Одоби тиҷорат ва касбу кори ҳалол дар Ислом

Аз назари Ислом, талош барои касби даромад ва таъмини маош натанҳо нописанд нест, балки амале пурарзиш шумурда шуда ва дар радифи ибодати илоҳӣ ва ҷиҳод дар роҳи Худованд  ба ҳисоб меояд, чаро ки тағзияи машруъ ва ҳалол  ва парҳез аз наҷосат ва олӯдагиҳо барои тазкияи нафс ва таҳзиби ахлоқ муҳим ва зарӯрӣ ба ҳисоб меояд. Бар ҳамин асос Худованди Мутаол дастур ба хӯрдан аз моли поку ҳалолро барои башарият таъкид намудааст.

Достони омӯзанда: Дар ривояте чунин ворид шудааст, ки рӯзе Паёмбари Акрам(с) бо асҳоби худ дар маконе нишаста буданд, ҷавони қавӣ ва муҳкам аз аввали субҳ  дар он макон ба кору талош  барои касби даромад ва ба даст овардани рӯзии ҳалол  машғул буд. Асҳоб вақте он ҷавонро  бо он авсоф дар ҳоли кор кардан диданд, гуфтанд: Вой бар ҳоли ӯ, эй кош ҷавонӣ ва қудраташро дар роҳи Худованд ба кор мегирифт.

Паёмбари Акрам(с) хитоб ба асҳоб фармуданд: “Ин гуна нагӯед, зеро агар ӯ кушиш мекунад, ки худашро аз гадоӣ ҳифз кунад ва аз мардум бениёз намояд, дар ҳақиқат ӯ дар роҳи Худованд талош кардааст. Талоши ӯ ба хотири таъмини зиндагии падару модари нотавон ё фарзандони заифи худ бошад, кори ӯ дар роҳи Худо маҳсуб мешавад. Сипас он ҳазрат фармуданд: Аммо бидонед, агар кори ӯ ба қасди  фахрфурӯшӣ ва анбоштани молу сарват бошад, дар ин сурат дар роҳи шайтон аст”.

Он гуна ки аз Паёмбари Акрам(с) нақл шуда фармуданд: ”Ҳар кас дар дунё дунболи рӯзии ҳалол бошад, то бо он аз нанги суол ва гадоӣ дар амон бошад ва хонаводаи худро дар осоишу оромиш қарор диҳад ва ба ҳамсоягон некӣ кунад, рӯзи қиёмат дар ҳоле ки чун  моҳи шаби чаҳордаҳ медурахшад, Худовандро мулоқот хоҳад кард".

Одоби тиҷорат: Бо ин баён ба суроғи одоби тиҷорат аз дидгоҳи Ислом мепардозем:

Аз онҷо ки дини Ислом комилтарин дин ва ҷомеътарин мактаб аст, дар тамоми заминаҳо ва мавзӯот сухани  мутаносиб бо ҷомеаро дорад. Дар ин росто аз масоили иқтисодӣ низ ғофил набуда, балки бояду набоядҳои фаровонеро дорад. Як иқтисоди солими исломӣ, як бозори солими исломӣ, вақтест ки тамоми дастуроти Ислом ба кор гирифта шавад ва як тоҷир ва санъатгари солим вақтест, ки ба он мавозин пойбанд буда ва онҳоро иҷро кунад. Бадеҳист,  ки барои иҷрои ҳар қонун шарти асосии он, илм доштани он аст. Бисёр вақтҳо дида мешавад, афароди бузургтаре як ҷавон ё навҷавонони ноогоҳ ба масоили диниро дар мағозаи худ мегузоранд ва ӯ ҳам ба далели огоҳӣ надоштан аз масоили шаръӣ ва исломӣ, мумкин аст хилофҳоеро муртакиб шавад, ки оқибат ба ҳаром кашида шавад.

Бинобарин зарурат дорад, нахуст афрод масоили шаръии муомила ва касбу кори тиҷоратро биёмӯзанд, сипас вориди кор шаванд.

Бархе аз одоби тиҷорат иборатанд аз:

Мустаҳаб: 1- Фурӯшанда байни муштариёнаш дар нархи коло тафовут нагузорад. 2- Фурӯшанда дар нархи ҷинс ва коло сахтгирӣ ва пофишорӣ накунад. 3- Касе, ки бо ӯ муомила карда, агар пушаймон шуд ва тақозои ба ҳам задани муомиларо бикунад бипазирад.

Макруҳ: 1- Муомила бо мардуми пасту хасис. 2- Муомила байни азони субҳ то баромадани офтоб. 3- Муомила ва фуруши гандуму  ҷав ва монанди он.

Одоби тиҷорат зиёдтар аз он аст, ки битавон ба тамоми он пардохт ва зайлан фақат ба бархе аз офоти тиҷорат ва  касбу кор мепардозем.

Офоти тиҷорат

1- Камфурӯшӣ: яке аз бемориҳое, ки дар тӯли таърих домангири бозор буда ва ба унвони як бемории иқтисодӣ-иҷтимоӣ бояд аз он ёд кард, мавзӯи камфурӯшӣ ва кайлу вазнро ба дурустӣ анҷом додан аст. Албатта камфурӯшӣ доманаи густарае дорад, аз қабили: Аз ком кам гузоштан, ба андоза пули ҷинс надодан, ва ғайра ки аз масодиқи ин бемории хатарноки иқтисодӣ  аст.

Ин масъала дар оёти Қуръон[1] ва аҳодиси шариф баён гардида ва ҳар касро, ки даст ба ин кор бизанад, тоҷири фоҷир номида ва ҷойгоҳи онро оташи ҷаҳаннам муаррифӣ  кардааст[2] .

Дар ривояте чунин омадааст, ки: Ду хислат дар    умматҳои пешин буда, ки онҳоро ба ҳалокат кашонидааст ва он ду дар ин уммат низ ҳаст. Пурсида шуд, ки он ду хислат кадом аст, фармуд: Кайл ва тарозу (алкайлу вал мизон) ва хиёнат дар ин дутост ки умматро ҳалок мекунад.

Лизо дар ҳадисе омадааст, агар наметавонед хуб вазн ва кайлро адо кунед, ҳақ надоред вориди муомила  бишавед.

2- Рибо: Зишттарин даромадҳо  ва бадтарин судест, ки аз тариқи рибо ба даст меояд. Ва касе, ки шуғл ва манбаи даромади хешро рибохорӣ кунад, пасттарин шуғлро интихоб намудааст[3]. Мумкин аст  касе фикр кунад, ки фақат рибохор пасттарин инсон аст, дар сурате, ки на танҳо рибохор балки, даллол, восита, шоҳид ва нависандаи аснод низ дар гуноҳ шарик буда ва мавриди лаъни Расули Худо(с)қарор гирифтааст.[4]

3- Тақаллуб ва ғиш дар муомила: Ғиш ба маънои хиёнат дар амвол аст ва шомили тақаллуб, ҷаъли санад, ҷаъли имзо ва дигар роҳҳои шайтонӣ мешавад, ки мутаассифона иддае аз мардум дучори он ҳастанд.

Баъзе аз тоҷирон ва косибони ноогоҳ моли бадро бо моли хуб, махлут мекунанд. Зоҳири молро марғуб ва таги онро номарғуб қарор медиҳанд. Рӯи ҷаъба моли дараҷаи якро мерезанд ва таги онро ғайр аз он. Зоҳири хонаро ранг мезананд ва айбҳои онро мепӯшонанд; ҳамаи онҳо ҷузъи ғиш буда ва хиёнат дар муомила маҳсуб мешавад, ки сабаби ҳаром гаштани касбу кор мешавад.

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: Ҳар кас, ки дар хариду фурӯш дар ҳаққи мусулмоне хиёнат кунад, аз мо муслимин нест ва рӯзи қиёмат бо Яҳуд маҳшур мешавад, чаро ки яҳуд хиёнаткортарини афрод ба муслимин буданд.[5]

4- Эҳтикор дар аҷнос: Яке аз рафторҳои зишт дар миёни бархе аз тоҷирон ин аст, ки колоҳои асосӣ ва мавриди ниёзи мардумро харидорӣ мекунанд ва ба ҷои он ки онро барои масрафи мардум ба фурӯш бигузоранд, ба ҳадафи фурӯш ба қиматҳои  болотар, онро дар анбор захира мекунанд. Лизо вақте, ки арзаи он коло кам мешавад, нархи он боло меварад. Лизо он вақт он колоро ба бозор арза мекунанд, то суди бештаре насибашон шавад. Ва ин кор аз назари Ислом мавриди мазаммат ва наҳй қарор гирифтааст ва ҳар кас, ки чунин кореро муртакиб шавад, аз раҳмати  Худо дур мегардад.

Расули Акрам(с) фармуданд: “Касе, ки рӯзиҳои мардумро бар меоварад ва дар ихтиёри мардум қарор медиҳад, баракт дорад, вале касе, ки эҳтикор мекунад ва колоро ҳифз мекунад, то пас аз гарон шудан  дар бозор арза бидорад, малъун ва аз раҳмати Худо дур аст[6]. Бояд диққат шавад,  ки фарқе   надорад, ки эҳтикор дар мошинҳо бошад, ва ё дар довар ва ё дар илму дониш, балки ҳарчизе ки ниёзи ҷомеа бошад ва онро бароварда накунад ва ҳол он ки дар дасти ӯ ҳаст, шомил мешавад, лизо он фард муҳтакир буда  ва малъун аст.

5- Савганд дар муомила: Бархеҳо чун наметавонанд муштариро ба худашон ҷалб намоянд, лизо барои ба даст овардани эътимоди муштарӣ қасам ёд мекунанд. Қасам хӯрдан дар муомила дар қарнҳои гузашта  низ  дар бозори мусулмонон роиҷ буда, лизо аҳодис ба шиддат онро мазаммат кардаанд.

Ҳазрати Али(а) зимни гардиш дар бозори Куфа ва насиҳат ба онон  мефармуданд: "Аз савганд хӯрдан парҳез намоед"[7].

6-Пинҳон намудани айби коло: Илова бар он ки тоҷир набояд  беш аз ҳад моли худро таъриф кунад, лозим аст айбҳои моли худро низ барои харидор баён кунад. Лизо ҳар кас агар айби колои худро барои муштариён баён накунад ва онро бо ҳамон айб бифурӯшад, муртакиби гуноҳ шуда ва кори ҳаромро анҷом додааст.

Ривоят шуда, ки Паёмбари Акрам(с)дар бозор ба марде бархӯрд намуданд, ки гӯё гандум мефурӯхт, он ҳазрат мехостанд, бихаранд ва дасти худро дар дохили он фурӯд намуданд, то кайфияти онро беҳтар бифаҳманд, ногаҳон эҳсос карданд, ки он гандум рутубат дорад, лизо фармуданд: Эй мард ин чист? Фурӯшанда гуфт: Рутубат аз осмон аст. Ҳазрат фармуданд: Чаро онҳоро рӯи боқӣ нагузоштаи, ки мардум бибинанд, ҳар кас дар муомила фиребкорӣ ва пинҳокорӣ кунад аз мо нест".[8]

7- Истифода аз ночории фурӯшанда ё харидор: Дар бархе мавоқеъ пеш меояд, ки фарде ночор аст ба ҳар нархе, ки бошад, молро бихарад. Монанди касе, ки ниёз ба як доруе дорад, ки зиндагӣ ва марги ӯ бастаги ба он дорад ва ё масалан обрӯи ӯ дар хатар аст ва барои ин ки ба зиндон наафтад, ночор аст хонаи худ, боғу мазрааи худ, ва ё мошини худро бифурӯшад, то обрӯи худро бихарад. Дар ингуна шароит харидоре дид, ки фурӯшанда  ночор аст, аз ночории он истифода  намуда моли онро ба нархи арзон аз дасти ӯ мегирад ва ё фурушанда вақте мебинад, муштарӣ ночор аст, моли худро ба қимати боло мефурӯшад. Инҳо ҳама беинсофӣ буда ва як зулму ситами ошкор дар ҳаққи афрод аст. Чароки ноҷавонмардӣ буда ва зидди ахлоқу одоби исломӣ аст.

Дар ҳадисе омадааст, ки мефармояд: “Замоне меояд, ки иддае дӯст доранд, бо ашхоси ночору дармонда хариду фурӯш кунанд. Бидонед, ки онон бадтарини мардум ҳастанд”.[9]

8- Дахолат дар муомилаи дигарон: Аз ҷумлаи корҳои ношоист дар корҳои тиҷорат, дахолат кардан дар муомилаи дигарон аст, бадин маъно, ки ду нафар дар ҳоли муомила ҳастанд, ки яке харидор ва дигаре фурӯшанда, фарди севвуме аз роҳ мерасад ва вориди муомила шавад ва бигӯяд: Ман низ харидорам. Ин кор чун сабаб мешавад, то соҳиби мол тамаъ кунад ва нархро боло бибарад ва муштарии аввал натавонад, колоро бихарад, аз он наҳй шудааст. Чунонки Паёмбари Акрам(с) шахсеро, ки вориди муомилаи бародари мусулмони худ шавад, наҳй намуданд[10]

Ҷамъбандӣ

Аз назари Ислом талош дар роҳи касби рӯзӣ ва таҳсили даромад барои таъмини маоши худ ва хонавода ва мушорикат дар умури хайрия, бисёр арзанда ва писандида аст. Ҳарчанд касоне, ки дорои шуғлҳои иҷтимоии монанди қазовату иморат ҳастанд, иҷозат дода шудааст аз байтул мол истифода намоянд, аммо дар инҷо ҳам беҳтар аст аз кору талоши шахсии худ истифода кунанд. Ҳамон гуна ки Паёмбари Акрам(с) дар канори рисолати хеш ба кори шахси дар боғу мазраа мепардохтанд. Бинобар ин тиҷорат ва касбу кору таҳсили даромад ба худии худ писандида ва некӯст.

Аммо бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки дар ин байн ду чиз нораво аст:

1- Ин ки дар  касби сарвату моли дунё, зиёдаравӣ ва ифрот сурат  нагирад,  ки дар Ислом ин кор мавриди  сарзаниш қарор гирифта ва ба ҷои он эътидол ва миёнаравӣ мавриди супориш воқеъ шудааст.

2-Ин ки касби сарват ва саъй дар роҳи таҳсили даромади моли дунё, инсонро ончунон дар худ ғарқ накунад, ки аз умури маънавӣ ва ухравӣ ва вазоифи ибодӣ ва иҷтимоӣ дур гардад. Ва дар натиҷа охирати хешро ба хотири ободонии дунё вайрон намояд, бар ҳамин асос  Худованд дар васфи бандагони худ чунин мефармояд: "Онон мардоне  ҳастанд, ки тиҷорат ва хариду фурӯш, онҳоро аз ёди Худо боз намедорад"[11] лизо дар тафсири ин оят омадааст, ки: Онҳо тоҷироне буданд, ки ҳаргоҳ вақти намоз фаро мерасид, тиҷоратро тарк мекарданд ва ба самти намоз рӯ меоварданд. Бар акси касоне, ки Паёмбари Акрам(с)-ро дар ҳоли хондани хутбаи намози ҷумъа медиданд, аммо ӯро танҳо гузошта ва ба суроғи тиҷорати тоҷирон мерафтанд[12].

Дар охири ин баҳс зимни зикри ҳадисе онро ба поён мебарем. Расули Акрам(с) фармуданд:[13] Тоҷири дурусткор дар рӯзи қиёмат бо сиддиқон ва шаҳидон маҳшур мешавад".[14]

 

Таҳияи Қиёмуддини Қамаруддин



[1] -Руҷӯъ кунед ба Сураи Мутаффифин, ояти, 1-3/ Арраҳмон, ояти, 8-9/ Исро, ояти, 35.

[2] -Дар ривояте Паёмбари Акрам(с) чунин фармудааст:«التَّاجِرُ فَاجِرٌ وَ الفَاجِرُ فِي النَّارِ إِلاَّ مَن أَخَذَ الحَقَّ وَ أَعطَی الحَقَّ» Садуқ, Ал-фақиҳ, ҷ.3, с194, бобут тиҷора ва одобуҳо ва фазлуҳо  ва фиқҳуҳ "

[3] -Ҳамонгуна ки ривоят шудааст: «أَخبَثُ المَکَاسِبِ کَسبُ الرِّبَا»Кулайнӣ, Алкофӣ, ҷ.5, с147, бобур рибо.

[4] - «لَعَنَ رَسُولُ اللهِ (ص) الرِّبا َو آكِلَهُ وَ مُوَكِّلَهُ وَ بَايِعَهُ وَ مُشتَرِيهِ وَ كَاتِبَهُ وَ شَاهِدَيهِ» Садуқ, Алфақиҳ, ҷ3, саҳ.274, бобур рибо.

[5] -Руҷӯъ кунед ба Садуқ, Алфақиҳ, ҷ.3, саҳ.273» ,«بَابُ الإِحسَانِ وَ تَرکِ الغِشِّ فِی البَیعِ.

[6] -«الَجالِبُ مَرزُوقُُ وَالمُحتَکِرُ مَلعُونُُ» Кулайнӣ, Алкофӣ, ҷ.5, саҳ.165, бобул Ҳикра.

[7] -«تَنَاهَوا عَن الیَمِینِ» Ровандӣ, Фиқҳул Қуръон, ҷ.2, саҳ.43.

[8] -Муслим, ҷ.1.

[9] - «أَقوَامٌ یُبَایِعُونَ المُضطَرِّینَ أُولاَئِکَ هُم شِرَارُ النَّاسِ».

[10] -«نَهَی رَسُولُ اللهِ(ص) أَن یَدخُلَ الرَّجُلَ فِی سَومِ أَخِیهِ المُسلِمِ».

[11] -Сураи Нур, ояти, 37. «رِجاَلٌ لا تُلْهيهِمْ تِجارَةٌ وَ لا بَيْعٌ عَنْ ذِكْرِ اللَّهِ وَ إِقامِ الصَّلاةِ وَ إيتاءِ الزَّكاةِ يَخافُونَ يَوْماً تَتَقَلَّبُ فيهِ الْقُلُوبُ وَ الْأَبْصارُ»

[12] - Сураи Ҷумъа, ояти, 12. «وَ إِذا رَأَوْا تِجارَةً أَوْ لَهْواً انْفَضُّوا إِلَيْها وَ تَرَكُوكَ قائِماً قُلْ ما عِنْدَ اللَّهِ خَيْرٌ مِنَ اللَّهْوِ وَ مِنَ التِّجارَةِ وَ اللَّهُ خَيْرُ الرَّازِقينَ»

[13] - Руҷӯъ кунед ба Тирмизӣ, Ас-сунан, ҷ.5. «التَّاجِرُ الصَّدُوقُ یُحشَرُ یَومَ القِیَاَمۀِ مَعَ الصِّدِیقِینَ وَ الشُّهَدَاءِ»

[14] -Барои огоҳии бештар дар ин замина руҷӯъ кунед ба Ғазолӣ, Эҳё-ул-улум-ид-дин, ҷ.2 саҳ.84 ба баъд; Оштиёнӣ, Ганҷинаи одоби исломӣ, саҳ. 17 ба баъд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст