Ба номи Худо

Ончи ки аз мутуни муътабари исломӣ дар ин хусус ворид шуда ин аст, ки номи нек дар дунё ва охират барои инсон василаи шарофату  сарбаландӣ ва баракат аст. Аз суханони бузургони динӣ истифода мешавад, ки рӯзи қиёмат ҳар касро бо ҳамон номи худаш садо мезананд ва агар номи ӯ аз номҳои хуб бошад барои ӯ судманд хоҳад буд. Номи нек доштан хусусан ҳамноми бо яке аз бузургони дин сабаби ифтихор аст, онҳо аз авлиёи Худо ҳастанд ва мо ҳар чи қадар зиндагии худро ва ҳатто номи худро ҳамноми онҳо бикунем нишонаи муҳаббати мо ба Худо ва бузургони дин аст. Аз инрӯ аст, ки номгузорӣ дар ривоятҳои исломӣ бисёр ҷиддӣ ва пураҳаммият нишон дода шудааст. Дар бархе аз ривоятҳо ҳамон тавре, ки барои воҷибот тавсия шуда, дар мавриди номгузории саҳеҳи фарзандон низ тавсияҳои фаровоне шудааст.

Ҳазрати Алӣ(к) мефармоянд:

و حقّ الولد على الوالد ان يحسن اسمه و يحسن ادبه و يعلّمه القرآن[1]

Ҳаққи фарзанд бар падар ин аст, ки номи ӯро некӯ қарор диҳад ва ӯро хуб тарбият кунад ва ба ӯ Қуръонро ёд диҳад.”

Дар сухани дигаре он ҳазрат мефармоянд:

سَمُّوا أَوْلَادَكُمْ قَبْلَ أَنْ يُولَدُوا فَإِنْ لَمْ تَدْرُوا أَ ذَكَرٌ أَوْ أُنْثَى فَسَمُّوهُمْ بِالْأَسْمَاءِ الَّتِي تَكُونُ لِلذَّكَرِ وَ الْأُنْثَى فَإِنَّ أَسْقَاطَكُمْ إِذَا لَقُوكُمْ فِي الْقِيَامَةِ وَ لَمْ تُسَمُّوهُمْ يَقُولُ السِّقْطُ لِأَبِيهِ أَلَّا سَمَّيْتَنِي وَ قَدْ سَمَّى رَسُولُ اللَّهِ ص مُحَسِّناً قَبْلَ أَنْ يُولَدَ وَ قَالَ وَ إِيَّاكُمْ وَ شُرْبَ الْمَاءِ قِيَاماً عَلَى أَرْجُلِكُم‏؛[[2]

“Фарзанди хешро пеш аз таваллуд номгузорӣ кунед. Ҳаргоҳ намедонед писар аст ё духтар, ононро ба таносуби мард ва зан будан, номгузорӣ кунед, чаро ки мардум дар рӯзи қиёмат ба номҳои хеш хонда мешаванд ва фарзанде, ки сиқт шуда бошад ва номе барои ӯ интихоб накарда бошанд, дар рӯзи қиёмат аз падар муохиза хоҳад кард...."

Модарон ва падарони мусулмон бояд бидонанд, ки чи басо бо ниҳодани номи зишт ва нописанд, бар фарзандони хеш боиси ҳақорат ва саршикастаги онон дар тамоми аёми зиндагӣ хоҳанд шуд. Ҳазрати Ризо(а) мефармоянд:

أوّل ما يبرّ الرجل ولده أن يسمّيه باسم حسن فليحسن أحدكم ولده.[3]

“Аввалин неки падар ба фарзанди худ ин аст ки ӯро ба номи хуб номгузори кунад. Пас муроқиб бошад исми хубе барои фарзанди худ баргузинад.”

Ислом аз роҳҳои мухталифе тамоми кушиши хешро барои решакан кардани фарҳанги номгузори зишт ва ё бемуҳтаво масруф намуда аст. Ислом мехоҳад то асли номгузории некро ба инсонҳо биёмузад. Шояд ҳануз аҳамияти номгузори саҳеҳи фарзандонамонро ба хуби дар наёфтае; аммо бо касе тафаҳҳус дар ривоятҳо, на танҳо тасироти маънави номгузоиро дар меёбем, балки ба таъсироти руҳи ва равони он низ ки дар фард ва хонавода ба вуҷуд хоҳад овард, пай хоҳем бурд.

Агар Қуръони Карим ва ривоятҳои исломи мо ба номҳои нек ва номгузори саҳеҳи ин ҳама аҳамият доданд, чаро мо дар умури номгузори саҳлангори ва бетаваҷҷуҳ бошем? Чаро бояд номи сабук ва зананда барои фарзандонамон баргузинем? Чаро бо ниҳодани ном ба зоҳири зебо, аммо бемуҳтаво барои фарзандонамаон, худро дар баробари онон ва онҳоро дар баробари ҷомеа шарманда созем? Оё шоиста аст ки фарзандонамонро ба дасти худ дар ҷомеа таҳқир кунем? Магар номҳои зебо: “ Фотима, Заҳро, Марям, Маъсума, Ҳадиса, Ҳамида, Раҳима, Марзия, Ҳанона, Тоҳира, Малиҳа ва Зайнаб ва садҳо номи пур маъно ва зебо дигаре чи ироде доранд, ки аз онҳо ғафлат мекунем? Ва ё номҳои писар ҳамчун: “Муҳаммад, Алӣ, Ризо, Маҷид, Ҳамид, Шариф, Солеҳ, Луқмон ва Собир” чи ироде доранд ки бархе аз номҳои ноошноро бармегузинанд.

Имом Содиқ(а) аз Расули Худо(с) нақл мекунад:

من ولدله أربعة أولاد لم يسمّ أحدهم باسمي فقد جفاني[4]

“Касе ки чаҳор фарзанд биёварад ва ҳеҷ якро ба номи ман номгузори накунад, ба ман ҷафо карда аст.”

Таъсири номи нек

Яке аз таъсирот номи хуб он аст ки инсон саъй мекунад ончунон ки соҳиби аслии ном дорои хислатҳои хуб аст, ӯ низ онҳоро касб кунад ва мекушад то ҳадди имкон аз ҳайсияти он ном хуб муҳофизат кунад ва аз баракоти он баҳраманд шавад. Расули Акрам(с) фармуданд:

اِنَّ اَوَّلَ مايَنحَلُ اَحَدُكَم وَلَدهُ الاسِمُ الحَسَن[5]

“Аввалин бахшиш ва инояти шумо ба фарзандонатон, интихоби номи неку мебошад.” Ва мефармоянд: “Ҳамеша баракати Худвоанд бар аҳли хонае ки як ном аз номҳои паёмбарон дар он бошад, нозил хоҳад гашт.”

Ҷобир дар ривояте оварда аст:

أراد أبوجعفر عليه السلام الركوب الي بعض شيعته ليعوده، فقال: «يا جابر! الحقني فتبعته»، فلما انتهي الي باب الدار خرج علينا ابن له صغير»، فقال له أبوجعفر عليه السلام : «ما اسمك؟»، فقال: «محمد»، قال: «فبما تكنّي؟»، قال: «بعلي»، فقال أبوجعفر عليه السلام : لقد احتظرت من الشيطان احتظاراً شديداً، ان الشيطان اذا سمع مناديا ينادي يا محمد، يا علي، ذابّ كما يذوب الرصاص

“Имом Боқир(а) мехост яке аз муҳиббонашро аёдат кунад, фармуд: Эй Ҷобир! Ту бо ман бош. Вақте ки ҳазрат ба дари он хона расид, кудаке омад. Ҳазрат аз ӯ пурсид: Номат чист? Ӯ гуфт: Муҳаммад. Фармуд: кунияат чист? Арз кард: Алӣ. Ҳазрат фармуд: дур шуди аз Шайтон, дур шудани шадид; зеро Шайтон вақте ки мешнавад касе садо мезанад: Ё Муҳаммад, ё Алӣ, ӯ об мешавад, мисли об шудани қалъ ва сурб.”

Парҳез аз баъзе номгузориҳо!

Бидонем ки бо ниҳодани номи нек ва зебо бар рӯи фарзандони хеш, каромати инсони ононро фиҳз кардаем ва фуруғи равшанро дар осмон замираш ба вадиат ниҳодем. Волидайн барои интихоби ном бояд тамоми саъй ва талоши худро ба кор бибаранд то номи зебо, муносиб ва пурмуҳтаво барои фарзандони дилбандашон баргузинанд ва аз номи бад ки мумкин аст дар замони кудаки бисёр зебо ва шево ҷилва кунад, вале барои ҷавони ва бузургсоли сабук ва хиҷолатовар бошад, парҳез намоянд; чи инки ингуна аз номҳо ва лақабҳо, дастовеза хоҳад шуд барои масхараи дигарон. Гуянд рӯзе имом Содиқ(а) ба Абдулмалик ибни Аъян фармуданд: “Чаро номи писаратро Зарис гузошти? Абдулмалик бе адаби кард ва гуфт: Чигуна падарат туро Ҷаъфар номид? Имом Содиқ(а) фармуданд: Ҷаъфар номи наҳри равон дар биҳишт аст; аммо Зарис номи Шайтон аст.”

Расули Акрам(с) номҳои зебо ва бо мусаммо ҳамчун Ҳасан ва Ҳусейн(а) ро интихоб фармуданд. Аз назари равони, номгузори пас аз таваллуди умдатан мубтани бар эҳсосот, он ҳам эҳсоси мутаносиб бо навзоде латиф ва зариф аст ва ба ҳамин далел мумкин аст номе хушово, аммо рақиқ ва кам муҳтаво ва ё бидуни андеш ба фардои кудак ва бузургсолии ӯ интихоб шавад. Такя бар зебоии лафз набошад.

Имом Содиқ(а) аз падари бузургвораш нақл мекунад:

انّ رسول الله صلي الله عليه و آله كان يغير الأسماء القبيحة في الرجال و البلدان[6]

“Расули Акрам(с) номҳои қабеҳи мардум ва шаҳрҳоро тағир медоданд.”

Дар ривояте омада аст фарде назди имом Содиқ(а) рафт ва дар мавриди номгузории фарзандаш аз ишон машварат хост. Имом Содиқ(а) фармуданд:

“Номе барои фарзандат интихоб кун ки бандагии Худоро бифаҳмонад.” Шахсе духтаре дошт ба номи Осия (на номи ҳамсари Фиръавн ки Худованд уро дар Қуръон мадҳ ва ситоиш карда аст, ин Ъосия аз исён (нофармони) гирифта шуда аст), яъне гунаҳкор. Расули Худо(с) номи ӯро тағир дод ва ӯро Ҷамила, яъне зубо номид.

Баракатҳои номи нек

Дар дунё низ номҳои хуб, баракатҳое доранд. Баҳтарин номҳо, номҳое аст, ки ҳикояткунанда аз бандагии Худо бошанд; дар фарҳанги муқаддаси Ислом дастур ин аст ки пеш аз таваллуди фарзанд (даврони таквини ҷанин ва дамидани руҳ дар кудак) беҳтар аст падар ва модар тасмим бигиранд ва барои фарзанд, чи духтар ва чи писар, номе таъин намоянд.

Яке аз зинда нигаҳ доштани шахсиятҳои бузурги ҷаҳон ва авлиёи Худо, ин аст ки мусулмонҳо барои фарзандони худ, номи Паёмбари Акрам(с) ва бузургони исломро интихоб кунанд ва бо номгузори номҳои зебо ва хуб, илова бар адои ҳаққи фарзандон, муҳаббат ва алоқаи худро нисбат ба онон иброз намоянд. Дар ривоятҳо омада аст:

قيل لأبي عبدالله عليه السلام : «انّا نسمّي بأسمائكم و أسماء آبائكم فينفعنا ذلك؟» فقال: أي والله.

“Дар маҳзари имом Содиқ(а) арз шуд “мо фарзандони худро ба номи шумо ва падаронатон номгузори мекунем, оё ин амал барои мо дар пешгоҳи Худо аҷру фоидае дорад? Ҳазрат фармуд: Ба Худо қасам, фоида дорад.”

Имом Содиқ(а) нақл мекунад, ки Расули Худо(с) мефармуд:

استحسنوا أسمائكم فانّكم تدعون بها يوم القيامة

“(Фарзандонатонро) нек номгузори кунед. Ба рости ки шумо дар рӯзи қиёмат бо он ном, хонда мешавед.”

Дар ривояти дигаре аз имом Ризо(а) омада аст ки фармуд:

: لا يدخل الفقر بيتاً فيه اسم محمّد أو احمد أو علي أوالحسن أوالحسين أوالطالب أوجعفر أوعبدالله أوفاطمة من النّساء.

“Фақр ва парешони дар хонае ки номҳои Муҳаммад, Аҳмад, Алӣ, Ҳасан, Ҳусейн, Толиб, Ҷаъфар, Абдуллоҳ, ва аз занон номи Фотима, дар он бошад ворид намешавад.”

Ёде аз Ҳалимаи Саъдия

Ҳазрати Муҳаммад(с) дар айёми ширхораги, пистони ҳеҷ як аз занони ширдеҳро намегирифт. Саранҷом, Ҳалимаи Саъдия ки омад, тифл, пистони ӯро макид ва аз он шир хурд. Сурур ва хушҳоли, хонадони Ҳалимаи Саъдияро фаро гирифт. Абдулмуталиб бобии Паёмбари Ислом(с) ба ӯ гуфт: “Аз кадом қабилаи? Гуфт: Аз бани Саъд. Пурсид: Номат чист? Ҷавоб дод: Ҳалима. Абдулмуталиб аз шунидани номи ӯ ва номи қабилааш бисёр масрур шуд ва гуфт офарин, офарин, ду ахлоқи писандида ва ду хислати шоиста. Яке саодат ва дигаре ҳилм ва бурдбори.”

Супориши имом Ризо(а) дар мавриди интихоби номи фарзанд

Имом Ризо(а) дар бораи аҳамияти номгузории фарзандон ба номҳои неку ва таъсири он дар зиндаги мефармояд:

لايَدْخُلُ الْفَقْرُ بَيْتاً فِيهِ اسْمُ مُحَمَّدٍ أَوْ أَحْمَدَ أَوْ عَلِيٍّ أَوِ الْحَسَنِ أَوِ الْحُسَيْنِ أَوْ جَعْفَرٍ أَوْ طَالِبٍ أَوْ عَبْدِ اللَّهِ أَوْ فَاطِمَةَ مِنَ النِّسَاءِ

“Дар хонае ки касе ба номи Муҳаммад ё Аҳмад ё Алӣ ё Ҳасан ё Ҳусейн ё Ҷаъфар ё Толби ё Абдуллоҳ ва аз занон ба номи Фотима вуҷуд дошта бошад, фақр ва тангдасти роҳ нахоҳад ёфт.”

Он ҳазрат дар сухани дигаре дар бораи аҳамияти номи Муҳаммад фармуда аст:

الْبَيْتُ الَّذِي فِيهِ مُحَمَّدٌ يُصْبِحُ أَهْلُهُ بِخَيْرٍ وَ يُمْسُونَ بِخَيْر

“Хонае ки дар он Муҳаммад бошад, аҳли он хона бомдод ва шомгоҳон бо хайру баракат, ҳамроҳ хоҳад буд.”

Умур ба дасти Худованд аст

Мусо ибни Умар ибни Базиъ нақл мекунад: Ман ду каниз доштам ки ҳар ду бордор буданд. Номае ба имом Ризо(а) навиштам ва ин матлабро ба иттилоъи ишон расондам ва аз ишон хостам ки дуо кунад Худованди Мутаол, фарзандони он дуро писар қарор диҳад ва онҳоро ба ман бибахшад. Имом Ризо(а) бароям навиштанд: “Ба хости Худои Мутаол, дуо хоҳам кард.” Сипас номаи дигаре ба ман навиштанд ки матни он чунин буд: “Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Худованд бо раҳмати хеш, мову туро дар дунё ва охират, дар некутарин офият (осоиш) нигаҳ бидорад! الأُمورُ بِيَدِ اللَّهِ عزّ و جلّ يَمضي فيها مَقاديرَهُ عَلى ما يُحِبُّ корҳо ҳама ба дасти Худованди Мутаол аст ва ӯ тақдироти худро он тавр ки дуст дорад дар онҳо ҷори месозад. Ба хости Худованди Мутаол, як писар ва як духтар бароят мутаваллид хоҳад шуд. Номи писарро Муҳаммад бигузор ва номи духтарро Фотима. Иншоаллоҳ муборак бошад!” Ҳамонгуна ки имом(а) фармуда буд, як писар ва як духтар бароям мутаваллид шуд.[7]

Сухани поёни инки номгузори яке аз ҳуқуқи падар нисбат ба фарзанди худ аст ки ба ҳангоми таваллуд ё пеш аз таваллуд, бояд онро ба таври шоиста риоят кунад ва таҳти таъсири ҳеҷ омиле, ҷуз андешаи исломи қарор нагирад.

[1] Наҳҷулбалоға.

[2] Илал, ҷ 2, саҳ 465.

[3] Фуруи Кофӣ, ҷ 6, бобул асмо

[4] Ҳамон.

[5] Васоил, ҷ 15, саҳ 115.

[6] Қурбуласнод, саҳ 45.

[7] Уюни ахбор ур Ризо.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст