Дорои ва сарват гарчи дар тамини зиндаги ва рушд ва таолии инсон, саҳм дорад, агар нигоҳ ба он абзоре набошад ва ҳадаф қарор гирад мояи суқути одами ва ҳирмони у аз камол ва саодат мешавад, зеро осоиш ва оромиш ва ҷамоли зиндагии инсон дар таҷаммули модди инсон ба гунае зиндаги кунад ки обру ва ҳайсияти у назди Худо ва авлиёи у маҳфуз бимонад. Рифоҳ ва роҳати воқеъи дар бениёзи ва адами вобастаги ба мол ва дигарон аст.

Чунон ки Қуръон эҳсоси бениёзии одами ба сабаби бархурдори аз молро мазаммат карда, мефармояд: Инсон марзи худро наешиносад ва туғён мекунад; чаро ки худро аз парвардигори хеш бениёз мебинад: كَلَّا إِنَّ الْإِنْسَانَ لَيَطْغَى  أَنْ رَآَهُ اسْتَغْنَى[1]

Расули Худо(с) фармуд: Бар пайравонам пас аз худ, аз се чиз бимнокам: ... аз ҷумла инки сарват дар миёнашон фузуни ёбад то онки ба туғён ва носипоси гароянд; ҳамчунин он ҳазрат фармуд: Авомили нобудии занони умматам дар ду сурхи фом аст: Тило ва либоси баданнамо ва нобудии мардони умматам дар гурез аз донишандузи ва гароиш ба моландузи аст.

Алӣ(а) мефармояд: Се чиз фитнаанд: ... аз ҷумла дусти дирҳам ва динор ки тири Шайтон аст; ҳамчунин он ҳазрат мефармояд: хирадмандро сазост ки худро аз мастии мол (дилбастагии шадид ба он) нигаҳ дорад; зеро шамими нопоки он ақро мезудояд ва аз виқор ва сангини одами мекоҳад ва ҳамчунин фармуд: Бидонед фаровони ва анбоштаги сарват мояи табоҳии дин ва қасовати дилҳо мешавад.

Дар ин ривоят, молдусти ва дунёталаби сарзаниш шуда на асли мол, пас бояд ба мол ва сарват ба унвони василаи тамини зиндаги (нигарист) на ҳадафи он ва бо он ниёзҳои худ ва дигаронро бартараф сохт.


[1]Сураи Алақ, оятҳои 6 ва 7.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст