Мавориди истисно шуда ва хос аз маҳрамият дар ширхорӣ
1. Агар зане кудакеро бо шароити шаръи шир диҳад, шавҳари он зан, ки соҳиби шир аст(соҳиби лабан) ба хоҳарҳои он кудак маҳрам намешавад. Ҳачунин хешовандони шавҳар ба хоҳар ва бародари он кудак ва дигар хешҳои он кудак маҳрам намешаванд.
2. Агар зане кудакеро шир диҳад, ба бародарҳои он кудак маҳрам намешавад. Ҳамчунин хешовандони он зан ба бародар ва хоҳари кудаке, ки шир хурда маҳрам намешаванд.
Яъне ин масъала фақат ба худи кудаки ширхурда рабт дорад.
Нуктаи бисёр муҳим:
Дар баъзе аз маворид шир додан ба баъзе аз кудакон сабаби маҳрам шудани зан ва шавҳар ба ҳам мешавад ва он зан ва шавҳар бояд аз ҳам ҷудо шаванд. Ба ҳамин иллат ин маворидро зикр мекунем, то ин мушкил (ки ҳеч роҳи ҳалле надоранд) барои касе пеш наёяд.
1. Агар зане кудаки духтари худашро шир диҳад, он духтар ба шавҳари худ ҳаром мешавад ва зан ва шаҳар бояд аз ҳам ҷудо шаванд, на ба ин маъно, ки бояд аз ҳам талоқ бигиранд, балки ба ин маъно, ки дигар наметавонанд зиндагии муштарак зану шуӣ дошта бошанд.
Ҳамчунин агар модари арус кудакеро, ки шавҳари он арус аз зани дигараш дорад, шир диҳад он арус ва шавҳар ба ҳам маҳрам мешаванд ва бояд ба зиндагии зану шуии худ поён диҳанд.
Вале агар зане кудаки писари худро шир диҳад, зани писараш, ки модари он тифли ширхор аст бар шавҳари худ ҳаром намешавад.
2. Агар зани падари духтаре, кудаки шавҳари он духтарро (яъне фарзанди домоди шавҳарашро) аз шири марбут ба он падар шир диҳад, он духтар ба шавҳари худ ҳаром мешавад. Чи кудак аз ҳамон духтар ё аз зани дигари шавҳари ӯ бошад.
Масалан агар духтаре ба номи Фотима бо марде ба номи Алӣ издивоҷ кунад ва Алӣ аз Фотима ё аз дигар занаш ё аз зани қаблии худ фарзанде ба номи Аббос ё Абубакр дошта бошад ва зани падари Фотима, яъне модархондаи Фотима, Аббос ё Абубакрро шир диҳад, Фотима ва Алӣ бояд ба зиндагии зану шуӣ поён диҳанд ва бидуни талоқ аз ҳам ҷудо шаванд. Чунон чи гуфта шуд дар ин маворид лозим нест аз ҳам талоқ бигиранд, балки зан ва шавҳарии онҳо, то абад ҳаром аст ва дигар наметавонанд монанди зан ва шавҳарҳои дигар бо ҳам зиндагӣ кунанд, ба ин маъно, ки наздикии онҳо дар ҳукми зино бо маҳорим аст.