1. Ҳаққи модар ин аст, ки бидонӣ ӯ туро ҳамл ва дар ҷое ҷо ба ҷо кардааст, ки ҳеҷ кас, касеро дар чунин ҷое ҳамл ва ҷо ба ҷо намекунад. Аз меваи дилаш ба ту хӯрондааст, ки ҳеҷ кас аз он ба дигарӣ нахуронад.
Гӯшу чашм ва дасту по ва мӯю пӯст ва ҳамаи аъзояшро бо шодмонӣ ва хуррамӣ, сипари ҷони ту сохт ва ҳамаи ногувориҳо ва дардҳо ва сахтиҳо ва ғамҳои даврони бордориро ба ҷон харид, то онгоҳ, ки даст бори туро бар замин овард. Модар дилхуш буд, ки туро сер кунад ва худ гурусна бимонад, туро бипӯшонад ва худ бараҳна бошад, туро сероб кунад ва худ ташна бимонад, бар ту соя афканад ва худ дар офтоб ба сар барад, худ сахтӣ бикашад ва туро ба ноз парварад, худ бедор бимонад ва туро хоби нӯшин барад. Даруни ӯ ҷойгоҳи вуҷуди ту ва доманаш оромгоҳ ва пистонаш машки об ва ҷонаш сипари балоят буд ва сарду гарми ҷаҳонро барои ту ба ҷон харид. Ту бояд ба ҳамин андоза аз ӯ ташаккур кунӣ ва ин ҳаққшиносиро ҷуз ба ёрӣ ва тавфиқи Худо наметавонӣ ба ҷо оварӣ.
2. Ҳаққи падар ин аст, ки бидонӣ ӯ реша аст ва ту шоха. Агар ӯ набуд, ту низ набудӣ, пас ҳар гоҳ дар вуҷуди худ чизе хушоянд дидӣ, бидон ки, ин неъматро аз ӯ дори. Ба андозаи ҳаққе, ки бар ту дорад аз ӯ сипосгузорӣ ва қадрдонӣ кун ва нест қуввае ғайр аз қувваи Аллоҳ.
Аз китоби Рисолаи ҳуқуқи Имом Зайнулобидин
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст