Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии «صدی البلد»،  Дорулифтои Миср дар ҷавоб ба саволе дар бораи ҳукми хондани Қуръонҳои интернети ва кампютери эълом кард: Тафовуте байни қироати Қуръон аз рӯи худи Қуръон ё қироати он аз рӯи кампютер, пойгоҳи интернети ё телефони мобили вуҷуд надорад ва ҳамаи ин қироатҳо савоб ва подош дорад.

Ин Дорулифто тасреҳ кард: Қироати Қуръон ба сурати интернети ё дар телефонҳои мобили ҳамон савоби қироати Қуръон аз рӯи худи Қуръонро дорад ва бино ба ҳадиси Паёмбар(с) ки фармуд:

«مَنْ قَرَأَ حَرْفًا مِنْ کِتَابِ اللهِ فَلَهُ بِهِ حَسَنَةٌ، وَالحَسَنَةُ بِعَشْرِ أَمْثَالِهَا، لاَ أَقُولُ الْم حَرْفٌ، وَلَکِنْ أَلِفٌ حَرْفٌ، وَلاَمٌ حَرْفٌ ، وَمِیمٌ حَرْفٌ:

“Ҳар кас аз китоби Худованд ҳарферо бихонад, як неки барои ӯ навишта мешавад ва ҳар неки дар баробар мешавад, ман намегуям “الم” як ҳарф аст , балки алиф  як ҳарф, лом як ҳарф ва мим як ҳарф аст” савоби қироат насиби хонандаи Қуръон мешавад.”

Дорулифтои Миср дар ҳукми худ дар бораи шарт гузоштани вузу барои қироати Қуръон аз рӯи Қуръонҳои ғайри мактуб (кампютери, интернети ва ...) оварда аст; таҳорат, шарти қироати Қуръон нест ва тибқи ҳадиси Паёмбар(с) ки фармуда аст: لا یمس القرآن إلا طاهر

“Қуръонро масс намекунад магар инсони пок ва тоҳир” вузу доштан танҳо барои масси оёти Қуръони Карим шарт аст.

Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст