Хешовандӣ;

Хешованд касест, ки ба сабаби нисбати хунӣ ба шахси дигар наздик аст. Аз ҷумлаи масодиқи хешовандӣ метавон ба: Падар, Модар, Бародар, Хоҳар, Бародарзода, Хоҳарзода, Амак, Амма, Хола, Дойи, ва фарзандони ҳаркадом аз онҳо ишора кард.

Албатта дар як маъно доманаи он афзуда мешавад ва шомили нисбати хешии сабабӣ монанди домоду арусҳо ҳам мешавад.

Гоҳ аз ин ҳам фаротар меравад ва шомили сибту ашира ва тоифа ва қабила низ мешавад.

Дар ояҳои Қуръон ба ҳарсе маврид пардохта шуда ва дар масоили мухталиф ба ҳуқуқ ва осори хешовандӣ ишора гардида аст.

Дар таҳлилҳои қуръонӣ барои хешовандӣ коркардҳои иҷтимоӣ ва руҳӣ ва равонӣ баён шудааст, ки метавон аз амният дар соясори хешовандӣ ишора кард, зеро шахс ба сабаби иртиботи хешӣ метавонад дар ҳавзаи амниятӣ ва пушишӣ он қарор гирад ва аз фавоиди он баҳра барад.

Қуръон дар ояи 91-сураи Ҳуд гузориш мекунад, ки душманони Шуъайб(а) иллати ин ки вайро ба сабаби даъватҳои паёпай ба Худо ва тарки бутпарастӣ ва ё гаронфурушӣ ва камфурушӣ сангсор накардаанд, тарси душманон аз қавм ва қабила ва хешони он ҳазрат буда аст.

Аз инрӯ бо сароҳат ва равшанӣ ба вай мегуянд: «وَلَوْلَا رَهْطُكَ لَرَجَمْنَاك»[1] агар хешон ва тоифаи ту набуданд бегумон туро сангсор мекардем.

Бинобар ин омили боздоранда ва таъмини амнияти эшон тоифаи вай буд ва куффор аз тарси онҳо наметавонистан ба Шуъайби набӣ таарруз ва ё ҳарими амниятӣ ӯро бишкананд ва ба вай осеб расонанд.

Қуръон баён медорад, ки пайванди хешовандӣ масъулиятовар ва мувҷиби пайдоиши ҳуқуқи вижае барои онон мешавад, ки аз он ҷумла ҳаққи эҳсон нисбат ба волидайн (Бақара ояи 83) ва ҳаққи инфоқ (Бақара ояи 215) ишора кар.

Дар ин навиштор талош шуда аст, то ҳуқуқи хешовандӣ дар омузаҳои қуръонӣ бозхонӣ ва муаррифӣ шавад.

Ақсоми хешовандӣ:

Инсонҳо дорои ду навъ хешовандӣ, яъне сабабӣ ва насабӣ ҳастанд, ки Худованд дар ояи 54 Фурқон ба сароҳат ба он ишора карда ва мефармояд:

«وَ هُوَ الَّذِى خَلَقَ مِنَ الْمَاءِ بَشَرًا فَجَعَلَهُ نَسَبًا وَ صِهْرًا»[2]

Худованд касест, ки одамиро аз об офарид, пас миёни ӯ робитаи насабӣ ва сабабӣ қарор дорад.

Дар ин оят қарор додани масъалаи хешовандии насабӣ ва сабабӣ ба Худованд нисбат дода шуда ва инки Худованд ин масъаларо ба ҷаъли таквинӣ ва ташриӣ дар миёни мардумон эҷод намуда, то нишонае аз рубубийят ва қудрати Худованод бошад.

Дар ҳақиқат қарор додани хешовандии дугона -насабӣ ва сабабӣ- аз оёт ва нишонаҳои қудрати илоҳӣ аст, ки тавониста аст миёни офаридае аз об чунон иртибот ва пайванде барқарор кунад, ки ба якдигар ниёзманд бошанд ва ниёзҳои моддӣ ва ҷисмӣ ва рӯҳии якдигарро аз ин роҳ бароварда созанд.

Ин аз қудратҳои илоҳӣ аст, ки тавониста миёни инсонҳо ду гуна пайвандро падид оварад, дар ҳоле, ки худ аз ҳар гуна пайванди насабӣ ва сабабӣ мубарро ва муназзаҳ аст.(сураи Соффот, оёти 158 ва 159)

Моҳияти пайванди насабӣ ва сабабӣ:

Пайванди насабӣ ба маънои пайванди хунӣ аст, ки аз роҳи падар ва модар эҷод мешавад, албата ин манзур дар лисонул араб бар ин бовар аст, ки нисбате, ки ҷамъи он инсон аст, ба маънои қиробат ва хешовандӣ аз ноҳияи падар аст ва шомили иртиботи хунӣ аз роҳи модар намешавад (лисонул араб, ҷ14, 118).

Вале ба назар мерасад мурод аз нисбат ҳаргуна иртиботи хунӣ аст, ки дар ин сурат шомили иртиботи хунӣ эҷод шуда аз сӯи модар низ мешавад, бинобарин мурод аз хешони насабӣ афзун бар ама ва аму шомили дойи ва хола низ мегардад.

Аммо пайванди сабабӣ, ки аз он ба фарсӣ пайванди домодӣ ёд мешавад, ба маънои қиробат ва хешовандӣ аз ноҳияи зан аст, ки ба сабаби издивоҷ падид меояд.

Аз назари Қуръон миёни пайвандҳои хешовандӣ аз ҷиҳоти дигаре низ тафовутҳое вуҷуд дорад, ки ин тафовут сабаб мешавад хеше бар хеши дигар тарҷиҳ ва бартарӣ ёбад, аз мавориди тарҷиҳ метавон дар масалаи ирс ишора кард.

Худованд дар ояи 75 сураи Анфол ва низ ояи 6 сураи Аҳзоб мефармояд:

«وَ أُوْلُواْ الْأَرْحَامِ بَعْضُهُمْ أَوْلىَ‏ بِبَعْضٍ فىِ كِتَابِ اللَّه»

Ва хешони раҳими бархе аз бархе дигар дар китоби Худованд муқадам ва авло ҳастанд.

Аз ин рӯст, ки дар мабоҳиси фиқҳӣ масаълае ба номи табақотул-ирс матраҳ шуда, ки ҳар табақае арҷаҳтар аз табақоти дигар аст.

Масъалаи тарҷеҳ дар ирс матраҳ мешавад, аммо нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ он аст, ки ин масъаларо, ки як амри отифӣ ва ақлӣ ва фитрӣ аст Худованд аз муъминон мехоҳад амал кунанд.

Аз инсонҳо хоста шудааст, ки ба ин нукта таваҷуҳ лошта бошанд, ки муҳабат ва алоқаи хешовандӣ омили боздоранда дар баробари алоқа ба Худо ва Пёмбар(с) нашавад, ба ин маъно, ки муъминон мебоист ҳамвора муҳабат ва алоқаи Худо ва Паёмбар(с)-ро бар муҳабат ва алоқа бар хешон муқадам доранд ва иҷоза надиҳанд, ки авотиф ва эҳсосоти хешӣ бар онҳо чунон чира шавад, ки Худованд ва ҷиҳод дар роҳи Худоро тарк кунанд ва ба мубориза бо хешони кофир напардозанд, зеро бартарӣ ва тарҷеҳ додани муҳабати Худо ва Паёмбар(с) нишонае аз имони шахс аст ва касе, ки хешони худро бартарӣ медиҳад аз имон туҳӣ ва дур аст.(Тавба, ояи 23 ва 24)

қисми дуюм



[1] Ҳуд, 91.

[2] Фурқон, ояти 54.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст