Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода яке аз рӯҳониёни шинохтаи тоҷик дар посух ба суоли яке аз истифодабарандагони сомонаи Тураҷон ҳукми бозии шоҳмотро аз нигоҳи Ислом шарҳ додааст.

Ба гуфтаи ин рӯҳонии шинохтаи тоҷик, бозии шоҳмот, ки онро бо арабӣ шатранҷ мегуянд, се ҳолат дорад:

1. Ин бозӣ бо пул бошад. Пас дар ин ҳолат ба иҷмоъи уламо ҳаром аст.

2. Бозии шоҳмот сабаби тарк кардани воҷибе гардад, мисли тарки намоз, ё сабаби кори ҳароме шавад, мисли қасами дуруғ хурдан ва дуруғ гуфтан, дар ин ҳолат низ ин бозӣ ҳаром аст.

3 Бозии шоҳмот аз мафосиди дар боло зикр шуда холӣ бошад, уламо дар ҳукми он ихтилофи назар доранд.
-Аксари уламо бар ин қавланд, ки бозии шоҳмот ҳаром аст. Соҳиби "Дуррул мухтор" ин бозиро макруҳи таҳримӣ гуфтааст. Аз Паёмбар алайҳиссалом дар шаъни ин бозӣ баъзе ривоёт омадааст, вале он ривоёт аз назари муҳаддисон заъифанд. Аммо аз ҷониби саҳобагон мисли ҳазрати Алӣ аз ин бозӣ наҳй омадааст.

Вале иддаи дигар аз олимон мисли Абуюсуф, шогирди Имом Аъзам бозӣ кардан бо шоҳмотро ҷоиз гуфтаанд. Далели онҳо инаст, ки дар бораи ин бозӣ наҳй ворид нашудааст ва бар асли худ, ки ибоҳат аст, боқӣ мемонад. Вале аҳват(аз рӯи эҳтиёт амал кардан ба қавли аксари уламо беҳтар аст)  қавли ҷумҳур аст, - гуфтааст, Эшони Маҳмудҷон.

tojnews.org

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст