Собит шудааст, ки дин комилтарин неъмати илоҳӣ барои саодати инсон аст. пас инсон дар баробари он вазифаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳоро баён мекунем.

Як: Амал ба дастурҳо ва пайравӣ аз аҳкоми дин дар тамомии маротиби зиндагӣ.

Инсон дар партави бандагӣ нисбат ба Худованд таклифоҳое ҳам дорад, ки ихтисос ба макону замони хос набуда балки бояд дар ҳамаи лаҳзаҳои зиндагияш ба тамомии таколифи дин амал кунад ва ин дар калимаи “бандагӣ” хулоса мешавад, ки дар ояти 56 аз сураи Зориёт инчунин ба ин вазифа ишора шудааст:

وَ ما خَلَقْتُ الْجِنَّ وَ اْلإِنْسَ إِلاّ لِيَعْبُدُونِ

Ман ҷинну инсро наёфаридам, ҷуз барои ин ки ибодатам кунанд (ва аз ин роҳ такомул ёбанд ва ба Ман наздик шаванд)”. (сураи Зориёт, ояти 56).

Ду: Фаҳму шинохти дурусти дин.

вақте собит шуд, ки амал ба дин таклифи аслӣ ва асосии инсон дар дунё аст, як вазифаи дигар пеши рӯи инсон қарор мегирад, ки муқаддимаи амал ба дин буда ва он ин аст: дине, ки инсон ба он таклиф шудааст чист?  Дастуроти он чист? Вазифи инсон дар баробари ин дастурот чӣ мебошад? Барои инки илм ба таклиф пеш аз амал ба он аст, ба ин маъно, ки инсон модоме ки надонад чи чизе аз ӯ хоста шудааст наметавонад амалашро бар асоси он анҷом диҳад. Ба ҳамин далел аст, ки фаҳму пазириши мантиқии доираи ва чорчубаи дин аз таклифҳои асосии инсон дар баробари дин ба ҳисоб меояд. Илова бар ин яке аз аслитарин ваизфаҳое, ки дин бар уҳдаи муъминону диндорон гузоштааст, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар аст, ки амал ба он ба шарти шиносоии маъруфҳо ва мункароте аст, ки дин онҳоро таъйин кардааст.

Се: Дифоъ аз дин ва арзишҳои динӣ.

Бар ҳама маълум аст, ки дин ягона роҳи расидани инсон ба саодати дунё ва охират аст ва бо ин ҳисоб шарифтарин ва беҳтарин ҳадияи илоҳӣ ба инсон мебошад. Ин масъала ҳар инсони диндореро ба дифоъ аз ҳадду марзҳои дин ва сармояҳои динӣ ташвиқ мекунад, ба ин хотир, ки инсонро ба маҳбубтарин ва поктарин ҳадафаш мерасонад. Бинобар ин ҷо дорад, ки инсон бо ҷону мол ва тамоми вуҷуд аз дин дифоъ карда ва дар нигаҳдории он ва даъвати дигарон ба саодати илоҳӣ кушо бошад.

Бар асоси ҳамин вазифаи муҳим аст, Қуръон муъминонро ба ҷаҳоди бо молу ҷон дар роҳи Худо фармон медиҳад:

... وَ جاهِدُوا بِأَمْوالِكُمْ وَ أَنْفُسِكُمْ في سَبيلِ اللّهِ ذلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ

“...Ва бо амвол ва ҷонҳои худ дар роҳи Худо ҷиҳод намоед, ин барои шумо беҳтар аст, агар бидонед”. (сураи Тавба, ояти 41).

Равшан аст, ки дар ин ояти шарифа дифоъ аз дин ва ҷомеъаи исломӣ “роҳи Худо” дониста шудааст, ки муъминонро таклиф ба ҷиҳод бо ҷону мол дар ин роҳ кардааст.

Қуръони Карим аз вазифаи муъминон ба “нусрати Худо” ва ёрӣ додан низ ёдовар шудааст.

يا أَيُّهَا الَّذينَ آمَنُوا إِنْ تَنْصُرُوا اللّهَ يَنْصُرْكُمْ وَ يُثَبِّتْ أَقْدامَكُمْ

"Эй касоне, ки имон овардаед! Агар (оини) Худоро ёрӣ кунед, шуморо ёрӣ мекунад ва гомҳоятонро устувор медорад”. (сураи Муҳаммад, ояти 7)

Ин ояти шарифа ва дигар оятҳои каломи илоҳӣ ёрии дини Худоро “ёрии Худо” номгузорӣ кардааст ва таклифи муҳимми муъминонро ба онҳо ёдовар шудааст.

Нуктаи муҳимме ки дар дафоъи аз дин нуҳуфта аст хайру баракоте аст, ки аз ҷониби ин амали пурсамар оиди инсон мешавад ва он нақши ин анҷоми вазифа дар созандагӣ ва тарбияти худи онон аст, барои инки дифоъи онон аз ҳақ дар роҳи ҳуққу амал бар асоси ҳақ хоҳад буд ва аз беҳтарин ва муҳимтарин корҳое аст, ки инсонро шоистаи раҳмату ҳидояти вижаи илоҳӣ месозад. Рози ин сухан ҳамон аст, ки Қуръони Карим дар баёни он мефармояд:

وَ الَّذينَ جاهَدُوا فينا لَنَهْدِيَنَّهُمْ سُبُلَنا

Ва онҳо, ки дар роҳи мо (бо ихлоси ният) ҷиҳод кунанд, ҳатман ба роҳҳои худ, ҳидояташон хоҳем кард”. (сураи Анкабут, ояти 69).

Он чизе ки аз ин баён равшан мешавад ин аст, ки дифоъи аз дин пеш аз онки хидмат ба инсонияту ҷомеъа ва дин бошад хидмат ба худ ва тарбият ва парвариш руҳу ҷон барои касби саодат ва растагории охират аст.

Таҳияи М.Мирзо

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст