Normal 0 false false false EN-US X-NONE AR-SA

Баъзе аз одоби меҳмонӣ

Ба ҳарҳол, эҳтиром ва такрими меҳмон аз сӯи мизбон ва ҳатто дигарон, аз аҳкоми ақлони ва сираи уқалоӣ ва таклифи шаръи аст. Бинобарин, ҳаргуна таарруз ва бе эҳтиромӣ аз сӯи мизбон ва дигарон ба меҳмон ба маънои хуруҷ аз урф ва тақвои уқалоӣ ва ақлонӣ ва шаръӣ аст.

Таҳият ва саломи меҳмонон ба мизбонҳам аз одоби меҳмонӣ аст; зеро нахустин абзори иртибот миёни ду шахс ба вижа ношинос, салом ва таҳият аст. Аз инру фариштагон ба унвони меҳмонони ношиноси ҳазрати Иброҳим (а) пеш аз ҳар каломе, салом ва таҳият мефиристанд ва бар ешун ворид мешаванд. (Ҳуд, ояи 69, ҳиҷр, оёти 51 ва 52, ва низ Зориёт, оёти 24 ва 25)

Дар муқобил, бар мизбон аст ки пеш аз ҳар сухане, ба неки посухи саломи меҳмон ё меҳмононро бидиҳад ва бо ин кор аз меҳмонон истиқбол намояд. (Ҳамоният)

Аз дигар одоби мизбони метавонад ба таҳияи ғазои муносиб ва хуб барои меҳмон ишора кард, ки дар оёте аз ҷумла 69 сураи Ҳуд ва 24 то 26 сураи Зориёт ба он ишора шуда аст. Инки ҳазрати Иброҳим (а) гӯсолаи фарбеҳро мекушад ва аз гӯшти он барои меҳмони истифода мекунад, ба хуби ин маъно ба даст меояд.

Ин ғазои муносиб бо таваҷҷуҳ ба замон ва шароити меҳмони метавонад мутафовит бошад. Ба ин маъно ки гоҳ меҳмони асрона ва монанди он аст. Бинобарин, лозим нест то аз меҳмон бо ғазое ки барои наҳор ва шом таҳия мешавад, пазирои кард, балки пазирои аз меҳмон бо мева низ метавонад анҷом гирад. Меҳмоние, ки Зулайхо барои дӯстони худ ҷиҳати муаррифии ҳазрати Юсуф (а) фароҳам оварда буд, бо пазирои аз меҳмонон бо мева буда аст. (Юсуф, ояи, 31)

Албатта саховат дар меҳмоннавози амри писандида аст, лизо ҳазрати Иброҳим (а) барои шумори андак аз меҳмонони нохондаи худ, гӯсолаи фарбеҳро мекушад ва гӯшти онро бирён ва кабоб мекунад ва ба хидмати меҳмонон меоварад. (Зориёт, оёти 24 ва 26 ва низ Ҳуд, ояи 69)

Истифсор накардан аз меҳмон дар бораи таҳияи ғазо ва навъи он аз одоби меҳмони аст; чунонки ҳазрати Иброҳим (а) бе онки аз меҳмон бипурсад, ки чи ғазое майл доранд, ба таҳияи ғазое мепардозад, ки умуми мардум ба хурдани он алоқа ва гароиш доранд. Аз онҷое ки инсонҳо ба таври табии ба ғазои фароҳам омада аз гӯшт, алоқа доранд, ҳазрат ба таҳияи он иқдом намуда аст. (Ҳуд, ояи 69 ва низ Зориёт, оёти 24 ва 26) аз дигар одоби мизбони он аст, ки мизбон дар таҳия ва омода кардани ғазои муносиб барои меҳмонон, дуранг накунад ва барои таҳияи он шитоб варзад.(ҳамчунин мизбон дар пазирои аз меҳмонони худ ҳамонанди ходиме аз меҳмонон пазирои намояд то ингуна такрими худро нисбат ба меҳмон ба итмом расонад ва ҳаққи зиёфат ва меҳмониро адо кунад. (Ҳамон ва низ Фсуф, ояи 31).

Аз ҷумла одоби пезирои ва меҳмони он аст ки ғазоро дар дастраси меҳмон гӯзорад то меҳмон ба содаги битавонад аз он бихурад. (Зориёт, оёти 24 то 27) пас аз дастрас қарор додани таом ва хӯроки, мизбон аз меҳмон тақозо кунад то аз ғазо тановул намояд. (Ҳамон)

Тафовути меҳмони нохонда ва даъватшуда, пазирои аз меҳмони даъватшуда бояд шакли обурумандонатаре бошад. Ба ин маъно ки агар барои меҳмонони нохонда, мумкин набошад то аз пеш тадорук е дида шавад ва бо инҳол аз беҳтарин ғазои мавҷуд барои пазирои истифода шавад (Ҳамон), аммо нисбат ба меҳмононе ки аз пеш даъват шудаанд, лозим ва зарури аст пазирои шоистатаре анҷом шавад.

Эмом Содиқ(а) дар зейли ояи 148 сураи Нисоъ, мефармояд: касеки қавмеро ба меҳмони даъват кунад ва дар зиёфат бади кунад, Ӯ аз ситамгарон аст ва бар қавм боке нест ки бар Ӯ чи бигӯянд. (тафсири Аёши,ҷ 1, саҳ 283, ҳадиси 296 ва низ Албурҳон, ҷ 2, саҳ 194 ва ҳадиси 1.) ин бадон маъност ки зиёфати мадувин бо мемони нохонда тафовут дорад ва дар такрими меҳмони мадъув бояд санги тамом гӯзошт.

Ҳамроҳии ҳамсар ва хешони мизбон барои таҳияи ғазо ва ё дастикам ибрози муҳаббат аз ҳузури меҳмонон ва огоҳи аз вазъияти пазирои ва зиёфат ва низ меҳмонон, амри писандида аст. Аз инр ҳазрати Сора (с) ба унвони ҳамсари ҳазрати Иброҳим (а) бар даргоҳи утоқи пазирои аз меҳмонон, ҳозир мешавад. (Зориёт, оёти 2 то 29 ва низ Ҳуд, оёти 69 ва 71).

Фароҳам овардани имконоти рифоҳӣ барои меҳмонон барои ва нишондани дар беҳтарин ҷойгоҳи мумкин дар такрим ва пазироӣ, аз дигар одоби меҳмоннавози аст, ки метавон аз оёти 99 ва 100 сураи Юсуф ин маъноро истинбот кард.

Ҳифзи шаън ва эҳтироми меҳмон ва мизбон

Шоиста аст, ки атрофиёни мизбон ба ҳар шакле дар такрими меҳмон бикушанд ва шароитеро фароҳам наёваранд ки меҳмон озурдахотир шавад. Ба ин маъно, ки дар меҳмоннавози мизбон, набояд халале ворид кард ва шароити беҳурматии меҳмонро фароҳам овард. (Ҳуд, ояи 78 ва низ Ҳиҷр, оёти 68 ва 69 ва Қамар, ояи 37)

Аз назари Қуръон ҳаргуна таарруз ба меҳмонони мизбон ба маънои амали нописанд ва ба дур аз рушд ва тақвост ва таарруз ва иҳонат ба меҳмон дар ҳукми таарруз ва иҳонат ба мизбон мебошад.(Ҳуд, оёти 77ва 78, ва низ Ҳиҷр, оёти 68 ва 69)

Аз инру бар мизбон аст, то ба ҳар шакле шуда ба дифоъ аз ҳурмати худ ва меҳмонон бипардозад ва иҷоза надиҳад, то касе мутаарризи меҳмон шавад. Бинобарин, дифоъ аз меҳмонон аз вазоифи мизбон аст ва мизбон метавонад аз ҳар васила ва абзоре истифода кунад то меҳмонон мавриди таарруз ва иҳонат қарор нагиранд. (Ҳамон) вазоифи меҳмонҳам аз одоби меҳмонӣ аст, ки меҳмон, аз ғазо ва таоми фароҳам бихурад (Ҳамон) ва ба гунае рафтор намояд, ки тарс ва ҳаросе бар дили мизбон наяфканад ва коре накунад, ки мувҷиби нороҳатии мизбон шавад. (Ҳамон ва низ Ҳиҷр, оёти 51 ва52) дар сурате, ки мизбон ба ҳар далиле аз меҳмонони нохондаи худ нигарони дорад, бар меҳмон аст, ки нигаронии мизбонро бартараф кунад.(Ҳуд, оёти 69 ва 70 ва Ҳиҷр, оёти 51 ва 57) ҳамчунин бар меҳмони мадъув аст, то дар замони даъватшуда дар хонаи мизбон ҳозир шавад ва пеш аз вақт наравад то дар интизори ғазо бимонад ва мизбонро ба ҳараҷ афканад ва мувҷиби азият ва озори ӯ шавад. (Аҳзоб, ояи 53).

Бар меҳмон аст, ки пас аз ғазохурдан, ва поёни пазироӣ ва меҳмоннавозӣ аз хона хориҷ шавад ва мизбонро озор надиҳад.(Аҳзоб, ояи 53).

Меҳмони нохонда мебоист қабул кунад, ки мизбон ӯро напазирад. Бинобарин, мизбон метавонад меҳмони нохондаро напазирад ва иҷозаи вуруд ба хона ва маҳалли сукунати худро надиҳад ва меҳмони нохонда низ наметавонад ва набояд аз ин кори мизбон озурдахотир шавад. ( Нур, оёти 27 ва 28 ва низ Аҳзоб, ояи 53) Худованд гузориш мекунад, ки мардуми шаҳри Носира аз меҳмоннавози ва пазирои ҳазрати Мусо (а) ва ҳазрати Хизр (а) худдори карданд ва онон низ бе онки гилояе дошта бошанд, аз онҷо берун рафтанд. (Каҳф, ояи 77 ва низ Маҷмаулбаён, ҷ 5 ва 6, саҳ 751) бинобарин, аз ихтиёроти машруъ ва қонуни ва урфии мизбон он аст, ки меҳмони нохондаро напазирад. (Нур, ояи 28) бар меҳмонони мадув лозим аст, то дар меҳмони ширкат кунанд ва хулфи ваъда нанамоянд. (Аҳзоб, ояи 53) дар сурате ки мизбон инсони бузургвор чун паёмбар (с) аст, бар мадув аст, то бе ҳеч баҳонае даъватро бипазирад ва дар меҳмони ширкат кунад. (Ҳамон).

Ончи баён шуд танҳо гӯшае аз масоил ва матолиби марбут ба меҳмони ва мизбони аст; чароки меҳмони осор ва баракати зиёде дар руҳияи фарди ва иҷтимои дорад ва барои он коркардҳои бисёре аст, ки баёни ҳамаи онҳо дар ин маҷолшудани нест. Азинру ба ҳамин миқдор басанда мешавад.

 

Сайидбуҳон Акбар

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст