Саҳнаи тиҷорат ва иқтисод? яке аз соҳаҳои зиндагии иҷтимоии инсонҳо мебошад, ки аз ҷойгоҳ ва аҳамияти зиёде бархурдор аст.
Дини Ислом қатъан дар ин заминаҳо, ҳам сухан ва ҳам тарҳу барномаҳои арзандае дорад, ки бояд тавассути аҳли илму дониш мавриди иҷтиҳод ва кашфу пешниҳод қарор гиранд, то ҷомеаи исломӣ битавонад зиндагии худро бар асоси он поярезӣ ва иҷро намояд.
Дар инҷо, бо таваҷҷуҳ додани хонандагон ба ин масъала, ки муҳтаво ва манзури навиштор ба худи нависанда тааллуқ дорад, матнеро, ки дар nahzat.tj нашр шудааст пешкаши Шумо хонандагон мегардонем.
Муомилоти молӣ дар фиқҳи исломӣ
Исломиддини Асомиддин, корманди Академияи исломии ҲНИТ
Ҳукми таъҷил дар ин навъи муомала
Аз ҷумлаи муомилоте, ки тоҷирон онро истифода мебаранд, ин аст, ки соҳиби мол аз баъзе ҳиссаи худ ба шарте,ки қарздор боқимондаи вомро пеш аз муҳлат пардохт намояд,сарфи назар намояд. Масалан, шахсе аз Зайд ҳазор сомон қарздор аст, Зайд барояш мегӯяд агар нуҳсад сомониашро пеш аз муҳлат адо намои, аз сад сомонии дигараш мегузарам.
Фуқаҳо дар ҳукми ин муомала бо ҳам ихтилоф доранд. Ибни Аббос (р), Иброҳим Нахаъӣ, имом Зуфар, Абусавр ва Шофеъӣ қоил ба ҷавози ин муомалаанд. Аммо аксари фуқаҳо ин муомаларо ҷоиз намедонанд. Соҳиби “Фиқҳус-сунат” ин муомаларо мутлақан ҳаром қарор додааст. Аз баёни соҳиби “Алфиқҳул-ҳанафӣ“ ҷавози ин навъи муомала ба назар мерасад.
Муфти Муҳаммад Тақии Усмонӣ (ҳ) дар китоби худ баъд аз баён намудани далоили ҳарду тараф бо овардани нусуси фиқҳӣ аз китобҳои муътабар бар далоили касоне, ки қоил ба ҷавозанд ҷавоб дода, чунин хулосабарорӣ мекунад. Бар асоси ин нусуси фиқҳӣ дар ин навъи муомала ҷониби ҳурмат роҷеҳ аст ва аз идомаи таҳқиқаш чунин натиҷа ба даст меояд.
Аввал. Дар муомалоте, ки муҳлатнок бошанд. Масалан, шахсе аз тоҷире мошинеро ба маблағи панҷ ҳазор доллар ба мудати як моҳ харидорӣ мекунад. Баъд аз анҷоми муомала, тоҷир ба он шахс пешниҳод мекунад, ки агар чаҳор ҳазори онро пеш аз муҳлат адо намоӣ, аз ҳазор доллари он сарфи назар мекунам, дар ин сурат ҳаром ва ноҷоиз аст.
Дуввум. Дар муомалоте, ки дар ҳол сурат мегирад, аммо бо ягон сабабе харидор дар пардохти маблағ дерӣ менамояд. Агар фурушанда дар ин сурат бо харидор мусолаҳа намояд, боке надорад. Аз уламои моликӣ низ бар ин тасреҳ кардаанд. Шоҳ Валиюллоҳ (р) дар робита ба ин ва дар мавриди қиссаи Каъб ва Аби Ҳадрад чунин мефармояд: “Аҳли илм дар татбиқи ин осор фармудаанд, ки осоре, ки дар онҳо аз ин муомала манъ шудааст барои дайни муаҷал аст ва қиссаи Каъб барои вомҳои дарҳолӣ аст.” (“Алмуссаво фил муссаффо”, ҷилди 1, саҳ. 382). Дар китоби “Арраҳма” менависад: “Аҳли илм иттиффоқ бар ин доранд, ки агар шахсе болои дигаре дайне дошта бошад, барояш ҳалол аст, ки аз баъзе он дайн ба шарти адои боқии он пеш аз муҳлат сарфи назар намояд. Вале агар муҳлат сипарӣ шуда бошад, дар ин сурат метавонад ин амалро анҷом диҳад.”
Сеюм. Дар мавриди қарзи ҳасана. Бояд донист, ки дар қарзи ҳасан муҳлат гӯзоштан дуруст нест. Пас, бинобар қавли касоне, ки мегӯянд дар қарз муҳлат гӯзоштан дуруст нест, ин муомала ҷоиз аст (“Буҳусун фи қазоёл фиқҳиятил муъосира”, саҳ. 31-32). Инчунин, ҷоиз аст, ки соҳиби қарз дар ивази қарзаш матоъ ё молеро пеш аз муҳлат бигирад, агарчи қимати он аз вом камтар ҳам бошам. (“Алфиқҳул исломӣ ва адиллатуҳу”, ҷилди 5, саҳ. 3162)
Тавсиқи дайн (қарз) ба тариқи кафолат
Яке дигар аз анвоъи тавсиқи дайн ба ин сурат аст, ки шахси дигаре зомини маблағи дайн мешавад ва бар худ адои дайнро дар сурати оҷиз омадани қарздор аз пардохти вом лозим мегардонад. Ин навъи замонатро “кафолат” меноманд, ки дар китобҳои фиқҳ аҳкоми муфассале дорад, ин мақом гунҷоиши баён намудани ҳамаи онро надорад.
Мо дар инҷо мехоҳем яке аз аҳкоми онро баён намоем, яъне талаби аҷр ва ё ҳақмузд дар ивази кафолат дуруст аст ё на? Дар ин замон аксари бонкҳо ва ё муассисаҳое, ки барои ин кор бунёд шудаанд ин корро анҷом медиҳанд. Чунончи барои ҳамагон маълум аст, ки бонкҳо ё муассисаҳои имруза барои касе кафил намешаванд, магар дар сурате, ки ҷониб барои бонк дар муқобили ин кораш музди муайянеро ба уҳда бигирад. Ва гоҳ вақтҳо он музде, ки бонк талаб мекунад ба маблағи дайн рабт дорад, мисли сеяки дайн ё чаҳоряк ва амсоли он.
Дар фиқҳи исломӣ маъруфу машҳур аст, ки кафолат ақди табарруъӣ ва ҷавонмардист ва талаби аҷр ва музд дар муқобили он ҷоиз нест. Вале баъзе аз уламои муъосир барои гирифтани музд дар муқобили кафолат бадин тариқ истидлол менамоянд, ки кафолат дар ин замон яке аз аслҳои асосӣ дар тиҷорати муъосир қарор гирифтааст. Ва барои ин кор муассисаои мустақил пайдо шуда, ки хизматҳои худро баро мардум ба тариқи кафолат пешниҳод мекунанд, барои ин хидматҳояш он молҳои зиёдеро харҷ мекунанд ва наметавонанд тамоми ин хидматҳоро ба тариқи табарруъ анҷом диҳанд. Бинобар ин, намешавад кафлатро танҳо як ақди табаррруъ номид, балки дар ин замон як навъ муомалаи молӣ қарор гирифтааст, ки тоҷирон ба он ниёз доранд хусусан дар тиҷоратҳои байни давлатӣ.
Аммо ин навъи истидлол намудан саҳеҳ нест, зеро агар ин намуд истидлол намудан дуруст бошад ,талаби музд дар ивази қарз ҳам дуруст мешавад. Зеро ин сухан айнан дар ақди қарз сидқ мекунад, агарчи қарз дар асл ақди табарруъ аст, локин дар ин замон асли асосӣ дар пешбурди тиҷорат қарор гирифтааст. Барои ин кор муассисаҳои мустақиле эҷод шудааст, ки бо ин ҳол касе қоил ба ҷавози талаби фоида дар ивази қарз нашудааст. Биноан, дархости аҷр ё ҳақмузд маҳз ба хотири кафолат дуруст нест ва ин ҳукм мустанад бо нас (матни шаръӣ) аст ва уммати исломӣ бар ин иҷмоъ доранд. Пас мо наметавонем насро нодида бигирем ва аз доираи иҷмоъ берун шавем (“Буҳусун фи қазоёл фиқҳиятил муъосира”, саҳ. 21-23 ва “Алкафолат фи завъиш шариъатил исломия”, саҳ. 159-162).
Бадили исломӣ
Бонк ва ё муассисае, ки ин корҳоро анҷом медиҳанд метавонад музд ва ё аҷрро маҳз барои кафолат не, балки бо тарзи дигар талаб намояд.
Якум. Хароҷоте, ки ҳангоми содир намудани санади эътибор феълан анҷом медиҳад аз тарафи муомалааш талаб намояд.
Дуюм. Метавонад ин корро ба сифати вакил аҷом бидиҳад ва дар муқобили он музд талаб намояд, ё ба сифати далол ва ё миёнарав.
Сеюм. Дар ин муомала бо харидор шарик мешавад ва дар ин сурат бо харидор ҳам дар фоида шарик мешавад ва ҳам дар зиён. (Маъхазҳои собиқ).
Ҳукми аз байн рафтани пул ва ё баланду паст шудан қимати он
Дар ин масъала Имом Абуҳанифа ва имомайн бо ҳам ихтилоф доранд, ихтилофи эшон аз ин қарор аст. Шахсе молеро бо дароҳиме, ки ғолиби он ғайри нуқра бошад, харидорӣ намояд, пулро то ҳол ба фурушанда таслим нокарда буд, ки муомилот бо он пул матрук шавад. Дар ин сурат назди имом Абуҳанифа (р) агар мол дар дасти харидор боқӣ бошад онро ба соҳибаш пас гардонад, агар мол ҳалок шуда бошад мисл ё қимати онро ба соҳибаш баргардонад. Агар харидор молро қабз накарда бошад, муомала бекор мешавад.
Аммо назди имомайн муомала ботил намешавад, яъне ин муомала бар ҳоли худ боқист ва барои муштарӣ қимати он лозим мешавад. Бо ин ихтилоф, ки назди имом Абуюсуф (р) қимати рӯзи муомала ва назди имом Муҳаммад қимати рӯзе, ки он пул аз кор баромадааст ё замоне ,ки мардум муомала бо онро тарк намудаанд. Дар сурати боло рафтан ва паст шудани қимати фулус ҳам қимати рӯзи муомила ва рӯзи қабз лозим мешавад. Ин қавли Абуюсуф аст ва дар ҳар ду масала фатво ба қавли Абуюсуф аст (“Алфиқҳул ҳанафӣ фи савбиҳил ҷадид”, саҳ. 25-26). Зеро қавли Абуюсуф барои ба назар гирифтани ҷониби қарздиҳанда ва фурушанда беҳтар аст ва низ таъйини қимат дар ин сурат осонтар аст, зеро забти қимат дар рузи инқитоъ мушкил аст (“Радул мухтор”, ҷилди 4, саҳ. 176, ба ҳаволаи “Алфиқҳул ҳанафӣ фи савбиҳил ҷадид”, ҷилди 4, саҳ. 216-217).
Он аҳкоме, ки барои фулус баён шуд, бар авроқи нақдӣ ё суварӣ (пулҳои имрузӣ) мураттаб мешавад (“Шарҳи қавоъидил фиқҳия”, саҳ. 174 ба ҳаволаи “Алфиқҳул ҳанафӣ фи савбиҳил ҷадид”, ҷилди 4, саҳ 27).
Муомила ба тариқи таъотӣ
Ин навъи муомаларо ба се сурат метавон баён намуд.
Якум. Харидор ва фурушанда бар қимате мувофиқат намуда, муомаларо анҷом медиҳанд. Ё ин ки қимати коло рӯи он навишта шудааст, харидор пулро тақдим намуда молро мегирад.
Дуюм. Баъди мувофиқат намудан бар нархи муайян, харидор бидуни таслим намудани пул аз маҷлис ҷудо мешавад.
Сеюм. Баъди тавофуқ бар нархи муайян, пулро тақдим намуда. бидуни гирифтани коло маҷлисро тарк мекунад.
Бояд донист, ки шарти тавофуқ бар маблағи муайян,дар чизҳое аст, ки қимати онҳо мушаххас набошад (“Раддул муҳтор”, ҷилди 4, саҳ. 35).
Хариду фурухти коло дар марказҳои савдои бузург, савдои яклухт, ки ба тариқи китобат сурат мегирад бар ҳамин асос сурат мегирад (“Алфиқҳул ҳанафӣ фи савбиҳил ҷадид”, ҷилди 4, саҳ. 47 – 48 ва “Арравза”, ҷилди 4, саҳ. 5).
Ҳукми ин навъи муомала
Назди аҳноф, мазҳаби Имом молик ва бинобар қавли роҷеҳ дар назди ҳанобила ин муомаларо дар сурате, ки одат бар ин бошад ва ин ъамал далолат бар ризоият ва муъаббири иродаи ин ду бошад. Соҳиби “Ал-фиқҳул исломӣ ва адиллатуҳу” мефармоянд: “Муомалаи доду ситад (байъ) бар равише сурат гирад, ки далолат бар ризоияти тарафайн кунад, дуруст мешавад. Зеро мардум дар ҳар аср ин навъи муомаларо анҷом медоданд, бо вуҷуди ин аз касе инкори он нақл нашудаст, ки ин худ як навъ иҷмоъ аст (“Алфиқҳул исломӣ ва адиллатуҳу”, ҷилди 5, саҳ. 3313).
Муомала ба тариқи истиҷрор
Ин навъи муомила дар истилоҳи фуқаҳои мутаахир чунин таъриф шудааст. Шахсе эҳтиёҷоти худро аз тоҷирон бе он ки байни онҳо муомила ва ё иҷобу қабул сурат бигирад, андак - андак мегирад . Ин навъи доду гирифт ба ду тарз сурат мегирад.
Якум. Аввал аз тоҷире эҳтиёҷоти худро ба андозаи ҳоҷаташ андак - андак мегирад ва сипас маблағи онҳоро пардохт мекунад, ки инро дар истилоҳи фиқҳӣ истиҷрор ба самани муаххар мегӯянд.
Дуюм. Пулро қаблан ба тоҷир медиҳад ва баъдан эҳтиёҷоти худро аз он кам кам мегирад, ки инро дар истилоҳи фиқҳӣ истиҷрор ба самани муқаддам мегуянд.
Тарзи аввали ин навъи муомала дар “Дуррул-мухтор” чунин таъриф шудааст. Шахсе аз тоҷире эҳтиёҷоти худро ба қадри ҳоҷаташ гирифта баъд аз истифода намудани онҳо қимати онҳоро пардохт мекунад. Яъне шахсе бо соҳиби дуконе чунин қарор мегӯзорад, ки ҳар гоҳ ба чизе эҳтиёҷ пайдо намояд, аз соҳиби дукон дархост мекунад бидуни анҷом додани муомала ва ё доду гирифт, балки фурушанда бе баён намудани қимат, дархости ӯро иҷро мекунад. Он шахс амволро истифода намуда ва дар охири ҳар моҳ масалан пули онҳоро ҳисоб намуда, ба дукондор пардохт мекунад.
Зимнан бояд гуфт, ки ин навъи муомала мухолифи қаводи маъруф дар байъ аст, зеро агар гуфта шавад,ки муомала замоне мунъақид мешавад, ки харидор молро аз дукон бармедорад, дар ин сурат ин муомалаест, ки бо маблағи номаълуме (маҷҳул) анҷом шудааст. Чунки дар ин сурат на дар байни ин ду мол нархгӯзорӣ шудааст ва на навъи пул баён шудааст. Агар гӯфта шавад, ки муомала дар вақти тасфияи ҳисоб мунъақид мешавад, дар ин сурат вақти тасфияи ҳисоб мол маъдум ва ҳалок шудааст.
Ва илова бар ин, дар ин сурат ду маҳзур вуҷуд дорад. Якум, харидор пеш аз инки молро харидорӣ намояд, онро ҳалок намудаст. Дуюм, муомала дар чизе сурат гирифта, ки дар вақти муомала вуҷуд надорад.
Ҳукми ин навъи муомала
Имом Молик (дар “Муватта”, ҷилди 5, саҳ 15) аз истиҷрор ба самани муқаддам ёдовар шудааст ва онро мамнуъ қарор додааст. Аз баёни ӯ бармеояд, ки иллати мамнуъияти ин навъи муомала назди онҳо ба хотири номаълум будани саман (пул) мебошад. Бинобар ин, фарқе байни истиҷрор ба самани муқаддам ва истиҷрор ба самани муаххар дида намешавад. Аз ин хотир моликиҳо дар ин масъала бо аксари шавофиъ ҳамфикранд.
Аммо ҳанобила дар ин маврид ,аз онҳо ривоёти мухталиф аст. Дар ривояте, ки бар ҷоиз будани ин навъи муомала ишора мекунад, маълум мешавад, ки ин муомала дар сурате дуруст мешавад, ки бар асоси нархи бозор сурат бигирад. Хулоса назди ҳанобила ду ривоят вуҷуд дорад (“Буҳусун...”, саҳ. 62-63).
Аммо фуқаҳои мутааххири аҳноф бар ҷавози ин навъи муомала фатво додаанд (“Дуррул мухтор” маъа “Раддул муҳтор”, ҷилди 4, саҳ. 516 ва “Баҳрур роиқ”, ҷилди 5, саҳ 259).
Дар ин тарзи муомала (истиҷрор бо самани муаххар) се эҳтимол вуҷуд дорад.
Якум. Замоне , ки харидор молеро аз тоҷир мегирад, тоҷир қимати онро баён мекунад ва ё ин ки қимати он мол барои ҳар ду тараф маълум аст. Дар ин ҳолат назди ҷумҳур, ки қоил ба ҷавози муомала ба тариқи муъотот мебошанд, ихтилофе вуҷуд надорад ва харидор ҳар вақте, ки аз тоҷир молеро мегирад, муомала мунъақид мешавад ва баъди анҷом гирифтани маҷмуъае аз муомалот дар ниҳояти моҳ, масалан муҳосаба сурат мегирад.
Дуюм. Қимати чизҳоеро, ки харидор мегирад аз тарафи тоҷир дар ҳар мартаба баён намешавд, вале ҷонибайн тавофуқ мекунанд, ки харидор ҳар чизеро, ки аз тоҷир мегирад, қимати онҳоро бо нархи бозор пардохт мекунад. Дар ин ҳолат ҷавози ин муомала мавқуф бар ҷавози байъ бо нархи бозор аст. Маъруф назди аиммаи арбаъа (чаҳор имом) ин аст, ки байъ бо нархи бозор дуруст намешавад, магар дар сурате, ки қимати коло дар маҷлиси ақд барои фурушанда ва харидор маълум карда шавад (“Раддул муҳтор”, ҷилди 4, саҳ. 529 ва “Алмаҷмуъу фи шарҳил муҳаззаб”, ҷилди 9, саҳ. 365- 366).
Инро ҳам бояд тазккур дод, ки дар мазҳаби имом Шофеъӣ ва мазҳаби имом Аҳмад (р) ривоёте вуҷуд дорад, ки байъро бо нархи бозор иҷозат медиҳад. (Ривояти мазҳаби шавофиъӣ дар “Алмаҷмӯъ”, ҷилди 9, саҳ. 360 ва ривояти ҳанобила дар “Эъломул муқиннин”, ҷилди 4, саҳ. 4 нақл шудааст.)
Муфти Муҳаммад Тақӣ (ҳ) мефармояд: “Баъд аз баррасии каломи фуқаҳо ва далоили онҳо дар ин маврид маълум мегардад, ки амволе, ки ба фуруш гузошта мешаванд бар ду қисм анд. Аввал, молҳое, ки нархҳои мутафовит доранд, мушаххас намудани қимати онҳо бо як меъёри муайян мумкин нест, баъзе тоҷирон бо як нарх ба фуруш мегӯзоранд баъзе бо нархи дигар. Биноан касоне, ки муомала бо нархи бозорро дуруст намедонанд манзури онҳо муомала дар ин намуди молҳо аст, зеро вақте нархи бозор барои ҷонибайн маълум набошад, пул номаълум боқӣ мемонад, ки мунҷар ба низоъи тарафайн мешавад. Қисми дигар молҳоеанд, ки нархи онҳо аз ҳамдигар фарқ намекунанд, балки қимати ягона доранд ва барои ҳамагон нархи онҳо маълум аст ва эҳтимоли хато ва низоъ дар онҳо ёфт намешавад. Касоне, ки муомала бо нархи бозорро ҷоиз медонанд, манзури онҳо муомала дар ин нумуди ашё мебошад. Ибни Ҳумом (дар “Фатҳ”, ҷилди 5, саҳ. 467) ва Ибни Обидин (дар “Раддул муҳтор”, ҷилди 4, саҳ 529) ба ин навъи муомала ишора намудаанд. Ибораи “Фатҳ”: “Ва казо ло яҷуз бимисли мо ябиъун носу, илло ай якуна шайан ло ятафовату кал хубзи вал лаҳми.”
Бо он тафсилоте, ки дар тарзи дуввуми истиҷрор ба самани муаххар дода шуд, маълум гардид, ки моле ки дар бозор нархи муайяну мушаххас дорад, муомала замоне мунъақид мешавад, ки харидор молро аз дукон бармедорад. Вале дар сурати надоштани нархи муайян муомала ҳангоми гирифтани мол аз дукон мунъақид намешавад, балки то замони тасфияи ҳисоб фосид боқӣ мемонад.
Ҳолати саввум молҳое, ки харидор аз дукон бар медорад, нархи онҳо барои тарафайн маълум нест, муомала ҳам бар асоси нархе, ки дар бозор аст анҷом намегирад. Дар ин ҳолат шакке нест, ки пули молҳои гирифта шуда маҷҳул (номаълум) аст ва ин амал бисёр вақтҳо мунҷар ба низоъ ҳам мешавад. Бинобар ин, муомала замони гирифтани мол аз дукон мунъақид намешавад ва то вақти ҳисоб баробаркунӣ фосид боқӣ мемонад. Дар ин маврид фуқаҳои мутааххири аҳноф чунин мефармоянд, ки агар дар вақти тасфияи ҳисоб тарафайн бар як нархи муайян тавофуқ намоянд, муомала дуруст мегардад (“Буҳусун...”, саҳ. 62-68).
Хулосаи Ҳукми истиҷрор ба самани муаххар
Якум. Агар тоҷир нархи ашёро замоне, ки харидор аз дукон бармедорад, баён намояд дар ин сурат муомала ҳамон вақт мунъақид мешавад ва дар ниҳояти ҳар моҳ масалан тасфияи ҳисоб сурат мегирад. Дар ин маврид касоне, ки байъи муъототро ҷоиз медонанд ин муомаларо ҳам саҳеҳ медонанд.
Дуюм. Тоҷир нархи молҳояшро замоне, ки харидор онҳоро аз дукон бармедорад баён намекунад, балки тарафайн бо ҳам тавофуқ мекунанд, ки муомила бар асоси нархи дар бозор буда анҷом дода мешавад. Ва амволе, ки харидор аз дукон гирифтааст нархи онҳо дар бозор як меъёри муайян доранд, ки дар таъйини он ихтилоф пеш намеояд.Дар ин сурат ҳам муомала замоне мунъақид мешавад, ки харидор молро аз дукон бармедорад. Тоҷир нархи ашёро замоне, ки харидор онҳоро аз дукон бармедорад маълум намекунад ё ҳарду иттифоқ мекунанд бар ин ки амволи гирифта шуда бар асоси нархи бозор ҳисоб карда мешаванд, вале қимати онҳо дар бозор ниҳоят мутафовит аст, ки дар таъйини он имкони пеш омадани ихтилоф вуҷуд дорад. Дар ин сурат муомала дар вақти гирифтани коло аз дукон мунъақид намешавад, балки замони тасфияи ҳисоб мунъақид мешавад ва ба замоне, ки харидор молҳоро аз дукон бардоштааст нисбат дода мешавад ва тасарруфи харидорро дар он амвол аз ҳамон замон дуруст ҳисобида мешавад (“Буҳусун...”, саҳ. 680).
бознашр аз nahzat.tj