Нигоҳе ба масъалаи ҳаққуннос;

бознашр аз Ёсин

Аҳмияти ҳаққуннос

Ҳаққуннос аз ҳақҳое аст, ки дар Қуръон рӯи он таъкиди зиёде шуда аст, то ҳатто баъзе аз сураҳои Қуръон, монанди сураи Мутаффифин, Ҳумаза ва Ҳуҷурот дар бораи ҳаққуннос аст. Тамоми оятҳое, ки дар бораи мағфирати илоҳӣ аст масъалаи ҳуқуқи мардумро  дар бар намегирад, чунончи шаҳид, ки бо рехтани хуни покаш тамоми гуноҳони ӯ аз байн меравад, дар сурате, ки агар дар гарданаш ҳаққи касе дигаре боқӣ монда бошад дар ин бора аз ӯ савол мекунанд.

Дар  баъзе аз ҳадисҳо аҳмияти ҳаққи мардум аз ҳаққи Худо ҳам муҳимтар дониста шуда аст, зеро ҳаққуннос ҳаққуллоҳ ҳам ҳаст, вале ҳаққуллоҳ ҳаққуннос нест, ҳар кас гуноҳе анҷом диҳад фақат Худо аст, ки аз ӯ ҷавоб мехоҳад, аммо агар коре кунад, ки ҳаққи мардум поймол шавад, ҳам он шахс ва ҳам Худо ҳар ду талабкор ҳастанд. Расули Худо(с) ба мардум фармуданд: Эй мардум, оё медонед  нодор ва бечора кист?  Мардум гуфтанд: Бечора назди мо касе аст, ки на пул дораду на чизу чора. Ҳазрат гуфтанд: Нодор ва бечораи уммати ман касе аст, ки бо доштани намозу рӯза, дасти холи ба Маҳшар меояд, зеро баъзе мардумро  мавриди зулм ва ситам қарор дода аст, ҷону мол ва обрӯи касони дигарро поймол карда аст, ба ин дашном дода ва ба он туҳмат зада аст, моли ин шахсро бурда ва дигариро лату куб карда аст, барои ҷуброни гуноҳонаш аз хубиҳои ӯ гирифта ба ину он медиҳанд, агар некиҳояш тамом шавад пеш аз он ки халосӣ ёбад, аз гуноҳони онҳо гирифта ба ҳисоби ин мегузоранд ва сипас ӯро дар оташ меандозанд.

идома дорад

http://www.yosin.org

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст