Дуо барои рафъи балоҳо ва дафъи коронавирус
Дуо барои рафъу дафъи балоҳо бисёр муҳим аст. Дар Қуръон ва аҳодиси Паёмбар (с) бар ин матлаб таъкид шудааст, ки дуо илова бар он ки оромиш барои инсон меоварад, чун зикри Худо ва талаби ёрӣ аз Худованд аст, аз афсурдагӣ ҳам ҷулугирӣ мекунад. Чи баҳтар, ки дар ин шабҳо ва рӯзҳое, ки коронавирус фаъолиятҳои зиндагиро таътил кардааст, бештар дуо кунем ва таваҷҷӯҳи Худоро нисбат ба худ бештар ҷалб кунем.
Қуръон роҳи наҷот аз афсурдагӣ ва даст ёфтан ба оромишро ёди Худо медонад.
«الَّذِينَ آمَنُوا وَ تَطْمَئِنُّ قُلُوبُهُمْ بِذِكْرِ اللَّهِ أَلا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوب»
"[Ҳамон] Касоне, ки имон оварданд ва дилҳояшон бо ёди Худо ором мегирад; огоҳ бошед! Фақат бо ёди Худо дилҳо ором мегирад." (Сураи Раъд, ояти 28).
Яке аз дуоҳои муҳим барои дафъи балоҳо дуои ҳафтуми китоби "Саҳифаи Саҷҷодия" аст, лизо мо ҳам онро интихоб кардем, то барои дафъи балои замона ва коронавирус бихонем.
Дар бораи ин ки чаро ин дуоро пешниҳод мекунем? Иллаташ ин аст, ки ин дуо маъно ва мазмуни бисёр боло ва баланде дорад, ки шеваи бандагӣ ва талаб аз Худовандро баён мекунад, нуктаи дигар ҳам ин ки, пизишкон бар рӯи ин дуо кори озмойишӣ анҷом доданд ва асари дуоро дар озомишоти худ мушоҳида карданд.
Дар озмоишгоҳи коронавирусӣ, вируси каронаро кишт карданд ва бар кишти худ ин дуоро хонданд, натиҷа ин шуд, ки вақте дуоро мехонданд, вирус рушд намекард, вале вақте намехонданд, дубора шурӯъ ба рушд мекард, онҳо асари ин дуоро дар озмоишоти худ бо чашм диданд, Худованд асари дуоро бар онҳо нишон дод. Албатта ҳамаи дуоҳои Паёмбар (с) ва имомони ҳидоят дорои асар аст, набояд аз дуо ғофил шуд, дуо хондан ҳам ба маънои даст бардоштан аз табобат нест. Нуктаи баъд ҳам ин ки мо бояд даво ва талош кунем, вале шифо дар дасти Худост, на дар дасти табибон. Даво бо шифо фарқ дорад, афроди бисёре даво мекунанд, аммо чун маслиҳат нест, шифо пайдо намекунанд.
Дар инҷо дуоро бо тарҷума меоварем, то аз хондани он дар ин рӯзҳо бештар ва беҳтар баҳраманд шавем.
Дуо ва ниёиши Имом Зайналобидин (рз) дар ҳангоме, ки амри муҳим ва ранҷи шадиде барояш пеш меомад.
(۱) یا مَنْ تُحَلُّ بِهِ عُقَدُ الْمَکارِهِ، وَ یا مَنْ یفْثَأُ بِهِ حَدُّ الشَّدَائِدِ، وَ یا مَنْ یلْتَمَسُ مِنْهُ الْمَخْرَجُ إِلَی رَوْحِ الْفَرَجِ.
(1) Эй касе, ки гиреҳи ҳар сахтӣ ба дасти ту кушода мешавад ва эй касе, ки сахтии душвориҳо ба инояти ту мешиканад ва осон мешавад ва эй касе, ки роҳи берун шудан аз тангӣ ва рафтан ба сӯи осоиш аз ту хоста мешавад.
(۲) ذَلَّتْ لِقُدْرَتِک الصِّعَابُ، وَ تَسَبَّبَتْ بِلُطْفِک الْأَسْبَابُ، وَ جَرَی بِقُدرَتِک الْقَضَاءُ، وَ مَضَتْ عَلَی إِرَادَتِک الْأَشْیاءُ.
(2) Душвориҳо ба лутфи ту осон мегардад ва васоили зиндагӣ ва асбоби ҳаёт ба раҳмати ту фароҳам меояд ва қазо ба қудратат ҷараён мегирад ва ҳама чиз ба хости ту равон мешавад.
(۳) فَهِی بِمَشِیتِک دُونَ قَوْلِک مُؤْتَمِرَةٌ، وَ بِإِرَادَتِک دُونَ نَهْیک مُنْزَجِرَةٌ.
(3) Танҳо ба хости ту бе он ки фармон диҳӣ ҳама чиз фармон мебарад ва ҳар чиз маҳзи иродаи ту бе он ки наҳй кунӣ аз кор меистад.
(۴) أَنْتَ الْمَدْعُوُّ لِلْمُهِمَّاتِ، وَ أَنْتَ الْمَفْزَعُ فِی الْمُلِمَّاتِ، لَا ینْدَفِعُ مِنْهَا إِلَّا مَا دَفَعْتَ، وَ لَا ینْکشِفُ مِنْهَا إِلَّا مَا کشَفْتَ.
(4) Дар тамоми душвориҳо туро мехонанд ва дар балоҳо ва гирифториҳо ба ту паноҳ меҷӯянд, ғайр аз балое, ки ту дафъ кунӣ балое бартараф нагардад ва гиреҳе боз нашавад, магар ту онро бикушоӣ.
(۵) وَ قَدْ نَزَلَ بی یا رَبِّ مَا قَدْ تَکأَّدَنِی ثِقْلُهُ، وَ أَلَمَّ بیمَا قَدْ بَهَظَنِی حَمْلُهُ.
(5) Илоҳӣ балое бар ман фуруд омада, ки сахтӣ ва сангинии он маро дарҳам шикаста ва гирифториҳое бар ман ҳамла карда, ки таҳаммулаш барои ман душвор аст.
(۶) وَ بِقُدْرَتِک أَوْرَدْتَهُ عَلَی وَ بِسُلْطَانِک وَجَّهْتَهُ إِلَی.
(6) Ва онро ту аз боби қудратат бар ман ворид кардаӣ ва сӯи ман равон кардаӣ.
(۷) فَلَا مُصْدِرَ لِمَا أَوْرَدْتَ، وَ لَا صَارِفَ لِمَا وَجَّهْتَ، وَ لَا فَاتِحَ لِمَا أَغْلَقْتَ، وَ لَا مُغْلِقَ لِمَا فَتَحْتَ، وَ لَا مُیسِّرَ لِمَا عَسَّرْتَ، وَ لَا نَاصِرَ لِمَنْ خَذَلْتَ.
(7) Илоҳи ман, чизеро, ки ту овардаӣ касе набарад ва ончи ту фиристодаӣ дигарӣ боз нагардонад ва бастаи туро касе накушояд ва чизеро, ки ту бикушоӣ дигарӣ набандад ва ончиро ту душвор намудаӣ касе осон накунад ва онро, ки ту залил кардаӣ ёваре набошад.
(۸) فَصَلِّ عَلَی مُحَمَّدٍ وَ آلِهِ، وَ افْتَحْ لِی یا رَبِّ بَابَ الْفَرَجِ بِطَوْلِک، وَ اکسِرْ عَنِّی سُلْطَانَ الْهَمِّ بِحَوْلِک، وَ أَنِلْنِی حُسْنَ النَّظَرِ فِیمَا شَکوْتُ، وَ أَذِقْنِی حَلَاوَةَ الصُّنْعِ فِیمَا سَأَلْتُ، وَ هَبْ لِی مِنْ لَدُنْک رَحْمَةً وَ فَرَجاً هَنِیئاً، وَ اجْعَلْ لِی مِنْ عِنْدِک مَخْرَجاً وَحِیاً.
(8) Пас бар Муҳаммад ва Олаш дуруд фирист ва ба раҳматат Илоҳӣ - дари осоишро ба рӯям боз кун. Ва ба қудратат савлати султони ғамро дар майдони ҳаёти ман бишкан ва маро дар мавриде, ки аз он шикоят дорам ба иноят ва эҳсонат комёб кун ва ба дархости ман ширинии қабулиро бичашон ва аз сӯи худат раҳмат ва кушоиши дилхоҳ насибам фармо ва бароям наҷот ва халосии зуд аз гирифториҳо муқаррар кун.
(۹) وَ لَا تَشْغَلْنِی بِالاهْتِمَامِ عَنْ تَعَاهُدِ فُرُوضِک، وَ اسْتِعْمَالِ سُنَّتِک.
(9) Ва маро ба хотири чирагии ғам аз риояти воҷибот ва ба кор бастани мустаҳабботи худ боз мадор.
(۱۰) فَقَدْ ضِقْتُ لِمَا نَزَلَ بییا رَبِّ ذَرْعاً، وَ امْتَلَأْتُ به حمل مَا حَدَثَ عَلَی هَمّاً، وَ أَنْتَ الْقَادِرُ عَلَی کشْفِ مَا مُنِیتُ بِهِ، وَ دَفْعِ مَا وَقَعْتُ فِیهِ، فَافْعَلْ بیذَلِک وَ إِنْ لَمْ أَسْتَوْجِبْهُ مِنْک، یا ذَا الْعَرْشِ الْعَظِیمِ.
(10) Чунки ман ба сабаби ончи ба сарам омада бетобу тавон шуда ва қалбам аз таҳаммули ончи дар зиндагиям рух намуда, лабрез аз андӯҳ гашта ва ту ба бартараф кардани гирифториҳоям ва дафъи ончи дар он дар афтодаам тавоно ҳастӣ. Пас бо ман чунин кун, агарчи шоистаи он набошам, эй соҳиби Арши бузург.
Омин ё Раббал оламин
Хонандагон худ аз мазмун ва муҳтавои дуо мутаваҷҷеҳ шуданд, ки чи қадар муҳтавои боло ва баланде дорад, бандае ки балоҳоро аз Худо медонад ва барои рафъ ва дафъи онҳо даст ба домони Худо мешавад ва хошеона ва мутавозеона дасти ниёз ва дархости ёрӣ мекунад.
Ин дуоро борҳо дар бало ва мусибатҳо бихонед ва аз Худованд саломатии ҷисму рӯҳи худро талаб кунед ва барои ҳамдигар орзӯи саломатӣ кунед.
Дар интишори дуо ба дигарон саҳм дошта бошед, то ҳама бо ҳам аз ин вируси бераҳм ва аз ин балои замона наҷот пайдо кунем.