Нуруддин Тӯраҷонзода, руҳонии маъруфи тоҷик ба саволи яке аз хонандагони сомонаи ин хонадон дар бораи ҷойиз будани витаминҳо фатво додааст.

Эшони Нуриддинҷон гуфтааст, истифода бурдани баъзе витаминҳое, ки дар таркибашон равғани хук ҳаст, ҳаром аст ва барои мусалмонон ҷойиз нест.

Истифодабарандаи сомонаи turajon.com аз Эшони Нуруддинҷон бо овардани номгӯи витанминҳои: Е-100, Е-142, Е-334, Е-471, Е-491,  Е-102, Е-152, Е-335, Е-472, Е-492, Е-103, Е-153, Е-336, Е-473, Е-493, Е-110 Е-210 Е-337 Е-474 Е-494, Е-111 Е-213 Е-420 Е-475 Е-495, Е-120 Е-214 Е-430 Е-476 Е-542, Е-123 Е-226 Е-431 Е-477 Е-550, Е-124 Е-234 Е-432 Е-478 Е-570, Е-125 Е-252 Е-433 Е-480 Е-572, Е-126 Е-270 Е-434 Е-481 Е-591, Е-127 Е-280 Е-435 Е-482 Е-631,Е-128 Е-325 Е-436 Е-483 Е-632, Е-140 Е-326 Е-442 Е-488 Е-633, Е-141 Е-327 Е-470 Е-489 Е-635, Е-904, ки дар таркибашон равғани хук доранд ва ин витаминҳо дар бисер маҳсулоте, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, мавҷуданд, пурсидааст, ки аз назари дини ислом чӣ ҳукм доранд?

Руҳонӣ гуфтааст, агар дар воқеъ ин витаминҳо дар таркибашон равғани хук дошта бошанд, пас истифода бурдани онҳо ва инчунин хариду фурӯши онҳо низ ҳаром аст.

Вай илова кардааст, ки "ҳаром будани хук дар китоби Қуръон дар чанд оя зикр шудааст".

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст