Ғафлат ва инсони ғофил

         Инсон дар масири зиндагӣ гоҳе ба лиҳози мақом ба ҷое мерасад, ки аз радифи инсоният хориҷ шуда ва дар радиф ва ҳадди ҳайвонот, балки пасттар аз онҳо қарор мегирад. Иллат ва сабаби ин ҳама беарзишӣ дар чист?

        Вақте ба Қуръон муроҷиат шавад ба хуби посухи ин савол равшан мешавад,  ки чаро инсоне ки дорои рӯҳи иллоҳӣ ва ҷонишинии Худо дар рӯӣ замин аст, ба чунин ҷойгоҳе мерасад?.

      Иллат ва  сабаби ғафлат ва фаромӯшӣ аст, ғафлат ҳамон фаромӯшие аст, ки ба иллат ва сабаби бедиққатӣ, набуди андешаи солим дар инсон пайдо мешавад.

     Ғафлат дар муқобили тафаккур аст, ки дар инсон ба вуҷуд меояд, агар инсон натавонад тафаккури саҳеҳ ва солиме нисбат ба воқеиятҳое, ки дар атроф ва пиромунаш вуҷуд дорад, дошта бошад ғафлат ба суроғаш меояд, лизо нисбат ба вуҷуди худ ва ин ки чаро офарида шудааст? Аз куҷо омадан ва ба куҷо рафтанаш ғофил мешавад. Ҳар андоза фаромӯшӣ ва бетаваҷҷӯҳӣ дар инсон рушд кунад, боиси аз байн рафтани заминаи тафаккур ва андешаӣ солим мешавад. Инсон бар асоси тафаккур ва диққаташ масъалаҳо ва мушкилотро посух медиҳад ва заминаи рушд ва пешрафтро дар худ  ва ҷомеа ба вуҷуд меоварад. Бар хилофи шахси ғофил, ки ҳеҷ таваҷҷӯҳе ба худ ва иҷтимое, ки дар он зиндагӣ мекунад надорад.

         Худовад дар Қуръони карим мефармояд:

        وَ لَقَدْ ذَرَأْنا لِجَهَنَّمَ كَثِيراً مِنَ الْجِنِّ وَ الْإِنْسِ لَهُمْ قُلُوبٌ لا يَفْقَهُونَ بِها وَ لَهُمْ أَعْيُنٌ لا يُبْصِرُونَ بِها وَ لَهُمْ آذانٌ لا يَسْمَعُونَ بِها أُولئِكَ كَالْأَنْعامِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ أُولئِكَ هُمُ الْغافِلُونَ

             “Ва ба таҳқиқ бисёре аз ҷину инсро барои дӯзах офаридем; барояшон дилҳоест, ки бо он намефаҳманд; ва барояшон чашмҳоест, ки бо он намебинанд; ва барояшон гӯшҳоест, ки бо он намешунаванд, онон монанди чаҳорпоёнанд, балки онҳо гумроҳтаранд; онон худ ғофилонанд.” (Сураи Аъроф ояти179)

            Қалб, чашм ва гӯш абзори зарури барои касби шинохт ва ҳушёри нисбат ба чизҳое аст, ки пиромуни инсон қарор гирифтааст. Ба ҳар далеле ин абзор ба кор гирифта нашавад ва барои худ роҳи наҷоте пайдо накунад, ғафлат бар вуҷудаш ҳоким мешавад ва дигар фикр ва андеша нест, ки зиндагии инсонро ба ҳаракат дармеоварад, балки ғафлат аст, ки масири ҳақ ва дурустро барои инсон роҳнамоӣ намекунад ва инсон дар инҳироф гирифтор мешавад.

            Худованд дар Қуръон сабаби рӯйгардонӣ аз оятҳои худро ғафлат  медонад:

«سَأَصْرِفُ عَنْ آياتِيَ الَّذِينَ يَتَكَبَّرُونَ فِي الْأَرْضِ بِغَيْرِ الْحَقِّ وَ إِنْ يَرَوْا كُلَّ آيَةٍ لا يُؤْمِنُوا بِها وَ إِنْ يَرَوْا سَبِيلَ الرُّشْدِ لا يَتَّخِذُوهُ سَبِيلاً وَ إِنْ يَرَوْا سَبِيلَ الغَيِّ يَتَّخِذُوهُ سَبِيلاً ذلِكَ بِأَنَّهُمْ كَذَّبُوا بِآياتِنا وَ كانُوا عَنْها غافِلِينَ»

"Ба зудӣ касонеро, ки дар замин ба ноҳақ такаббур меварзанд, аз оятҳоям рӯйгардон месозам; ва агар ҳар нишонаеро бибинанд, ба он имон намеоваранд; ва агар роҳи ҳидоятро бибинанд, онро роҳ[-и худ] намегиранд; ва агар роҳи гумроҳиро бибинанд, онро роҳ[-и худ] мегиранд. Ин ба сабаби он аст, ки онҳо оятҳои Моро такзиб карданд ва аз он ғофил буданд." (Сураи  Аъроф ояти 179).

             Бояд ёдовар шуд, ки ғафлат чи дар зиндагӣ ва чи дар пазириши андешаҳо нақши муҳиме дорад ва монеъ аз шаклгирии андешаи ҳақ дар инсон мешавад. Ғафлат ҳам дараҷа дорад, гоҳе инсон нисбат ба тамоми воқеиятҳо ва ҳақиқат бетаваҷҷӯҳ ва бедиққат аст, ки мисдоқи асосии ояти зикршуда чунин афроде мешаванд ва Худованд ҳам ки гуфта онҳо аз ҳайвонот ҳам пастаранд, инчунин афрод манзур аст, чаро ки ҳеҷ вижаги аз инсониятро надоранд ва дар инҳирфи комил зиндагӣ мекунанд.

             Гоҳе ҳам ғафлат аз бархе воқеиятҳои атрофи худ аст, ки инсон лозим буд ба онҳо таваҷҷӯҳ ва диққати комил дошта бошад, то боиси аз байн рафтани мавқеиятҳо ва фурсатҳо нашавад, ҳарчанд ки дар радифи ҳайвонот қарор нагирад, вале посухи ин бедиққатӣ дар зиндагияш намоён мешавад ва ин бедиққати ва ғафлат дар ҳар бахше аз зиндагияш бошад, зарар ва зиёни худро мерасонад.

          Ин баҳс ба хотири он буд, ки ба худ ва кӣ будани худ огоҳ шавем чаро ки касе ки аз куҷо омаданашро фаҳмида бошад, ҳатман ба куҷо рафтанашро ҳам хоҳад фаҳмид. Аз Ҳазрати Алии (рз) нақл шудааст ки  фармуданд:

«إن لم تعلم من أين جئت لم تعلم إلى أين تذهب»

       "Агар ндони аз куҷо омадай, намедони ба куҷо биравӣ." (ибни абил Ал Ҳадид шарҳи наҳҷулбалоға).

         Мавлави дар маснави ин сухани  Ҳазрати Алии (рз) ро дар шеъре овардааст, ки мефармояд:

Рӯзҳо фикри ман ин асту ҳама шаб суханам

Ки чаро ғофил аз аҳволи дили хештанам

Аз куҷо омадаам? Омаданам баҳри чи буд?

Ба куҷо меравам охар нанмои ватанам?!

Мондаам сахту аҷаб к-и аз чи сабаб сохт маро?

Ё чи будааст муроди вай аз ин сохтанам?.

             Албатта ин шеър мисдоқ ва мухотаби зиёде надорад, кам пайдо мешаванд инсонҳое, ки дар ҳақиқат рӯзу шаб фикру суханаш ин бошад, ки ба худ ва ҷаҳони ҳастӣ андеша кунад, лизо метавон гуфт Мавлавӣ касеро ва инсонеро дар назар дорад, ки ҳеҷ гуна ғафлате дар ӯ вуҷуд надорад.

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст