Роҳҳои мубориза бо анбошти сармоя

Пас аз баррасии зарурати таъдили анбошти сармоя ва таҳлили паёмадҳои он, лозим аст ба шакли мухтасар роҳои рӯёрӯӣ ва мубориза бо падидаи анбошти сарват барасӣ шавад. Ислом барои ин бархурд ду даста хитоб дорад:

1. Хитоби мустақими Ислом ба худи афрод ва ба соҳибони сарват; яъне ба онҳо амр мешавад, ки таваҷҷӯҳи лозимро ба ҳуқуқи дигарон дошта, барои баҳрамандӣ аз неъматҳои дунявӣ ва ҷамъи амвол, ҳуқуқи мардумро зери по нагузошта ва аз байн набаранд; ”Амволи якдигарро ба ботил (ва ноҳақ) дар миёни худ нахуред.”[1]

Хитоби мустақими илоҳӣ ба афроди ҷомеа, афзун бар асари муҳтавоии он, ҳикояткунанда аз рӯҳи арзишгузорӣ ба ихтиёр ва интихоби инсонҳо дар мабонии Ислом аст, ки бар асоси он, афрод худашон ба вазифаи хеш ошно мешванд ва ба он амал мекунанд, на он ки дар шурӯъ аз васоили таҳмилӣ истифода шавад ва ҳамонанди муҷримон бо онҳо бархурд шавад.

Тавсияҳои Ислом дар бораи дороии ҳуқуқи мардум бисёр аст, барои намуна, дар ривоёти Аҳлубайт(а) аз имоми Содиқ(с) расидааст, ки адои ҳаққи мӯъмин болотарин ибодат ба шумор меравад; “Худованд ба чизе болотар аз адои ҳаққи мӯъмин, ибодат нашудааст.”[2] Дар ривоёти дигар, талош барои пардохти ҳаққи афроди ҷомеа ва бандагони Худо, ҳатто бар ҳаққи Парвардигори олам муқаддам шумурда мешавад ва касоне, ки ба адои ҳуқуқи мардум ҳиммат гуморанд, ҳаққи илоҳиро мавриди талоши хеш қарор додаанд; чунон ки ҳазрати Алӣ(а) мефармоянд: “Худои Субҳон ҳуқуқи бандагонро бар ҳуқуқи худ муқаддам доштааст, пас ҳар кӣ ҳуқуқи бандагонро адо кунад, ин амр мунҷар ба адои ҳуқуқи Худованд хоҳад шуд.”[3]

Аз сӯи дигар, арзишгузорӣ ба ҳуқуқи мардум ва бародарони имонӣ дар радифи таъзим ва такрими асли дин қарор дода мешавад ва касоне, ки ҳуқуқи оҳоди ҷомеаи исломиро нодида мегиранд, гӯё асоси динро хафиф ва сабук шумурдаанд; чунон ки иомом Содиқ(а) мефармояд: “Ҳар кас дини Худоро бузург шуморад, ҳаққи бародаронашро низ бузург дорад ва он кас ки дини Худоро сабук шуморад (ҳуқуқи) бародаронашро низ сабук мешуморад.”[4]

Бинобар ин, адои ҳуқуқи мардум дар ҷомеаи исломӣ аз бузургтарин вазифаҳои инсони мӯъмин ва муътақид ба дин ба шумор меояд ва ҳама бояд диққат кунанд ҳеҷ ҳаққеро – ҳатто кам ва андак – аз мардум поймол накунанд ва бо моли мардум ва ҳуқуқи машруи онҳо барои худ сарват ва имконот фароҳам накунанд ва низ пас аз ҷамъи амвол аз роҳи ҳалол, ҳуқуқи маҳрумони ҷомеаро нодида нагиранд, чун дар таълимоти Ислом ин гуна нест, ки моли шахс – ба сирфи он ки бо заҳмати ӯ ба даст омада – комилан ба вай тааллуқ дошта бошад ва дар сурати хоҳиш, аз моли худ ба маҳрумон ва ниёзмандон кӯмак кунад, балки асосан қисмате аз моли ӯ ба маҳрумон ва бенавоён ихтисос дорад ва ҳаққи онҳост. Қуръони Карим дар ин бора мефармояд: ”Дар амволи мӯъминон ҳаққе ҳаст, ки ба ниёзмандон ва маҳрумон ихтисос дорад.”[5] Албатта баёни ҳуқуқи воҷиб ва мустаҳабро фиқҳ ба ӯҳда дорад.

Пас, соҳибони сарват аз моли худ ба маҳрумон намебахшанд, балки ҳаққи ишонро ба онҳо боз мегардонанд ва танҳо нақши воситаро барои расондани моли афрод ба дасташон бозӣ мекунанд ва ин ҳуқуқ то вақте ки маҳрум ва гуруснае дар ҷомеаи исломӣ вуҷуд дорад, ба сурати воҷиби кифоӣ [6] бар ӯҳдаи сарватмандон боқӣ хоҳад монд. Ба дигар сухан, то вақте ки сарватманд, сарват дорад ва фақир низ аз ӯҳдаи баровардани хуроки худ нотавон аст, ҳуқуқи фақирон ва мустамандони ҷомеа адо нашудааст ва сарватманд наметавонад худро “бариуззимма”[7] бидонад ва ҳамаи моли худро аз они хеш бидонад.

Бо тааммул ва андеша дар он чи баён шуд, ин натиҷа ҳосил мешавад, ки агар соҳибони мол ва сарват аз ӯҳдаи ин хитоби илоҳӣ (адои ҳаққи мардум) бароянд ва ҳуқуқи мардумро ба соҳибони онҳо бозгардонанд, ҳеҷ гоҳ ихтилофи амиқе миёни ғанӣ ва фақир ба вуҷуд намеояд ва сарватҳо анбошта намешавад ва дар натиҷа, ҷомеа аз паёмадҳои фосилаи амиқи табақотӣ зиён нахоҳад дид.

2. Хитоби Ислом ба масъулон ва вазифадорон дар ҳукумати исломӣ, ишон муваззафанд ҳамаи масоили худро барои тақсими одилонаи сарватҳо ва сармояҳо дар ҷомеа –ба сурати додани вом ва монанди он – ба кор гиранд ва дар ин бора масъулияти сангине бар дӯш доранд то нагузоранд ҷомеа дар паи авоқиби ношӣ аз анбошти сарват, мутаҳаммили зиёнҳои моддӣ ва маънавӣ шавад.

Нахустин қадам барои таъдили ва рафтори одилонаи гуфта шуда, он аст, ки аз худ шурӯъ кунанд ва нагузоранд сабабҳо ва заминаҳои рушди ихтилофи молӣ ба дасти худашон дар ҷомеа фароҳам шавад. Онҳо бояд дар тақсими сармояҳо ва имконоти милӣ ҳамаи ақшор ва ақвомро яксон бинанд ва ҳангоме ки мехоҳанд ислоҳе дар ҷомеа ба вуҷуд оваранд, набояд нигоҳи табъизомез ва яксӯя дошта бошанд ва ба баҳонаҳои мухталиф имконоти муҳимтар ва беҳтарро ба ақшори пулдор ироа диҳанд ва маҳрумон ва фақиронро ба ҳоли худ вогузоранд.

Ҳазрати Амирулмӯъминин(а) дар ин бора ((Молики Аштар))[8] -ро ба нигоҳи ҳамаҷониба ба ҳамаи ақшор ва ақвоми ҷомеа фаро мехонад; “Бидон, мардум синфҳои гуногун ва табақоти мухталиф доранд, ки ислоҳи ҳар қишр ва синфе, бидуни дар назар гирифтани дигар ақшор ва ақвом мумкин нест ва ҳеҷ гоҳ расидагӣ ба як гурӯҳ, туро аз расидагӣ ба гурӯҳҳои дигар бениёз намекунад.”[9]

Нигоҳи ҳамаҷониба ба ҳамаи ақшори ҷомеа, ҳукумати дини Ислом-ро аз ҳукмронҳои сармоядор, ки меҳвари таваҷҷӯҳи онҳо ба сармоя ва соҳибони он аст, ҷудо мекунад. Ҳукумат аз он ҷиҳат ки сарпарасти ҳамаи мардум аст, набояд таваҷҷӯҳи худро танҳо ба иддаи хос маътуф кунад ва дигаронро аз таваҷҷӯҳ ва инояти худ маҳрум кунад. Бинобар ин, маҳрумон ва мустамандони ҷомеа – ҳамонанди дигарон – дар ҳукумати одилонаи Ислом дар ҳамаи майдонҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра, аз мавқеияти яксон бархурдоранд ва табъизҳои мухталиф дар ҳар заминае, ба вижа дар умури иқтисодӣ заминасози тафовутҳо ва анбошти сарват мешавад, ки вазифадорон дар ҳукумати исломӣ бояд аз он дурӣ кунанд.

Дуввумин гоми масъулон, расидагӣ ба маҳрумон ва ақшори заиф ва фақири ҷомеааст. Онҳо на танҳо дар радифи ақшори дигари ҷомеа мавриди таъкиди Ислом қарор доранд, балки лозим аст давлатмардон кӯмак ва истионат ба маҳрумонро барои баробарии ҳақиқӣ дар истифода аз истеъдод ва ҷуброни нақсҳо, сиёсат ва рафтори доимии ҳукумат қарор диҳанд ва ба он пойбанд бошанд.

Дар ин бора низ ҳазрати Амирулмӯъминин Алӣ(а) дар табйини вазифаҳои ((Молики Аштар)) - ҳокими исломии миср – ба ӯ таъкид мекунад, ки табақаи заифи ҷомеаро фаромӯш накунад ва аз ҳуқуқи онҳо посдорӣ кунад; “ Худоро дар эҳтимом ба табақа ва қишри заиф ва фақири ҷомеа дар назар бигир ва ҳифз кун барои Худованд, он чиро Ӯ дар ҳаққи онҳо ба ту сафориш кардааст.”[10]

Шояд аз он чи баён шуд, таваҳҳум шавад, ки табйинҳои Ислом дар заминаҳои мухталиф – чи масоили иқтисодӣ ва чи ғайри он –танҳо ба ироаи дастурҳои калон ва хатту машйҳои куллӣ хулоса мешавад ва шеваоҳои иҷроиро аз тариқи дигар бояд ба даст овард, аммо таъкидоти қуръонӣ ва ривоӣ, хилофи ин матлабро собит мекунад. Албатта дар таълимоти Ислом табйини хутути куллии зиндагии башар нақши муҳимме дорад ва аз ҷойгоҳи арзишманде бархурдор аст, аммо маҳдуд кардани вазифаҳои дини комили Ислом дар баёни куллиёт, афзун бар он ки ҳикоятгар аз нақс ва адами коромади он дар зудудани ибҳомҳост, ба гунаи айнӣ ва малмус бо мутуни нақлии мактаб, комилан дар зиддият ва мухолиф аст. Аз ин рӯ, бо вуҷуди мухолифати куллии Ислом бо анбошт ва ҷамъи сарват ва афзун бар зикри паёмадҳои он ва роҳи ҳалҳои куллӣ пешгирӣ аз чунин падида, дар Ислом ба шеваиҳо ва роҳҳои ҷузъӣ ҷулугирӣ аз анбошти сарват ва тақсими одилонаи он низ ишора шудааст.

Дар ин ҷо ба баъзе аз ин шеваҳо ба таносуби маҷоли ин навиштор ишора мешавад:

1. Диққат дар гирифтани молиёт ба тасоби амвол; “Хароҷ ва молиётро дақиқан зери назар бигир, ба гунае ки салоҳи молиётдиҳандагон бошад, зеро ислоҳи кори хароҷ ва хароҷгузорон салоҳи кори дигарон аст.”[11]

2. Кӯмакҳои ройгон ва маҷҷонӣ ба табақаи заиф ва мардуми фақир; “Бахше аз байтулмолро (ба табақоти поини ҷомеа) ихтисос деҳ.”[12]

3. Таъкид бар одилона будани фурӯши колоҳо ва маҳсулот; ”Бояд хариду фурӯш ососн сурат бигирад ва бо мизон ва тарозуи адл анҷом пазирад.”[13]

4. Назорат бар қиматҳо; “Бояд ... бо нархҳое хариду фурӯш шавад, ки ба фурӯшанда ва харидор ситам наравад.”[14]

5. Ҷилавгирӣ аз эҳтикор; [15] “Пас аз эҳтикор манъ кун, ки Расули Худо(с) аз он манъ кардааст.”[16]

6. Ҳаром кардани рибо; “Эй касоне, ки имон овардаед! Риборо чанд баробар нахуред.[17]

7. Тавсия ба ширкат дар амвол ва тиҷорат; “Бо касоне, ки рӯзӣ ба ишон рӯй овардааст шарик шавед, ки ӯ тавонгариро сазовортар аст ва ба рӯ овардани бахт шоистатар аст.”[18]

Албатта ин роҳҳо танҳо бахше аз шеваҳои иҷроии дин барои пешгирӣ ё муқобила бо анбошт ва ҷамъи сарват аст, чун манбаи иқтибоси он чи зикр шуд, танҳо яке аз манобеи асили дин (нақл) аст ва шеваҳои дигар низ, ки аз ақл ва ба табаи он аз илму андешаи башарӣ иқтибос мешавад, дар сурати ҳусули яқини бурҳонӣ ё тумаънинаи уқалоӣ, ҳуҷҷати шаръӣ маҳсуб мешавад ва раҳоварди дин ба шумор меояд.

Аз ин рӯ, татаббуъкунандагон ва муҳаққиқон барои фаҳми оро ва назароти иқтисодии Ислом, майдонҳои васееро барои таҳқиқ ва барраӣ дар ихтиёр доранд. Онҳо барои чунин фаҳме, лозим аст ба мутуни фаровони динӣ ва таъкидоти ақлӣ ва илмӣ муроҷиа кунанд то бо роҳнамоии онҳо ба хутути куллӣ ва ҷузъии иқтисоди исломӣ пай баранд ва роҳро барои найл ба сомонаи мунсаҷим ҳамвор кунанд.

 


[1]. Сураи Бақара, ояти 188.

[2]. Усули Кофӣ, ҷ.2, саҳ.120.

[3]. Ғурарулҳикам, боби ҳуқуқи мардум.

[4]. Биҳор, ҷ.74, саҳ.287.

[5]. Сураи Зориёт, ояти 9.

[6]. Воҷиби кифоӣ он аст, ки агар чанд нафар ба қадри кифоят онро анҷом диҳанд аз гардани дигарон соқит мешавад, монанди амри маъруф ва наҳйи мункар ё намози ҷаноза.

[7]. Сабукдуш бидонад.

[8]. Молик ибни Ҳориси Нахаӣ, аз ёрони бовафои ҳазрати Алӣ(а) буд. Молики Аштар дар замони хилофати Алӣ(а) фармондеҳи қисмате аз сипоҳи ӯ буд ва дар ҷангҳои ҷамал, сиффин ва наҳравон шуҷоона ширакат кард. Ҳазрати Алӣ(а) Моликро дар соли 38 қамарӣ амири Миср кард. Молик ба воситаи деҳқоне аз деҳаҳои байни роҳ, ки Муовия бо найранг ӯро фиреб дода буд, масмум ва шаҳид шуд.

[9]. Наҳҷулбалоға, номаи 53.

[10]. Ҳамон.

[11]. Ҳамон.

[12]. Ҳамон.

[13]. Ҳамон.

[14]. Ҳамон.

[15]. Тавзеҳаш гузашт.

[16]. Наҳҷулбалоға, номаи 53.

[17]. Ҳамон.

[18]. Наҳҷулбалоға, ҳикмати 230.

http://www.tasnimtj.com/

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст