Ҳаҷ дар луғат: қасд кардан ба сӯи кори бузурге. Ва дар истилоҳи шариат: қасди махсус ва дар замони махсус ва дар макони махсус.Умати ислом бар фарзияти ҳаҷ иҷмоъ кардаанд ва ҳеч як аз мусулмонон дар фарзияти он ихтилофе надорад. Худованди мутаъол мефармояд:

وَلِلّهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَنِ اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ الله غَنِيٌّ عَنِ الْعَالَمِينَ

ва Расули Худо мефармояд: من حج لله فلم یرفث و لم یفسق رجع کیوم ولدته امه яъне касе ки барои Худо ҳаҷ кунад пас рафс накунад ( рафас яъне наздикӣ ва буса ва ламси зан ба шаҳват) ва бадзабонӣ накунад бозмегардад аз хаҷ хамонанди рузе ки модараш ӯро зоида аст. Равоҳу ашшайхон.

Ҳаҷ барои чи касе фарз аст?

Ҳаҷ якбор дар умр бар ҳар фарде мард бошад ё зан фарзи айн аст, дар сурате, ки он фард шароити зерро дошта бошад:

1. Мусулмон бошад.

2. Болиғ бошад .

3. Оқил бошад.

4. Озод бошад.

5. Тавоно ва дорои иститоаът бошад, ва маънои иститоъат ин аст ки он фард илова бар нафақаи хонаводаи хеш дар муддати ғиёби хеш молики тушаи роҳ ва маркаб бошад, тандурусти ҷисм ва бадан боз будани роҳ ва васеъ будани роҳ.

 

Эҳром.

Ҳоҷиёни хонаи Худо вақте ки ба миқот мерасанд дар онҷо истода ва амали эҳромро баҷо оваранд ва муҳрим шаванд, яъне либоси худро аз тан берун оваранд ва ҷомаи эҳром бар тан кунанд. эҳром тибқи суннат ингуна аст:

1. Ибтидо таҳорат ё ғусл кунад( ғусл беҳтар аст).

2. Ду қитъа порчаи сафеди беранг, бедукма ва нодухта пок бар худ бипечанд, ба ин тариқ ки якеро ба ҷои изор истифода намуда ва бо дигари худро печонад.

3. Агар битавонад худро хушбӯ созанд.

4. Ду ракъат намоз бихонанд.

5. Ният кунанд, яъне қасд кунанд ки танҳо барои анҷоми фармони Худо муҳрим шаванд, на барои риё. Ва мегуяд: Худоё мехоҳам ҳаҷ анҷом бидиҳам ва ӯро баро ман осон бигардон ва аз ман қабул кун. ва баъд аз ният “ талбия” бигуяд. Талбия яъне لبیک اللهم لبیک لاشریک لک لبیک ان الحمد و النعمة لک و الملک لا شریک لک ва баъд аз гуфтани эҳром баста аст ва муҳрим шуда аст.

 

Ончи ки дар эҳром аз он манъ шудааст.

Ҳоҷиёне ки дар ҳоли эҳром ҳаствнд анҷоми корҳои зерин ҳаром аст.

1. беҳуда гуфтан.

2. Шикор дардан.

3. Фисқ анҷом додан.

4. Ҷанг ва ҷидол намудан.

5. Касеро ба сӯи шикор роҳнамои намудан.

6. Истеъмоли бӯи хӯш.

7. Гирифтани нохун.

8. Пушонидани сар ва руй ва салла бар сар кардан.

9. Пушидани изор ва пероҳан ва ҳар чизе ки духта ва ё бофта шудааст.

10. Муза бар по кардан.

11. Тарошидани муйи сар ва ё бадан.

12. Равған ба бадан молидан.

13. Буридан ва ё кандани дарахт.

14. Баҳраи ҷинсӣ бурдан.

Занҳо сари худро мепӯшонанд ва танҳо рӯяшонро намепӯшонанд, ҳамчунин бар занҳо ҷоиз аст, ки либоси духта бар тан кунанд.

 

Тавофи қудум.

Муҳрим аз чизҳое ки манъ шуда бипарҳезад ва аз ҳар намоз ва ҳамчунин ҳар замоне ки ба макони баланде боло рафт ё ба маконе фуруд омад ё бо корвон ва қофилае рӯбарӯ шуд ё аз хоб бедор гардид бисёр талбия бигуяд.

Ва чун ба макка расид аъмоли ҳаҷ ё умраро аз зиёрати масҷид- ул-ҳаром оғоз намояд ва чун байт улҳаромро дид такбир ва таҳлил бигуяд. Сипас аз ҳаҷар- ул-асвад оғоз намуда такбир ва таҳлилгуён рӯ ба сӯи он кунад ва ҳаҷар уласвадро истилом намояд ва бибӯсад ва агар қодир набуд онро бо ишора истилом намояд.Сипас аз ҷониби рости ҳаҷар- ул-асвад шурӯъ ба тавоф намуда ва ҳафт бор гирдогирди хонаи каъба тавоф намояд.ва дар се печи авал паҳлавон раҳгард кунад ва дар бақияи печҳо бо оромиш ва виқор роҳ биравад. Ва тавофро аз пушти сари Ҳатим шурӯъ кунад ва ҳар боре ки аз назди ҳаҷар-ул- асвад мегузарад онро истилом намояд. Ва тавофро бо истилом хатм намояд. Онгоҳ ду ракъат намоз бигзорад ва ин тавофро тавофи”қудум” меноманд ва ин тавоф суннат аст.

 

Саъй байни сафо ва марва.

إِنَّ الصَّفَا وَالْمَرْوَةَ مِن شَعَآئِرِ اللّهِ فَمَنْ حَجَّ الْبَيْتَ أَوِ اعْتَمَرَ فَلاَ جُنَاحَ عَلَيْهِ أَن يَطَّوَّفَ بِهِمَا وَمَن تَطَوَّعَ خَيْرًا فَإِنَّ اللّهَ شَاكِرٌ عَلِيمٌ[1]

ذَلِكَ وَمَن يُعَظِّمْ شَعَائِرَ اللَّهِ فَإِنَّهَا مِن تَقْوَى الْقُلُوبِ[2]

Сафо ба маънои санги муҳкам ва софе аст ки бо хок ва рег омехта набошад. Ва марва ба маънои санги муҳкам аст.[3]Сафо ва Марва номи ду кӮҳе аст ки бо фосилаи ҳудуди 420 КМ дар баробари ҳам қарор доранд ва имрӯз ин фосла ба сурати як хиёбони сарпушида даромада аст.

Баъд аз тавофи қудум ба сӯи кӯҳи Сафо ва бар болои он меравад ва рӯ ба қибла истода такбир ва таҳлил мегӯяд ва бар Расули Худо дуруд мефиристад ва ба боргоҳи Худо дуъо мекунад.

Пас аз он ба сурати одди роҳ рафтан ба суи Марва ҳаракат мекунад ва ҳар гоҳ ки ба нишонаи сабз расид аз онҷо то нишонаи сабзи дигар давон давон ҳаракат хоҳанд кард. Ҳаминки аз нишонаи сабзи дуввум гузаштанд дубора ба сурати одди роҳ мераванд. Ва вақте ки ба Марва расиданд болои он баромада ва ҳамон амалҳоеро ки дар Сафо анҷом дода буданд дар ин ҷо ҳам баҷо меоваранд, ин аст як давр ҳаракат аз Сафо то Марва. Ба ҳамингуна ҳафт давр саъй менамояд.

Занҳо дар фосилаи миёни ду нишони сабз монанди мардҳо намедаванд балки дар ҳамаи даврҳои саъй ба сурати одди роҳ мераванд.

ان الصفا و المروة من شعائر الله[4] Сафо ва Марва аз аломате аст ки инсонро ба ёди Худо меандозад. Дар инҷо ба решаи таърихи Сафо ва Марва ишора мекунем.

Ҳазрати Иброҳим то аёми пирӣ бачадор нашуд, баъд аз дуъоҳои худованд аз тариқи канизаш Ҳоҷар ба ӯ писаре ба номи Исмоил ато фармуд. Сора ҳамсари аввалаш аз ин моҷаро нороҳат шуд.Ҳазрати Иброҳим ин модар ва кудакро ба фармони Худо дар миёни куҳҳои доғ ва биёбони хушк ва бе оби макка гузошт ва гуфт: Худоё ман зуррияамро дар ин биёбон мегузорам то намоз бар по доранд. Пас аз Мака берун рафт. Ғизо ва оби модар ва кудак тамом шуд кам кам шири модар ҳам хушк шуд . Кудаки навзод даст ва по мезад, модар саросима рӯи кӯҳи Сафо омад то шояд аз парандае ё дарахте хабари обе бигирад вале чизе наёфт ва ин амалро ҳафт бор анҷом дод вале дар поёни кор дид аз зери ангуштони кудак обе меҷушад! ба номи оби Зам зам.

Оре Худованд лутф мекунад аммо баъд аз саъй. мо бояд саъйи худро букунем то Худованд аз роҳҳои гуногун моро мавриди иноят ва лутфи хеш қарор диҳад. Модар дар ҷои дур даст интизори об дошт вале Худованд онро зери ангуштони кӯдак қарор дод.

Дар ҳадис дорем, ки оби зам зам беҳтарин об аст ва Худованд онро давои дардҳо қарор дода аст[5].

Ҳамин ки саъй дар сафо ва Марва тамом шуд мӯи сари худро битарошем ё кӯтоҳ кунем. Бо анҷоми ин амал аз эҳром берун меоянд ва чизҳое, ки барои онҳо ҳаром буд ҳалол мешавад.

Номи ин панҷ амал “эҳром дар миқот” гуфтани талбия, тавоф намози тавоф, саъй миёни Сафо ва Марва ва тарошидан ё кӯтоҳ кардани муи сарро умра мегуянд. Пас аз анҷоми амалҳои умра ва берун омадан аз эҳром то ҳаҷ чанд рӯзе фосла аст, ки онро аёми фароғат ном мегузорем.

 

Ҳаҷҷи таматуъ

Баъ аз аъмоли умра то рӯзи ҳаштуми моҳи Зилҳиҷҷа (рӯзи тарвия) ки аъмоли ҳаҷ шурӯъ мешавад дар Мака мемонем. Аъмоли умраро ҳар кас дар ҳар вақт аз моҳҳои ҳаҷ ки омад анҷом медиҳад вале аъмоли ҳаҷро бояд ҳама бо ҳам анҷом диҳем. Аъмоли ҳаҷ рузи муъаян , соъатҳои мушахас ва ҳаракат махсус дорад. Ҳаҷҷи тамату аз давоздаҳ амал ташкил мешавад, ки мо онҳоро зикр мекунем.

1. Эҳром. Аввалин амал дар ҳаҷҷи тамату эҳром аз шаҳри Макка аст, ки одатан ҳоҷиён рӯзи ҳаштуми Зулҳиҷҷа барои анҷоми ин амал омода мешаванд. Ҳоҷиён либлсҳои маъмулиашонро аз тан берун мекунанд ва сарҳоро бараҳна ва ду қитъа порчаи сафед барои эҳром мепӯшанд ва нияти эҳроми ҳаҷҷи тамату карда ва талбия мегуянд.

2. Истодан дар Арафот. Арафот сарзамине аст ки Одам ва Ҳаво ҳамдигарро дидаанд ва шинохтаанд, ҷое ки маърифат комил мешавад ва таваҷуҳоте барои инсон меояд.

Баъд аз эҳром ба сӯи “Мино” ҳаракат мекунанд. Дар мино то ҳангоми тулуъи хуршеди рӯзи Арафа (рӯзи нуҳум) иқомат намуда ва баъд ба сӯи Арафа равона мешаванд ва дар онҷо то ғуруби Хуршед мемонанд такбиргуён ва таҳлилгуён ва дурудгуён бар Расули Акрам ва дуъо кунон , ва ин рӯз рӯзи дуъо ва тавба ва истиғфор аст. Пас аз заволи Хуршед имом бо мардум ду намози пешин ва асрро дар вақти пешин бо як азон ва ду иқомат бигзорад.

3. Истодан дар муздалифа. فاذا افضتم من عرفات فاذکرو الله عند المشعر الحرام[6] ҳангоме ки аз Арафот куч кардед Худоро дар сарзамини машъар-ул- ҳаром ёд кунед.

Ҳаргоҳ ки Хуршеди рӯзи нӯҳум ғуруб кард аз Арафот ба сӯи “Муздалифа” ҳаракат мекунанд. Дар Муздалифа намози Шом ва Хуфтанро дар вақти Хуфтан бо як азон ва ду иқомат мегузоранд. Шабро то сӯбҳ дар Муздалифа мемонанд ва баъд аз тулӯи фаҷри сонӣ намози бомдодро ҳангоме торикӣ бо ҷамоаът баҷо меоваранд ва сипас дуъо ва истиғфор ба пешгоҳи Худованди мутаъол машғул мешаванд. ва ҳоҷиён қабл аз тулуи Хуршед ба сӯи Мино ҳаракат мекунанд.

4. Партоби сангреза ба ҷамараи ақаба. Дар ин маҳал буд, ки иблис дар баробари ҳазрати Иброҳим муҷасам шуд ва васваса кард, вале ҳазрати Иброҳим бо партоби сангҳо ӯро аз худ дур намуд. Худованди Мутаъол барои озмоиш ва рушди Иброҳим ба ӯ фармони қурбонии фарзандаш Исмоилро дод. Дар инҷо шайтон шурӯъ ба васваса кард. Ҳазрати Иброҳим барои анҷоми фармони Худованд ва қурбонии фарзандаш, аввал ба сарзамини машъар-ул- ҳаром омад. Шайтон ба дунболи ӯ шитофт ӯ ба маҳали ҷамараи ӯло омад шайтон ҳам омад Ҳазрат ҳафт санг ба ӯ партоб кард. Ҳангоме ки ба ҷамараи дуввум расид боз шайтонро мушоҳида намуд, ҳафт санги дигар партоб кард то бо ҷамараи ақаба омад ҳафт санги дигар зад ва билахира иблисро аз худ маъюс кард.

Иблис аввал назди модари Исмоил (Ҳоҷар) рафт ки фарзандат имрӯз кушта мешавад, Ҳоҷар гуфт: падар ҳар гиз фарзандашро намекушад. Иблис гуфт: Иборҳим ба хиёли фармони Худо фарзандашро мекушад. он зани бо имон гуфт: агар худованд фармон дод, ман дар баробари фармони Худо рози ҳастам. Иблис аз тариқи модар маъюс шуд.

Назди Исмоил омад, ки васваса кунад ӯ низ ҳамчунон истиқомат намуд ва аз дасти мубораки Иброҳим сангборон шуд. Ва маънои ин моҷаро ин аст, ки иблис барои васвасаи инсон гоҳе аз тариқи ҳамсар ва гоҳе фарзанд ва гоҳе мустақиман ба суроғи худи инсон меояд. Билахира бояд ӯро бо истимдод аз неруи илоҳӣ дафъ намуд.[7]

Ҳоҷиён пас аз тӯлуъи офтоби рӯзи иди Қурбон ба сӯи “Мино” ҳаракат кунанд ва чун ба назди ҷамараи ақаба расиданд онро бо ҳафт сангреза бизананд. Ҷамараи ақаба сутуне аст дар Мино.

Ҳангоми партоби ҳар сангреза такбир гуянд. ҳоҷиён бо партоби авалин сангреза талбияро қатъ карда ва баъд аз партоби ҳамаи сангрезаҳо дар пеши “ҷамараи ақаба” намемонанд.

5. Қурбонӣ, Дувумин амал дар рӯзи иди Қурбон ва дар Мино қурбони кардан аст, ки ҳоҷи бояд як шутур ё гов ё гусфанди солим ва бе айб бо нияти қурб ва наздики ба Худо сар бибурад.

Қурбони хотироти фидокорӣ аз худгузаштагӣ ва нисори ҷон дар роҳи фармони Худованд ва таслими маҳз будан дар баробари фармони Илоҳӣ аз Иброҳим ва фарзандаш Исмоилро дар ҷонҳо зинда мекунад.

6. Тарошидан ё кӯтоҳ кардани мӯи сар. Баъд аз қурбонӣ тарошидани мӯи сар ё кӯтоҳ кардани меқдори аз он аст. Ин амалро бояд дар ҳудуди ҳарам анҷом бидиҳад. Ва занон ба андозаи сари ангушт аз мӯи сари худ кӯтоҳ мекунанд.

Бо анҷоми ин амал ҳоҷи аз эҳром берун меояд ва барои ӯ ба ҷуз зан ҳамаи чиз ҳалол мешавад. Бинобар ин метавонад либлси оддӣ ҳам бипӯшад наздикӣ бо зан баъд аз тавофи зиёрат ҷоиз мебошад.

7. Тавофи зиёрат, Баъд аз онки ҳоҷиён бо тарошидан ва ё кӯтоҳ кардани меқдори аз мӯи сари худ, аз эҳром берун меоянд. боз ба тавофи Каъба ҷиҳати анҷоми тавофи зиёрат, ки аз аъмоли ҳаҷи таматуъ шумурда мешавад меоянд. Ин тавоф дар аёми наҳр мебошад ва ҳамонанди тавофи умра аст.

8. Намози тавоф, Баъд аз такмили ҳафт давр тавофи зиёрат ду ракъат намоз мехонанд.

9. Пас аз он барои ҳаҷ саъй байни Сафо ва Марва менамоянд ва чигунагӣ саъйро қаблан зикр кардем.

10. Рамйи ҷамарот, ҳоҷиён баъд аз тавоф, намози тавоф ва саъй боз ба Мино равона мешаванд ва дар рузҳои ёздаҳум ва давоздаҳум Зилҳиҷҷа баъд аз заволи Хуршед ҷамараҳои сегонаро бизанад. партоб аз ҷамараи “суғро” ки наздики масҷиди Хиф аст шурӯъ карда ва ибтидо ба он, сипас ба “ҷамараи вусто” ва баъд аз он ба ҷамараи бузург санг партоб мекунад. Ба ҷамараи сегона ҳафт санг партоб карда ва ҳангоми партоб такбир ва таҳлил мегӯяд.

Баъд аз рамйи ҷамароти сегона дар канори рости онҳо рӯ ба қибла истода ба дуъо ва ниёйиш ба даргоҳи Худованд мепардозанд. Вале баъд аз партоб ба ҷамараи бузург наистода балки ҳаракат мекунад ва дар ъайни ҳоли ҳаракат дуъо мекунад.

11. Мондан дар мино, Баъд аз фориғ шудан аз партоби сангреза ба ҷамароти сегона метавонанд ба Мака баргарданд ва ё инки дар Мино боқӣ монанд ва дар рӯзи сездаҳум ҳам низ ба ҷамараҳои сегона санг партоб кунанд.

12. Тавофи видоъ ё тавофи садр, Охирин амали ҳоҷиён дар макаи мукарама “таваофи видоъ” аст . Ин тавоф низ монанди тавофи умра ва ҳаҷ анҷом дода мешавад, танҳо инки дар ин тавоф “рамл” яъне паҳлавон раҳгардӣ вуҷуд надорад. Баъд аз тавофи видоъ ҳоҷиён метавонанд ба ватанашон баргарданд.

 


 

 

[1] .Бақара ояи 158.

[2] .Ҳаҷ ояи 32

[3] Аҳком-ул- ҳаҷҷи ва алзиёра, Раҷаб Диб, С 27.

[4] - бақара ояи 158

[5] . раддул муҳтор ало дурул мухтор, Ҷ 3; С458.

[6] .бақра. 198

[7] . тафсири руҳул баён Ҷ7; С 447.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст