Роҳнамоиҳои ислом дар мавриди хурдан танҳо саломати ҷисмро тазмин намекунад балки тазминкунандаи саломати ҳам чисм ва ҳам ҷон аст. Аз онҷо ки ақлу илм, бар ҳамаи розҳои офариниш иҳота надоранд, чи басо ҳикмати бархе аз раҳнамудҳои ислом барои дониши имрӯз, маҷҳул бошад вале бе тардид ин ба маънои бе далел будани он раҳнамудҳо нест, чунон ки фалсафаи бисёре аз аҳкоми ислом, дар гузашта номаълум буд ва имрӯза илм ба рози онҳо пай бурда аст.

Ҳадисҳо дар ин замина чунин мегӯянд:

1.Имом Козим(а) мегуяд: Паёмбари Ислом(с) ба ҳазрати Алӣ(к) супориш намуд: Ё Алӣ ҳангоме ки шуруъ ба хурдани хурок намуди, бисмиллоҳ бигу ва ҳангоми поёни хурок бигу алҳамдулиллоҳ, чаро ки ду фариштаи нигаҳбонат аз ту ҷудо намешавд то ҳасанотро бароят бинависанд, магар инки худат онҳоро аз хештан ҷудо куни.

2.Имом Содиқ(а) мефармояд: Ҳангоме ки суфра паҳн шуд, бигу бисмиллоҳ ва ҳангоми оғозу поёни хурок низ бисмиллоҳ бигу ва ҳангоме ки суфра ҷамъ шуд бигу алҳамдулиллоҳ.

Аҳамияти ёди Худо ҳангоми хурок хурдан

Ҳазрати Алӣ(к) мефармоянд: Ба ҳангоми хурдан Худойро ёд кунед ва аз беҳудагӯи дури кунед, зеро ки таом неъмат ва ризқи Худованд аст ва бар шумост ки дар он Худойро ёд карда ва шукр гуед.

Ҳазрати Алӣ(к) дар супоришҳои худ ба Кумайл фармуданд: Ба ҳангоми хурок хурдан аз они касе ном бибар ки бо вуҷуди номи ӯ, дигар ҳеҷ дарде зиён намерасонад ва номаш, шифои ҳар бемориҳо ва нотани дурустиҳост.

Ҳазрати Алӣ(к) мефармоянд: Ҳар кас хост хурок бихурад, номи Худоро бар забон оварад, хуб хурокро биҷавад ва дар ҳоле аз хурок хурдан даст бикашад ки ҳанӯз майл ба хурдан дорад ва аб он эҳсоси ниёз мекунад.

Ҳазрати Алӣ(к) дар ҳадиси дигаре мефармоянд: Ҳар кас ки мехоҳад хуроке ӯро озор надиҳад, то гурусна нашуда, чизе нахурад ва онгоҳ ҳам ки хост бихурад, бигуяд:

Бисмиллоҳ ва билло.

3.Рови мегуяд ҳангоме ки хурок барои мо оварда шуд, шунидем ки имом Козим(а) мефармуд: Ситоиш Худоеро ки барои ҳар чизе муқаррароте қарор дод. Ба имом гуфтам: Ин хурок ҳангоме ки омода ва хурда мешавад чи муқаррароте дорад?

Имом фармуд: Муқаррароташ ин аст ки ҳангоми паҳн шудани суфра бо номи Худо оғоз шавад ва замони ҷамъ шудани суфра ӯро ҳамд ва сипос гуед.

4.Имом Содиқ(а) фармуд: Ҳангоме ки хурок хурди ё обе нушиди, бигу алҳамдулиллоҳ.

5.Дар ҳадиси диагре аз имом Содиқ(а) омада аст: Хурдан ва нушиданро бо ёду номи Худо оғоз кун ва баъд аз поёнаш бигу: «الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِی یُطْعِمُ وَ لا یُطْعَمُ Ситоиш Парвардигорро ки сазост ки хурокро дар ихтиёри бандагонаш қарор дод, аммо ҳеҷ кас ба ӯ таоме тақдим нахоҳад кард.

6.Ва низ ҳазраташ мефармояд: Ҳангоме ки суфраро дар баробари имом Саҷҷод(а) мениҳоданд мегуфт: «اللَّهُمَّ هَذَا مِنْ مَنِّکَ وَ فَضْلِکَ وَ عَطَایَاکَ فَبَارِکْ لَنَا فِیهِ وَ سَوِّغْنَاهُ وَ ارْزُقْنَا خَلَفاً إِذَا أَکَلْنَاهُ وَ رُبَّ مُحْتَاجٍ إِلَیْهِ رَزَقْتَ وَ أَحْسَنْت‏ اللَّهُمَّ اجْعَلْنَا لَکَ مِنَ الشَّاکِرِینَ»

Бор Худоё ин аз миннат ва фазлу бахшиши тӯст Онро барои мо пурбаракат ва гуворо кун ва авазашро ба мо деҳ ва чи басо ниёзмандоне ки ба онон рӯзи доди ва эҳсон карди. Бор Худоё! Моро аз шукргузорон қарор деҳ! Ва ҳангоме ки суфраро бармедошатнд мефармуд: «الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِی حَمَلَنَا فِی الْبَرِّ وَ الْبَحْرِ وَ رَزَقَنَا مِنَ الطَّیِّبَاتِ وَ فَضَّلَنَا عَلَى کَثِیرٍ مِنْ خَلْقِهِ (أَوْ مِمَّنْ خَلَقَ) تَفْضِیلًا»  Сипос Худоеро сазост ки моро дар биёбон ва дарё гардиш дод ва аз покизаҳо ба мо рӯзи дод ва бар бисёре аз офаридагонаш (ё ончи офарида) бартари дод.

7.Имом Содиқ(а) аз ҳазрати Алӣ(к) нақл мекунад; Ҳангоми хурдани хурок то метавонед Худоро ёд кунед ва садои ноҳанҷор дар наёваред; чаро ки таом неъмати Худо ва бахше аз рӯзии ӯ аст ки шукр ва сипосаш бар шумо воҷиб аст.

Имом Содиқ(а) аз падари бузургвораш аз ҳазрати Алӣ(к) нақл мекунад; касе ки ҳангоми хурдани хурок Худоро ёд кунад, ҳеҷ гоҳ аз он хурок мавриди савол қарор намегирад.

Ё дар ҳадиси дигаре омада аст: Ҳар фарде ки хурок бихурад ва баъд аз он бигуяд: «الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِی أَطْعَمَنِی هَذَا مِنْ رِزْقِهِ مِنْ غَیْرِ حَوْلٍ مِنِّی وَ قُوَّةٍ» Сипос Худоеро ки аз рӯзии хеш ин хурокро хурокам кард бидуни онки ман (мустақилан) тавонои ин корро дошта бошам, гузаштааш бахшуда хоҳад шуд.

Ончи аз маҷмӯи ҳадисҳо ба даст меояд он аст ки ҳадди ақал ҳангоми оғози хурдани хурок ва нушидан бояд Бисмиллоҳ ва ҳангоми поёни он Алҳамдулиллоҳ гуфт.

Ёди Худ ва сипос аз неъматҳояш ба ҳар забоне ки бошад кифоят мекунад ва гуфтани иборати араби лозим нест вале хуб аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст