидашонро гирифтааст.
Онҳо тарафдори ҳуқуқи башаре ҳастанд, ки дар он ҳеҷ бӯе аз инсоният набошад, лизо ҳамҷинсгароӣ, издивоҷ бо маҳорим, издивоҷ бо ҳайвонотро қонунӣ кардаанд ва аз он ҳимоят мекунанд. Рӯзҳое нахоҳад гузашт, ки гирди мезе бо ҳам ҷамъ мешаванд ва издивоҷ бо ашёро (шай) барои инсонҳо, ки дар асари барномаҳо ва қонунҳои онҳо аз инсоният чизе барояшон намондааст, қонун тасвиб кунанд, бо шиори озодии башар. Кадом башар? Башаре, ки шумо ӯро дар ҳадди ҳайвон паст кардед? Шумо ҳамон касоне ҳастед, ки ба исми озодӣ инсониятро аз башар гирифтед, дар суханонатон аз таомул бо дигар адён суҳбат мекунед, аммо инсониятро қурбонии сиёсатҳои палиди худ мекунед.
Фарқи шумо бо касне, ки Пайғабар Ислом (с)ро дар замони ҳаёташ тавҳину истеҳзо мекарданд чӣ ҳаст, ки Қуръон онҳоро аз ҳайвон ҳам пасттар хонд ва Пайғамбареро, ки барои инсон ва ҳидояти ӯ фиристода шуда буд, фармуд аз онҳо дурӣ кунад, чаро ки палиду наҷасанд:
﴿ فَاصْدَعْ بِمَا تُؤْمَرُ وَأَعْرِضْ عَنِ الْمُشْرِكِينَ ﴾
"Пас, ошкор кун он чиро, ки фармон меёбӣ ва аз мушрикон рӯй гардон;."
Палиди ва наҷс будани шумо дар чӣ ҳад аст, ки Худо ба Пайғамбар (с) ва мӯъминон чунин дастур додааст?. Дар ин оят як амр аст ва як наҳй, амр ба ҳидояти инсонҳо ва анҷоми маъмурияти ончи, ки барои саодати башарият аст, наҳй ва дуриву рӯигардонӣ аз касоне, ки дар ҳадди ҳайвон ва пасттар аз ҳайвон шудаанд, ки Пайғамбари нуру раҳмат (с)ро тавҳин ва масхара мекунанд.
Рафтори шумо бо арабҳои мушрик ва ҷоҳили он даврон чӣ фарқ дорад, ки Худованд фармуд, мо туро аз шарри онҳо ва аз масхараи онҳо ҳифз мекунем?
﴿إِنَّا كَفَيْنَاكَ الْمُسْتَهْزِئِينَ﴾
"Қатъан Мо туро аз [шарри] масхаракунандагон ҳифз мекунем" (Сураи Ҳиҷр, ояти 94 ва95).
Чеҳраҳои палиде, ки барои баъзе аз мусалмонҳои хушбин дар пушти забонҳои палидтар пинҳон буд, аммо барои соҳибони андеша ошкор шуд. Ин рафтори бехирадонаатон боис шуд, то чеҳраи палидатон барои ҳамаи мусалмонон ва ҳамаи касоне, ки ба инсоният муътақиданд, дубора ошкор шавад. Бо чӣ ҳаққе ба худ иҷозаи тавҳин ба Пайғамбари Ислом (с), ки раҳбарии маънавии ду милёрд мусалмонро дорад, медиҳед?
Ба назар мерасад ҳадаф аз ин рафторҳои бехирадона аз тарафи ҳокимони кишвари Фаронса ин аст, ки як ҷанги равонӣ бар зидди Ислом ва мусаломонон ба роҳ андозанд ва ин рафтори бехирадонаи онҳо боис шавад, то мусалмонон ба хотири ишқу алоқае, ки ба Пайғамбари Ислом (с) доранд, коре кунанд ва ҳаракате анҷом диҳанд, то онҳо рафтори як мусалмонро ба ҳамаи онҳо нисбат диҳанд ва мусалмононро дар чашми ҷаҳониён афроди хашин нишон диҳанд.
Идома дорад....