Ба номи Худо

Барои ошноӣ бо ҳуқуқҳое, ки имом Саҷҷод(а) дар рисолаи "Ҳуқуқ" баён намудаанд, ин рисоларо дар чанд навбат пешкаши шумо мешавад.

Инак бахши аввали онро хидмати шумо тақдим менамоем.

Умедворем Худованд ба ҳамаи мо тавфиқи шинохти ҳуқуқи худ ва дигаронро ба мо ва амал кардан ба онро марҳамат фармояд.

1. Ҳаққи Худованд

Аммо бузургтарин ҳаққи Худованд, ин аст, ки ӯро бипарастӣ ва чизеро шарикаш насозӣ. Пас агар аз рӯи ихлос чунин кардӣ, Худованд тазмин кардааст, ки амри дунё ва охирати туро кифоят кунад ва ончиро, ки аз он ду бихоҳӣ бароят нигаҳ дорад.

Ҳуқуқи аъзои бадан

2. Ҳаққи нафс

Аммо ҳаққи нафсат [худат] ин аст, ки онро комилан дар итоати Худованд бигуморӣ ва ҳаққи забон ва гӯшат, чашм, даст, по, шикаму андоми таносулиятро бипардозӣ ва дар ин маврид аз Худо ёрӣ ҷӯӣ ва ҳеҷ неруе нест магар аз ноҳияи Худованд.

3. Ҳаққи забон

Аммо ҳаққи забонат ин аст, ки бо худдорӣ аз носазо ва дашном, ҳурматашро нигаҳ дорӣ ва ба гуфтори нек одаташ деҳӣ. Муаддабаш  дорӣ ва онро дар ком гирӣ, магар дар мавқеи ниёз ва онҷое, ки манфиати дунявӣ ё ухравӣ дар кор бошад.

Аз пургӯӣ ва ёвагӯӣ, ки дар ҳақиқат камфоида ва ё аслан бефоида аст ва дар айни ҳол аз зарар ва зиёнаш дар амон нестӣ, ҳифзаш кунӣ.

Забон дар ҳақиқат гувоҳ ва шоҳид бар "хирадмандии" инсон аст ва оростагии инсони "хирадманд" ба зинати ақл ва гуфтори неки ӯст. Ва ҳеҷ нерӯе нест магар аз ноҳияи Худованди бузург ва баландмартаба.

4. Ҳаққи гӯш

Ва аммо ҳаққи гӯш ин аст, ки онро аз ин ки роҳе барои дилат бошад бибандӣ, магар барои хабари хубе, ки дар дилат хайр падид оварад ё хулқи некӯеро насибат кунад, зеро гӯш дарвозаи дил аст ва ҳар навъ маънои хуб ё бадеро ба он мерасонад. Ва ҳеҷ нерӯи нест, магар аз ноҳияи Худованд.

5. Ҳаққи чашм

Аммо ҳаққи чашм ин аст, ки онро аз чизе, ки барои ту ҳалол нест, бибандӣ, мубтазал ва ҳарзааш насозӣ, [чашматро бибанд] магар онҷо, ки ибратовар аст ва сабаби биноии ту гардад ва ё ба воситаи он аз донише баҳраманд шавӣ, зеро чашм дарвозаи ибратомӯзӣ аст. Ва ҳеҷ нерӯи нест магар аз ноҳияи Худованд.

6. Ҳаққи поҳо

Аммо ҳаққи поҳоят ин аст, ки ба василаи онҳо ба маҳалле, ки ҳалол нест, қадам нагузорӣ ва ба роҳе, ки сабаби хор шудани "раҳрав" ва "раванда" аст, по нагузорӣ, зеро поҳо туро ҳамл мекунанд ва туро ба роҳи дин мебаранд ва пеш меандозанд, ва ҳеҷ неруе нест, магар аз ноҳияи Худованд.

7. Ҳаққи дастҳо

Аммо ҳаққи дастҳо ин аст, ки онро ба сӯи чизе, ки бар ту ҳалол нест, дароз накунӣ, то ба даст андозӣ бадон, ба муҷозоти илоҳӣ дар охират ва сарзаниш ва маломати мардум дар дунё гирифтор шавӣ ва бояд онро нисбат ба воҷиботи Худованд набандӣ, балки бояд дастатро муҳтарам шумурда ва аз анҷоми ҳаромҳо бозаш дорӣ ва ҳамчунин онро корҳое, ки Худованд онҳоро бар ту воҷиб накарда [мустаҳаббот] ба кор андозӣ ва чун дасти ту дар ин дунё аз ҳаром боз истод ва худро гиромӣ доштӣ ва бо ақл пеш рафт дар охират савоби хуб барои ӯ воҷиб аст, ва ҳеҷ неруе нест, магар аз ноҳияи Худованд.

8. Ҳаққи шикам

Аммо ҳаққи шикам ин аст, ки онро зарфи ҳаром -кам ё зиёд- насозӣ, ва аз ҳалол ҳам ба андоза истифода кунӣ. Аз ҳадди тақвияти бадан ба ҳадди шикамборагӣ нарасонӣ ва ҳангоми гуруснагӣ ва ташнагӣ ба ёдаш бошӣ. Серӣ беандоза танбалӣ ва касолат меорад, ки дар натиҷа инсон аз корҳои нек боз мемонад. Ҳар нӯшидание, ки сабаби мастӣ шавад, ҷаҳл ва нодонӣ ва бемурувватиро дар пай дорад, ва ҳеҷ неруе нест, магар аз ноҳияи Худованд.

9. Ҳаққи андоми таносулӣ

Аммо ҳаққи андоми таносулӣ ин аст, ки онро аз чизе, ки бар ту ҳалол нест боздорӣ ва бо чашм пушӣ аз номаҳрамон ба он кӯмак кунӣ, зеро чашмпушӣ беҳтарин ёварон аст. Ҳамчунин метавонӣ барои кӯмак расонӣ ба он аз зиёди ёди марг ва таҳдид ба азоби Худованд ва тарсондани ӯ аз Худо ёрӣ биҷӯӣ, чунки исмат ва покдоманӣ ва таъйид аз тарафи Худованд аст  ва ҳеҷ нерӯе нест, магар аз ноҳияи Худованд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст