Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ҳадафи душман дар Карбало
Душман дар Карбало бо тамоми қудрат омада буд, то Исломеро, ки Паёмбар (с) оварад буд, ба тамоми маъно ба инҳироф бибарад. Ботини Исломро аз байн бибрад ва зоҳирашро барои ҳукумат кардан бар мусалмонон ҳифз кунад. Ҳадафи душмани мустакбир дар Карбало поён додан ба Исломи ҳақиқӣ буд, аммо бехабар аз ин ки ошӯро ва ҳодисаи Карбало оғоз аст, на поён. Душман Имом Ҳусайн (рз)- ро ба шаҳодат расонд ва сарҳоро ҳам бурида бар сари найза карданд, занону духтарони аҳлибайти Расули Худо (с)- ро бо дастони баста ба асорат бурданд, то поёне бошад бар Исломи ҳақиқӣ ва идомае бошад ба Исломи зоҳирӣ. Магар Имом Ҳусайн (рз) омада буд, ки фақат кушта шавад? Ё ба дунболи ин буд, ки зиндагии абадӣ барои худ ва ёронаш ва ҳаёти дубора барои Исломро рақам бизанад? Магар Имом Ҳусайн (рз) омада буд, ки аз байн биравад ва тамом шавад ва ё омада буд, ки қалбҳоро дар ихтиёр бигирад ва то рӯзи қиёмат бар алайҳи зулму ситам мубориз тарбият кунад?
Аз Расули Худо (а) нақл аст, ки фармуданд:
«إِنَّ لِقَتْلِ الْحُسَيْنِ حَرارَةً فِي قُلُوبِ الْمُؤْمِنينَ لا تَبْرُدُ أَبَداً»
Шаҳодати Имом Ҳусайн (рз) ҳарорате дар қалбҳои мӯъминон ба вуҷуд оварад аст, ки хомӯш ва рӯ ба сарди накунад. ( ал мустадракул васойл, ҷ10, саҳ 318).
Ҳарорат ва шуълае, ки бо шаҳодати Имом Ҳусайн (рз) дар қалбҳои мӯъминон равшан шуда, хомӯш шуданӣ нест.
Иллати ин ки дар тӯли таърих ҳокимони золим иҷозати барпоии маросими ошӯро ва азодориро намедоданд ва зулмҳои зиёде барои аз байн бурдани он карданд ин аст, ки ошурои Ҳусайнӣ таҳаввулофарин аст ва боиси қатъи дасти золимони ситамгар аз сари ҷомеаи мӯъминон мешавад.
Душман роҳи ҳар гуна тағйиру таҳаввулро ба хиёли худ баста буданд ва тамадуни истикбориро барои ҳамеша дар ҷаҳон пойдор крадаанд, аммо Имом Ҳусайн (рз) бо шаҳодати худ нуреро равшан кард, ки хомӯш шуданӣ нест. Имом ҳаракатеро ба вуҷуд овард ва коре кард ва садоеро дар олам баланд кард, ки ҳаргиз хомӯш нахоҳад шуд. Фарёду фиғон замоне хомӯш мешавад, ки аз дарди ҳақиқи набошад, аммо фарёдҳои бархоста аз дардро наметавон хомӯш кард, чаро ки дардманд наметавонад хаста ва хомӯш дар гӯшае бинишинад ва интизори сухтану аз байн рафтанаш бошад. Ӯ фарёд мезанад чун дард дорад.
Имом Ҳусайн (рз) бо ҳамроҳ кардни хонадон ва Аҳлубайти нубувват дар ин ҳодиса коре кард, ки таърих набояд кару лол бошад ва саҳме аз ҳақиқат надошат бошад, бояд ин воқеаи азим ба гӯши ҷаҳониён мерасид ва палидиву фасоди душман ошкор мешуд, ҳамон тавре ки бо асир гирифтани занони хонадони Аҳлубайт чунин шуд. Агар хонадонашро ҳамроҳ кард, то хабарнигори содиқ ва баёнгари воқеае бошанд, ки золимони ситамгар дар масоҷид шаҳодат бар рисолати Паёмбари медиҳанд, ки фарзанд ва ҷигаргушашро сар мебуранд.
Имом коре кард, ки имрӯз ҳам садои "Оё намебинед" дар ҷарён бошад ва дар гӯши инсонҳои озода ва мардони озод, то рӯзи қиёмат танинандоз бошад. Оё намебинед, ки бар ҳақ амал намешаад?... Имом дар посух ба ин ки чаро дар муқобили Язид қиём кардааст ва беҳтар буд, ки хештандорӣ мекард, мегӯяд:
«... اَلا تَرَوْنَ اِلَي الْحَقِّ لا يُعْمَلُ بِهِ، وَ اِلَي الْباطِلِ لا يُتَناهي عَنْهُ، لِيَرْغَبَ الْمُؤْمِنُ في لِقاءِ رَبِّهِ حَقّاً حَقّاً، فَاِنّي لا اَرَي الْمَوتَ اِلَّا سَعادَةً، وَالْحَياةَ مَعَ الظَّالِمينَ اِلَّا بَرَماً...»
"Оё намебинед ки ба ҳақ амал намешавад ва аз ботил рӯи намегардонад?; шойста аст, ки дар чунин муҳити нангбор (Инсони мӯъмин ва адолатхоҳ ва зинда кунандаи арзишҳои динӣ ва илоҳӣ бапо хезад) ва ба дидори Парвардигораш шуру шавқ нишон диҳад, ман дар чунин шаройите маргро ҷуз хушбахтӣ ва зиндагӣ бо чунин золимонро чизе ҷуз ранҷу бадбахтӣ намедонам." (Суханони Ҳусайн Ибни Али (рз) аз Мадина то Карбало)
Имом бо ин ки баъзе аз бузургон насиҳаташ карданд, ки занони хонадонашро ба Карбало набарад, аммо онҳоро бурд ва гуфт, Худо мехоҳад онҳоро асир бибинад.
Агар Имом хонадонашро намебурд воқеаи Карбало дар Карбало дафн мешуд ва душман чизи дигаре ва достони дигаре аз он месохтанд. Агар гӯши таърихро душманон аз суханон ва достонҳои дуруғ пур мекарданд, на аз дардҳо ва ранҷҳое, ки Язидиёни замон бар сари хонадони нубувват оварда буданд, таърих ҳам дуруғи онҳоро ба гӯши олам мерасонд. Агар фарёди хоҳари Имом Ҳусайн (рз) Ҳазрати Зайнаб (рз) дар асорат ва мусибати расида ба Аҳлубайтро ба гӯши озодихоҳони ҷаҳон намерасонд, имрӯз як таърихи кару лол аз ин воқеъа ба мо мерасид. Имом Ҳусайн (рз) омада буд, ки поёне бар ситами ситамгарон бошад.
Саҳобаи бузурги Паёмбари Акрам (с) Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ (рз) яке аз касоне аст, ки барои зинда нигаҳ доштани воқеаи Карбало дар сини пирӣ ва замоне ки биноии худро аз даст дода буд, аз Мадина ба зиёрати қабри Имом Ҳусайн (рз) рафт, то ҳодисаи Карбало зинда бимонад ва ин кори саҳобии бузург сирае бошад барои мусалмонон.
Ҳодисаи Карбало бар озодагони ҷаҳон омӯхт, ки бидонанд шаҳодат ва ҳаракати Имом Ҳусайн (рз) оғозе аст, бар зулми золимон ва душманони инсоният, на поёне бар ҳақу ҳақиқат. Оғозест бар ин ки мардони озода нагузоранд об аз гулуи золимон ба хушӣ поён биравад. Имом Ҳусайн (рз) ҳадафи душманро, ки қарор буд ҳеҷ садои ҳақхоҳе аз касе баланд нашавадро аз байн бурд ва рамзи саодат ва инсоният дар мубориза бар зидди ситамгаронро ба башарият омӯхт.