Дар ислом ба ҳайвонот аҳамияти вижае дода шуда аст. Такидҳо дар Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбари Худо(с) бисёр ба чашм мехурад.

Дар ҳадисе омада аст, шахсе гуспандеро барои қурбони кардан ба замин хобонда буд ва дар ҳамин вақт корчаи худро тез мекард. Паёмбари Ислом(с) бо дидани ин саҳна фармуданд: “Оё мехоҳи ду бор ин ҳайвонро бикушӣ? Чаро пеш аз инки ин ҳайвонро ба замин бихобони корчаи худро тез накардӣ?”

Паёмбари Ислом(с) тавсея карданд: “Ҳамоно Худованд неки ва эҳсонро бар ҳар чизе лозим қарор дода аст. Пас агар ҳайвонеро куштед ба шеваи муносиб бикушед ва агар қурбони намудед ба хуби амали зебҳ (куштанро) анҷом диҳед ва корчаи худро хуб тез кунед ва ҳайвонро ба роҳати зебҳ намоед.”

Паёмбари Ислом(с) аз таваҷуҳ ба об ва хуроки ҳайвонот ҳам ғофил набудаанд. Замоне, ки аз канори шутуре ки аз шиддати гуруснаги ва харобии шикамаш ба пушташ часпида буд гузар карданд, фармуданд: “Аз Худвоанд битарсед дар мавриди ин чорпоёни безабон! Ба неки савори онҳо шавед бо неки гушти онҳоро мавриди истифода қарор диҳед.”

Паёмбари Ислом(с) ҳамчунин ба пайравони худ тавсея фармуданд: “Ҳаргоҳ дар вақти сарсабзи сафар кардед насиби шутуронро аз замин диҳед. Ва агар вақти хушксоли сафар кардед бо шитоб сарзаминҳои хушк ва бе обу алафро тай кунед ва вақти шодоби ва сарҳоли ҳайвонро ғанимат бидонед.”




@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст