Ислом, барои ҳамсоя одоб ва ҳуқуқе дар назар гирифта аст.

Расули Худо(с) дар мавриди ҳаққи ҳамсоя фармудааст: “Ҳаққи ҳамсоя он аст, ки агар барои пардохти пули хона (квартира) аз шумо дархости кумак кард, ба ӯ кумак кунед. Агар қарз хост, ба ӯ бипардозед. Ҳаргоҳ тиҳидаст шуд, аз ӯ дастгирӣ ва кумакаш кунед. Чунончи хайре ба ӯ расид, ба ӯ табрик бигӯед. Ҳангоми беморӣ, ба аёдаташ биравед. Дар мусибатҳо ба ӯ таслият бигӯед. Агар мурд, дар ҷанозааш ҳозир шавед. Бар болои хонаи худ бидуни масоиҳат бо ҳамсоя чизеро нагузоред то монеи вазиши насим ва ҷараёни ҳаво нашавад. Ҳаргоҳ мевае харидед, миқдоре ба ӯ ҳадя кунед ва агар майл ба ин кор надоштед, онро пинҳони ба манзил бибаред ва диққат кунед, ки фарзандонатон онро аз хона берун набарад, ки фарзандони ӯ бубинанд ва ба хотири он баҳонагирӣ кунад. Бо бӯи хуроки худ, ӯро озор надеҳ, магар онки миқдоре барояш бифиристед.”[1]

Эҳтироми ҳамсоя низ аз суфоришҳои муҳимми ислом аст. Паёмбар(с) дар ин бора мефармоянд:

حُرْمَةُ الْجارِ عَلَى الْإنسانِ كَحُرْمَةِ أُمِّه‌

“Эҳтироми ҳамсоя, монанди эҳтироми модар, бар инсон лозим аст.[2]

Имом Саҷҷод(а) яке аз ҳуқуқи ҳамсояро роздорӣ муаррифӣ карда ва мефармояд:

فَإِنْ عَلِمْتَ عَلَيْهِ سُوءً، سَتَرْتَهُ عَلَيْه

Чунончи бар айби ҳамсояаат огоҳ шудӣ, бояд онро махфӣ дорӣ (онро ошкор накуни).[3]

Муатаассифона дар дунёи имрӯз ин ҳуқуқ риоя намешаванд ва ҳамсоя аз ҳамсоя хабар надорад ва баъзе барои ҳамсоягони худ мушкилотеро ба вуҷуд меоваранд, ки ин хилофи ислом ва суннати Паёмбар(с) аст.



[1] Биҳор, ҷ 82, саҳ 93.

[2] Ҳамон, ҷ 76, саҳ 154.

[3] Ҳамон, ҷ 74, саҳ 7.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст